Нашрияи Омӯзгор

Забони модарӣ дар мадди аввал

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” ва дубора қабул гардидани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули тафаккури забономӯзӣ ва дар рӯҳияи ахлоқи умумибашарӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол замина мегузорад.

Забондонӣ неруи инсон аст. Лекин дар ин масъала нуктаи нозуке ҳам ҳаст, ки набояд онро сарфи назар кард. Ҳар як шаҳрванди мамлакати мо бояд хуб дарк кунад, ки дар роҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамон вақт комёб мешавад, ки аввал забони модарии худро ба таври шоиста омӯзад.

Ҳаминро бояд зикр намоем, ки бисёре аз ҷавонони мо пас аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ бо забони модарӣ дуруст сухан гуфтанро  фаромӯш мекунанд ва ё шикастаю нодуруст ҳарф мезананд. Ин ҳолати ногувор ба шаъну обрӯи ҷавонони мо, ки ояндаи кишвар ба онҳо вобаста аст, намезебад. Онҳо бояд, пеш аз ҳама ҳомии забони модарии худ ва тарғибгари фарҳанги миллиашон бошанд. Такроран зикр месозем, ки зарурати дарки ин ҷиҳати масъала ҳам барои падару модар ва ҳам барои омӯзгорон ниҳоят муҳим аст.

Забонҳо мисли пул халқҳову миллатҳоро ба ҳам мепайванданд. Дониши андухтаи ҷавонони миллат бояд сипари фарҳанги миллат бошад. Агар мо, омӯзгорон, моҳияти ин мавзӯи ниҳоят муҳимро ба насли ҷавон фаҳмонда тавонем, ҳатман муваффақ хоҳем шуд.

Аз ин рӯ, ташкил намудани дарсҳои иловагии забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба таҳкиму робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ тарбия ёбад.

Умуман, забондонӣ инсонҳоро ба ободониву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекунад ва дӯстиву ҳамкории байни халқҳову кишварҳоро мустаҳкам менамояд.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

 

Шаҳрбону Одиева,

 Назокат Шоева,

устодони кафедраи забонҳои

 ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш