Нашрияи Омӯзгор

«Омӯзиш барои ҳаёт»

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мавсими таътили хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми кишвар як қатор тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд-Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва ЮСАИД бо мақсади беҳтару хубтар ба роҳ мондани кори истироҳатгоҳҳо ва гузаронидани дарсҳои муносибати босалоҳият ба таълим дар заминаи истироҳатгоҳҳои «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода семинарҳои омӯзишӣ барои директорон, сармураббиён ва мураббиёни истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии озмоишӣ (пилотӣ) ташкил ва гузаронида шуданд. Бояд қайд кард, ки дар кори ин семинарҳо 106 нафар корманди истироҳатгоҳҳои озмоишии «Гагарин», «Офтобак»-и шаҳри Исфара, «Парвоз»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода, «Насими Ғунд»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, «Орзу» ва «Шарора»-и шаҳри Душанбе ширкат варзида, донишу маҳорат ва малакаҳои хешро такмил бахшиданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории ин дарсҳо ташаккули малакаҳои наврасон бо ҳамоҳангсозии маҷмӯи салоҳиятҳои асосӣ барои эҳтиёҷоти хонандагон бо мақсади бартараф намудани осебпазириҳое мебошад, ки наврасон метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд. Ба иштирокдорони семинар дар бораи чор андоза-«Омӯзиш барои ҳаёт», «Омӯзиш барои зиндагӣ», «Омӯзиш барои азхудкунии донишҳо» ва «Омӯзиш барои амал кардан» маълумоти зиёд пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, аз 20 то 22 июни соли равон дар 120 муассисаи таълимӣ (шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд) семинарҳо барои сармураббӣ ва мураббиёни истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ дар доираи лоиҳаи ЮСАИД «Ҳамроҳ бихонем» баргузор гардид.  Бояд қайд намуд, ки аз оғози мавсими истироҳат аз ҷониби марказ барои директорон, сармураббиён ва мураббиёни истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ, дар маҷмӯъ, 7 семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 350 нафар сармураббию мураббӣ ҷалб гардиданд ва ихтисоси худро такмил бахшиданд. Ҳамзамон, дастурҳои методӣ бо номи «Дастур барои мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои тобистона» дар доираи барномаи «Лаёқат» барои ташаккули салоҳиятнокии истироҳаткунандагони синфҳои 8-10 ва дастури методӣ «Барои инкишофи малакаҳои хониш дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ» омода ва дастраси роҳбарони истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ гардонида шуданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш