Маркази таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълим ва раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир, инкишофи эҷодии хонандагон ва муайян кардани ҷавонони лаёқатманд дар литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро баргузор намуд.
Иштирокдорони олимпиада аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика, химия, биология, таърихи халқи тоҷик ва физика донишу малакаи худро санҷиданд.
Пас аз таҳлилу баррасии ҳайати ҳакамон маълум гардид, ки дар сабқат бештар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷойҳои намоёнро сазовор гардидаанд. Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбии коллеҷи техникии назди ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ ҳар кадом соҳиби чор ҷойӣ гардиданд ва литсейи касбии махсуси маъюбон се ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.
Ғолибони озмун сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Абдуқодир МӮСОЕВ,
директори муассисаи таълимӣ – методӣ ва мониторинги сифати таълими Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр