Таълими мавзӯъҳо аз фанни забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат гирифта, дар баёну тавзеҳи мазмуну моҳияти матнҳо (ҳикояву шеър, ривояту афсона) ва таҳлили грамматикии он аз омӯзгор лаёқату маҳорати баланд талаб карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳангоми гузарондани дарсҳо аз ин фан аз усули муносибати босалоҳият ба таълим истифода карда мешавад, ки айни муддаост. Таври мисол, дар баёни мавзӯи «Устоамак» дар синфи чорум вобаста ба таълими пайвандакҳо метавон аз ин усули дарсӣ эҷодкорона истифода кард. Албатта, то чӣ андоза шавқовару ҷолиб ва ҳадафмандонаю муассир гузаштани дарс ба омӯзгор ва аз корбурди методу шеваҳои гуногуни таълимӣ вобастагии амиқ дорад. Дар матни «Устоамак» тибқи супориши китоб ҳунари Устохоҷа баъди мутолиаи порча аз «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айни муайян карда бояд шавад. Аз мутолиаи матн, ки хонандагон бо нав-бат анҷом медиҳанд, маълум мегардад, ки Устоамак устои ҳунарманд буда, аз нақли нависанда «дар ҳавлии беруни худ, зери айвончае дарсозӣ мекард: дарҳое ки вай месохт, аз чӯби гуҷум буд. Ӯ тахтаи чӯби гуҷумро чунон сайқал мезад, ки акси ҳар чиз, ба тарзи хира бошад ҳам, аз вай намуда меистад. Дар он тахтаҳои сахт, ки онҳоро «тахтаҳои оҳанин» номидан мумкин аст, бо қаламҳои пӯлодини гуногуни худ кандакорӣ мекард. Пас аз хондани матн ба хонандагон супориш медиҳем, ки аз он тасвири чеҳраю қиёфаи Устоамакро дарёфта, таҳлил намоянд. Хонанда ба зудӣ матлабро дарк карда, ин тасвирро ба самъи ҳамсинфонаш мерасонад: «Ӯ (Устоамак) одами пешонакушода, хушзабон, хушмуомила ва як дараҷа ширинкор ҳам буд. Асло калонгариро намедонист, аз калону хурд забони хуши худро дареғ намедошт, худро бо ҳама баробар мегирифт. Ба суолҳои дигар, аз қабили «Устохоҷа, ба кадом кор машғул буд?», «Вай дарҳоро аз кадом чӯб месохт?» «Чаро барои сохтани дар маҳз ҳамин чӯбро истифода мебурд?» ва «Кори Устохоҷа ба назари муаллиф чӣ хел менамуд?» ба шогирдон муроҷиат мекунем ва онҳо як - як ба ин суолҳо посухҳои мушаххас медиҳанд.
Дар китоб супориши дигаре пешниҳод шудааст. Аз матн хислатҳои хуби инсонӣ ва меҳнатдӯстии Устоамакро ёфта нависед. Ҳамчунин, аз банди аввали матн ҷумлаеро нависед, ки пайвандаки «ва» дошта бошад.
Хонандагон ҷумлаеро, ки пайвандаки «ва» дорад, ёфта менависанд, ки ин аст:
«Нақшҳои кандакории вай чунон нозук ва хушнамо буданд, ки гӯё наққошони забардаст бо қалами мӯин дар қоғаз он нақшҳоро кашида бошанд». Дар зимн таърифи пайвандакҳо ба хонандагон аз ҷониби омӯзгор баён мегардад.
Калимаи «ва» пайвандак аст. Пайвандаки «ва» калима, ибораҳо ва ҷумлаҳоро бо ҳамдигар алоқаманд мекунад. Мисол: Дар домани кӯҳ гулҳои хайрӣ, бобуна ва дигар гиёҳҳои хушбӯй ба чашм мерасиданд. Ба хонандагон баъд аз иҷрои машқҳои ҷойдодашудаи китоб дар хона супориш пешниҳод мегардад:
«Дар бораи касби дӯстдоштаи худ ҳикоя нависед, ки он аз 30-35 калима кам набошад». Мавзӯи дарсии оянда идомаи ҳикояи «Устоамак» - «Дувоздаҳгиреҳ» мебошад. Матни мазкур, ки ҳамроҳ бо хонандагон хондаву нақл карда мешавад, аз нозукию ҷузъиёти ҳунари кандакорӣ, ки Устоамак ин пешаро аз гузаштагону хешовандонаш омӯхта, худ ҳунарманди чирадасте гардида буд, маълумот медиҳад. Чаро матн «Дувоздаҳгиреҳ» номида шудааст? Ба ин суол хонандагон аз ҳикоя чунин посух медиҳанд:
«Устоамак як нақшаро, ки дар коғазе кашида шуда буд ва ман нишон дода, гуфт:
-Ин нақшро дувоздаҳгиреҳ меноманд,- ва коғази дигареро ба ман дода, илова кард: - ин ҳамон дувоздаҳгиреҳ аст, фарқ дар ин ҷост, ки дар ин коғаз дар байни гиреҳҳои дувоздаҳгона ситораҳо ва бодомчаҳо нақш ёфтаанд…»
Пас аз мутолиаву нақши матн хонандагон луғатҳои душворфаҳмро дар дафтарашон менависанд: ҷузвгир-ҷузвдон, назаррабо-дилкаш, зебо, дувоздаҳгиреҳ - номи нақше, ки дар чӯб канда мешавад, дуредгарӣ-чӯбтарошӣ, бинокорӣ, кандакорӣ- наққошӣ дар чӯбу санг, ривоҷдиҳанда-касе, ки сабаби рушд ва пешрафти коре мешавад.
Ба ин тариқ, шавқовару рангин гузаштани дарс ба хонандагон имконият медиҳад, ки ба мутолиаи асарҳои бадеӣ рағбату меҳр пайдо кунанд ва баҳри омӯхтани қоидаҳои сарфу наҳв саъй намоянд.
Ҷумъашо Шоев,
Латофат Каримова,
омӯзгорони мактаби №19,
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр