«Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амалӣ ва татбиқ карда шавад.
Баҳри амалӣ намудани ин барнома бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 стандартҳо, роҳнамоҳои фанҳо, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҷдиди назар гардиданд. Соли ҷорӣ омӯзгорони фанҳои табиӣ ва технологияи информатсионии муассисаҳои таҳсилоти умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз курсҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим гузаронида шуданд. Таҳсилоти босифат хусусияти амалӣ дошта, таваҷҷуҳи асосиро ба методҳои фаъоли таълимие равона кардааст, ки ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон ба эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ, маҳорати омӯзиш, коммуникативӣ ва ҳамкорӣ равона шудааст. Барои амалӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълим аз фанни технологияи иттилоотӣ намунаи як вазъияти таълимиеро дида мебароем, ки мувофиқи мақсадҳои дарси ҳозиразамон аст. Ин вазъияти таълимӣ «Ҷадвали консептуалӣ» ном дорад. Барои ташкили «Ҷадвали консептуалӣ» аз омӯзгор дониши зарурӣ талаб карда мешавад, ки дониш, маҳорат, малака, истеъдоди худро дар ҳаёт татбиқ карда тавонад.
Мақсади асосии истифодаи вазъияти таълимӣ ба номи «Ҷадвали консептуалӣ» дар дарсҳо аз он иборат аст, ки ин ҷадвал дар хонандагон маҳорат, малака, водоркунӣ ва дарккуниро ташаккул медиҳад, қобилияти эҷодкории онҳоро сайқал дода, салоҳиятнокии онҳоро нишон медиҳад ва арзёбии ташаккулдиҳандаи онҳоро дуруст ба танзим медарорад. Саволе ба миён меояд, ки ин вазъияти таълимӣ дар кадом лаҳзаи дарс истифода бурда мешавад? Ин вазъияти таълимӣ дар аввали дарс ва дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ истифода бурда мешавад. Бо мақсади такрор ва мустаҳкам намудани донишҳо метавонем баъди ҷамъбасти ҳар мавзӯъ ё ҷамъбасти ҳар боб барои хонандагон ҷадвалҳои консептуалиро тартиб диҳем. Ин ҷадвалро омӯзгор бояд пешакӣ чунон тартиб диҳад, ки ҳамаи истилоҳот, мафҳумҳо ё зуҳурот бо ҳам алоқаманд буда, барои хонандагон донишҳои тайёрро пешкаш накарда, онҳоро водор месозад, ки худашон ин донишҳоро аз маводи таълимӣ ва аз ҳаёт биомӯзанд ва роҳҳои беҳбудӣ, такмилу инкишофдиҳиро ҷустуҷӯ намоянд. Баъди ташкили ҷадвал аз тарафи омӯзгор супоришҳои таълимии мавзӯъ таҳия карда мешаванд.
1. Супоришҳои таълимӣ:
- хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо карда,бе истифодаи китоби дарсӣ ё маводи таълимӣ ҷадвалро пур кунанд.
- гурӯҳҳо ҷадвалҳои консептуалии пуркардаи худашонро бо дигар гурӯҳҳо иваз намоянд ва ҳамдигарсанҷиро бо истифодаи китоби дарсӣ гузаронанд.
- муҳокимаи натиҷаи кори анҷомдодашуда арзёбӣ ва кор бо хатогиҳо иҷро карда шавад.
Барои ҳамин намунаеро пешкаши омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ мекунем, ки метавонанд ҳамчун роҳнамои методӣ дар дарсҳои худ мавриди истифода қарор диҳанд.
Бахтовар ДАВЛАТҚАДАМОВ,
омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Рӯшон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр