Вобаста ба он ки шумораи маъюбон тавассути никоҳи хешутаборӣ дар ҳоли афзоиш аст, аз моҳи январи соли 2016 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи он никоҳи хешутаборӣ манъ мебошад.
Ба қавли коршиносони масоили оилавӣ, сабаби никоҳи хешутаборӣ натанҳо анъанаву мушкилоти молиявии баъзе аз оилаҳост, балки омилҳои дигар низ дорад. Аз ҷумла, зиндагӣ дар деҳоти дурдаст, ки интихоби ҳамсарро душвор мегардонад. Дар шароити имрӯза на бояд ин масъаларо мушкилии асосӣ шуморид. Имрӯз сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо метавонанд аз дилхоҳ гӯшаи дурдасти кишвар барои худ ҳамсар ё шавҳар интихоб кунанд. Мушкилии роҳ қариб, ки вуҷуд надорад. Пас, набояд дурии роҳро баҳона карда, ба он амале даст занем, ки оқибати нохуб дорад. Баъзан шаҳрвандон мегӯянд, ки гӯё аз оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ огоҳӣ надоранд. Имрӯз васоити ахбори электронӣ пеш рафтааст ва намояндагони илми тиб аз тариқи он ҳамагуна иттилоотро ба аҳолӣ пешниҳод мекунанд. Аз ин рӯ, бетарафиро интихоб кардан, аз ҷомеа дур будан аст. Илова бар ин, солҳои охир гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбута ташкил гардид, ки аз оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ миёни аҳолӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамояд.
Дар илми тиб собит шудааст, ки дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ пас аз 4 - 5 насл, яъне тақрибан баъд аз 100 сол ҳамаи аҳолии як деҳот ба ҳамдигар мепайванданд. Ин амал метавонад таъсирашро барои ба дунё овардани шахсони солиму бошуур расонад. Никоҳи хешутаборӣ дар оилаҳо боиси пайдо шудани бемориҳои модарзодии системаи узвҳои ҳаракат, фалаҷ гардидани кӯдакон, гунгӣ, нобиноӣ, синдроми Клайнфелтер, синдроми Шерешевский - Тернер, синдроми Патау, синдроми Эдварс ва ғайра мегардад. Дар ин гуна оилаҳо мурда таваллудшавӣ ва фавти кӯдакон дар давраи аввали инкишоф, нисбат ба кӯдаконе, ки дар оилаҳои хешовандони дур ба дунё меоянд, ду маротиба зиёдтар аст.
Бояд таъкид кард, ки дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, дар баъзе аз давлатҳое, ки дини насронӣ дар онҳо роиҷ аст, никоҳи хешовандони наздикро иҷозат намедиҳанд. Дар Федератсияи Россия қариб, ки ин таомул вуҷуд надорад. Аз ҳама муҳим, алҳол барои тозаву солим нигоҳ доштани генофонди миллии худ роҳу тадбирҳои муфидро амалӣ карда истодаанд.
Мо чӣ кор карда истодаем? Биёед, сарҷамъона, дилсӯзона ва беғаразона андеша намоем. Зеро сухан аз хусуси ояндаи ҷомеа, давлат ва зиёдтар аз он, тозагӣ ва солимии генофонди миллат меравад.
Рӯзигул Розиқова,
омӯзгори биологияи мактаби №63-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр