Нашрияи Омӯзгор

Солимии кӯдак – сарвати миллат

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Дар замони мо ба масъалаи ғизои солим диққати зиёд додан зарур аст, аммо қисме аз волидайну омӯзгорон ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ менамоянд. Ғизои солим ба инкишофи ҷисмонии кӯдак ва қобилияти донишандӯзии ӯ мусоидат мекунад.

Дар синни мактабӣ ташкили реҷаи 5-каратаи ғизо тавсия дода мешавад. Фосилаи байни қабули ғизо бояд на зиёда аз 3-4 соатро ташкил кунад.

Қабули ғизои охирин бояд 2-3 соат пеш аз аз хоб рафтан  анҷом дода шавад. Ба сифати хӯроки шоми дуюм як соат пеш аз хоб рафтан кӯдак метавонад як стакон ҷурғот ё дигар маҳсулоти шириро истеъмол намояд.

Организми одам 70-80% аз об иборат мебошад, бинобар ин, барои таъмини фаъолияти ҳаёти муътадил ба ӯ зарур аст, талафоти моеъро барқарор намояд.

Реҷаи нӯшокӣ дар мактаб барои хонандагони синфҳои поёнӣ истифодаи ҳамарӯзаи 1,7-2 литр обро бе дарназардошти чойи нӯшида, афшӯра ё шӯрбо пешбинӣ менамояд.

Кӯдакони синнашон аз 12 боло ҳамчун калонсолон ба чунин миқдори об ниёз доранд ва ба ҳисоби миёна ба онҳо зарур аст то 2,2 литр об дар як рӯз нӯшанд.

Ҳангоми ба варзиш машғул шудан ё ҳарорати баланди ҳаво талаботи организм ба об зиёд мешавад. Аз ин рӯ, дар фасли тобистон истеъмоли обро ба 0,7-1,2 литр зиёд кардан мувофиқи мақсад аст. Аммо, нӯшидани миқдори зиёди об низ тавсия дода намешавад. Чунки зиёдшавии об барои организм бори гарон мешавад.

Мунтазам ба кӯдакон фаҳмондан зарур аст, ки об барои организм хеле муҳим аст ва оид ба фоидаи он нақл намудан мувофиқи мақсад мебошад. Ба онҳо ёдовар шавед, ки бо худ оби ошомиданӣ биёранд. Дар маҷлисҳои падару модарон волидайнро оид ба муҳимияти оби тозаю ошомиданӣ барои кӯдакон хотиррасон намоед.

Қоидаҳои одие мавҷуданд, ки таваккалияти бемориҳои меъдаю рӯдаро пешгирӣ мекунанд: дастҳоро тоза нигоҳ доштан, таомро дар зарфи покиза пешниҳод намудан, пеш аз истеъмол сабзавоту меваро тоза шустан.

Қоидаҳои асосии тозагӣ:

1). Пеш аз хӯрок дастҳоро шустан. Дастҳоро бо собун бо оби тоза, беҳтараш бо оби гарм шустан зарур аст. Пас аз шустан дастҳоро бо сачоқи тозаю хушк пок кардан зарур аст. Сачоқ бояд танҳо барои як нафар пешниҳод карда шавад. Дар акси ҳолат истифодаи сачоқи коғазӣ тавсия дода мешавад.

2). Меваю сабзавотро пеш аз истеъмол бо оби тоза шуста, онҳоро бо сачоқи коғазӣ ё пахтагин хушк намудан мумкин аст.

Организми мо ба маводи гуногуни чандирию энергетикӣ ниёз дорад. Норасоии моддаҳои ғизонок қобилияти ҷиддии халалдор кардани кори онро дар пай дорад.

Барои таъмини организм бо ҳама моддаҳои барои инкишоф зарур дар таомномаи ҳаррӯзаи кӯдак бояд маҳсулот ва таоми гуногуни гӯштӣ, моҳигӣ, ширӣ, ғалладона, сабзавоту мева мавҷуд бошанд.

Сабзавоту меваҳо

 Ғизои растанӣ организмро бо витамин ва нахҳои ғизоӣ таъмин мекунад, ки ба кори мунтазами рӯда боис мегардад. Ҳамчунин, табодули моддаҳоро муътадил карда, токсинҳоро меҷаббад ва онҳоро аз организм берун мекунад.

Дар таомномаи ҳаррӯзаи хонандаи синфҳои поёнӣ бояд 300-400 грамм сабзавот (бе дарназардошти картошка) ва 200-300 грамм меваю буттамева (беҳтараш дар намуди тару тоза) мавҷуд бошад. Бар замми ин, зарур аст, кӯдак сабзавоту меваҳои гуногунро истеъмол кунад, ки ҳар кадоми онҳо аз витамин ва моддаҳои минералӣ бой мебошанд.

Мавҷудияти сабзавоти тару тоза дар таомномаи кӯдак хеле муҳим аст. Бодиринг, помидор манбаи миқдори зиёди витаминҳо мебошанд. Дар намуди тару тоза сабзавот бештар қиматнокии ғизоӣ, витамин ва минералҳои худро нигоҳ медоранд.

Маҳсулот аз ғалладона

Маҳсулоти мазкур манбаи карбогидратҳо, сафедаҳо, минералҳо ва витаминҳо мебошанд. Махсусан, мавҷудияти моддаҳои фоиданок дар маҳсулоте, ки аз ғалладонаи комил - нон (хлеб)-и дурушт, патароқ, ярмаҳо ва ғайра хеле зиёданд. Дар қиёс бо орд ё ғаллаи коркардшуда, дар ғалладонаи комил витаминҳо, моддаҳои минералӣ, нахҳои ғизоӣ хеле зиёданд.

Нахҳои ғизоии ҳалнашаванда, дар роҳи меъдаю рӯда варамида ба ташаккули ҳисси серӣ мусоидат менамоянд ва боиси моторикаи рӯда гардида, бо ин эҳтимолияти қабзиятро паст мекунанд.

Гӯшт, паранда ва моҳӣ

Таомҳои аз гӯшт, паранда ва моҳӣ манбаи сафеда, витамини А, витаминҳои гурӯҳи В оҳан ва синк мебошанд.

Дар таомҳои аз моҳӣ тайёршуда витамини D, кислотаҳои равған ва йод мавҷуданд. Ҳамаи ин дар инкишофи организми кӯдак нақши муҳимро мебозанд. Дар байни намудҳои моҳиҳои тавсияшаванда- равғанмоҳӣ, суфмоҳӣ ва ғайра мебошанд. Дар ратсиони ғизои кӯдак мунтазам дохил кардани моҳиҳои консервонидашуда тавсия дода намешавад, чунки дар таркиби онҳо миқдори зиёди намак мавҷуд мебошад, ки метавонанд ба меъда ва рӯдаи кӯдак таъсири ангезишӣ расонанд.

Барои ғизои кӯдак истифодаи гӯшти гови камравған, гӯшти гӯсола, мурғ, мурғи марҷон тавсия дода мешавад. Гурда, ҷигар, дил ва каллапоча низ фоиданоканд.

Меъёри миёнаи шабонарӯзии  истеъмоли гӯшт ва паранда барои кӯдак 150-180 грамм, моҳӣ-50 граммро ташкил медиҳад.

Шир ва маҳсулоти ширӣ

Шир на танҳо манбаи сафеда ва равған, балки калсии ба осонӣ ҳалшаванда барои ташаккули бофтаҳои устухон зарур  низ мебошад.

Равғанҳои растанӣ ва чарбӯ

Ҳамарӯза хонанда бояд ҳамроҳ бо ғизо 20-40 грамм равғани маска, 5-15 грамм қаймоқ, 12-18 грамм равғанҳои растанӣ қабул намояд. Равғани растанӣ барои омехта кардани хӯришҳо, маска барои тайёр намудани бутерброд ва омехта кардани таомҳо  (шавла) истифода карда мешавад.

Об ва нӯшокиҳо

Хонандагон нисбат ба калонсолон фаъолноктар ва нисбат ба кӯдакони синни томактабӣ серҳаракат мебошанд, бинобар ин мебояд аз истеъмоли  миқдори зиёди нӯшокиҳои ширин (афшӯраҳои барқароршуда ва лимонадҳои истеҳсоли саноатӣ) канораҷӯӣ намоянд.

Бештар аз ҳама ба ратсиони хонанда нӯшокиҳои зеринро дохил менамоянд: чой, какао, компот, шир, афшӯраҳои мевагӣ.

Нӯшокиҳои газнокро аз ратсион пурра баровардан ва онҳоро гоҳ-гоҳ пешниҳод кардан беҳтар аст.

Таҳияи

Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш