Ба мо маълум аст, ки адабиёт, пеш аз ҳама одамиятро меомӯзад. Ҳар як дарси адабиёт бояд хонандагонро дар рӯҳияи инсонгароӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва дорои хулқу атвори хуб будан тарбия намояд. Имрӯз хонанда дар баробари азёд гуфтани шеър, нақли рӯзгори шоирон ва ҳикояҳо, бояд ба мазмуни он сарфаҳм рафта, ба хулосаи зарурӣ ояд. Ӯ бояд бадро аз нек, дурӯғро аз рост, ҳаромро аз ҳалол, сулҳро аз ҷанг, тарсончакиро аз нотарсӣ, ҷавонмардиро аз хасисӣ фарқ карда тавонад. Хонандаи имрӯз бояд маънои «Ватан», «сулҳ», «истиқлол», «ваҳдат», «миллат» - ро дарк намояд.
Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки ба дараҷаи фикрронию таҳлилии хонанда баҳо диҳем.
Ҳоло як соати дарси адабиёт-ро дар синфи 5, ки ба таълими босалоҳият нигаронида шудааст, пешкаши ҳамкасбонн менамоям:
Мавзӯъ: Камолиддини Биноӣ. Ҳикояҳо аз маснавии «Беҳрӯз ва Баҳром»
Салоҳиятҳо: а) ибрат гирифтан аз хислатҳои шоистаи нависанда; б) дарк кардани хислатҳои бад ва ҳазар кардан аз ҳамнишини бад, оқибати рафтори ношоям.
Мавзӯи дарси навро дар тахтаи синф навиштам: «Камолиддини Биноӣ ва таҳлили ҳикояҳо аз маснавии «Беҳрӯз ва Баҳром».
Сипас ба хонандагон супориш додам, ки ҳама мустақилона дар муддати 5 дақиқа матни зиндагиномаи К.Биноиро мутолиа намоянд.
Дар лаҳзаи мутолиа хонандагон аз усули «Хӯшаҳо» истифода бурда, дар маркази тахтаи синф доирае кашидам ва дар дохили он «Камолиддин Биноӣ» навиштам ва ба хонандагон саволҳо пешниҳод кардам.
Дар ин лаҳза ба хонандагон гуфтам, чӣ хеле ки мо фаҳмидем, Биноӣ асарҳои зиёд навиштааст. Яке аз асарҳои ӯ маснавии «Беҳрӯз ва Баҳром» мебошад. Ҳоло мо аз ин асар ҳикояеро бо номи «Ҳамнишини бад» мутолиа мекунем.
Ҳикояро бо оҳанги муассир хондам. Сипас, калимаҳои нофаҳморо дар тахта навишта, муродифҳояшонро сабт намудам;
Анъом – монанди чорпоён
Анъом – чорпоён
Сиъоб – дарандагон
Авбош – дузд, беҷогард, беадаб
Муфсил – вайронкор
Золим – зулмкунанда, бераҳм
Абадуддаҳр – ҷовидон, доимо
Хонандагонро хоҳиш намудам, ки мустақилона ҳикояро хонанд.
Сипас, ба ҳар гурӯҳ дутоӣ савол пешниҳод намудам:
1) Чаро Беҳрӯз аз дидани рафиқони Баҳром нороҳат шуд;
2) Сифатҳои ҳамнишинони Беҳрӯзро ҳикоя кунед.
3) Чаро одам бо одамони бад шинад, бад мешавад?
4) Маънои зарбулмасали «Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ, бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ»-ро шарҳ диҳед.
5) Андешаатонро дар бораи одамони бад гӯед
6) Золим чӣ гуна одам аст?
Ҷавобҳои хонандагонро ҷамъ-баст намуда, бори дигар мазмуни ҳикояро фаҳмондам ва супориш додам, ки дар хона аз рӯйи мавзӯи «Адаб тоҷи сари инсон аст» эссе нависанд.
Саид АЗИЗМУРОДОВ,
омӯзгори мактаби рақами 41-и
ба номи С.Атобулло,
шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр