Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба дуруст банақшагирии дарсҳои кушод ва ба таври самарабахш гузаронидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Дар бештари мактабҳо маъмурият, роҳбарони кабинетҳои фаннӣ ва иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ дарсҳои кушодро аз дарсҳои намунавӣ фарқ карда наметавонанд.
Аслан дарси кушод воситаи тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, натиҷаи сифатнокии корҳои методии омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба раванди сифати таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Мақсади баргузории дарсҳои кушод ин назорати раванди сифати таълим ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон мебошад. Омӯзгороне, ки дарси кушодро мегузаронанд, пеш аз ҳама аз арзёбии технологияи муосир, усулҳои фаъол ва татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим бояд хабардор бошанд. Пеш аз ҳама, дар аввали соли таҳсил раиси Шӯрои методӣ (муовини директор оид ба кори таълим)-и муассиса ҷадвали баргузории дарсҳои кушодро тартиб дода, барои тасдиқ ба директори муассиса пешниҳод мекунад. Дар аввали соли таҳсил раиси Шӯрои методӣ бояд омӯзгоронро бо дарсҳои кушод шинос намояд. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳолатҳое рух медиҳанд, ки дарсҳои кушодро ба зиммаи омӯзгорони ҷавон мегузоранд, аммо ин бар хилофи «Тартиби баргузории дарси кушод дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-07-2014, №15/11 тасдиқ шудааст, мебошад. Дар банди 2, зерхати 2.3-и ин тартиб қайд карда шудааст, ки ҳангоми таҳияи нақшаи баргузории дарси кушод, дар навбати аввал гузаронидани дарси кушодро ба зиммаи омӯзгорони ботаҷриба ва эҷодкор мондан ба мақсад мувофиқ аст. Омӯзгорони ҷавон ба шарте ба гузаронидани дарси кушод ҷалб карда мешаванд, ки агар онҳо пешниҳоди ҷолиб ва навовариҳои педагогӣ дошта бошанд. Хуб мешавад, ки дар байни омӯзгорони ботаҷриба реҷаи гузаронидани дарсҳои кушод баробар тақсим карда шаванд. Ғайр аз ин, омӯзгор мавзӯи дарси кушодро мустақилона худаш интихоб менамояд, на ин ки ба таври иҷборӣ аз тарафи маъмурият ба ӯ дода шавад. Барои гузаронидани дарси кушод ба талаботи мазмуни дарс аҳамияти ҷиддӣ додан даркор аст. Барои ин ҳар як дарси кушод дар худ тартиб ва бобҳои муайянро дорад. Аммо ҳангоми мушоҳидаи ҳуҷҷатгузории имрӯзаи дарсҳои кушод маълум мешавад, ки тартиби он дар ягон муассисаи таълимӣ дуруст ба танзим дароварда нашудааст.
Барои омӯзгорон зарур аст, ки як ҳафта пеш аз гузаронидан ва баргузории дарсҳои кушоди худ тайёрии хуб бинанд ва аз ҷониби муассиса ҳаматарафа бо маводи конселярии зарурӣ таъмин гарданд. Омӯзгор ва роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ як ҳафта пеш аз баргузории дарси кушод муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбияро дар хусуси баргузории дарси кушод бояд огоҳ намояд. Дарси кушод дар асоси татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим бояд гузаронида шавад, на ин ки бо усулҳои анъанавӣ. Тавсияҳои методие, ки ба омӯзгорон дода мешаванд, дар ҷаласаи иттиҳодияҳои методии омӯзгорони фаннӣ муҳокима карда шуда, барои тасдиқ ба Шӯрои методӣ пешниҳод карда мешаванд. Дарси кушод дар синф-кабинете баргузор мегардад, ки мувофиқи шароити ҳар як муассиса ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ба дарси кушод падару модарон, раисони кумитаҳои синфӣ ва роҳбарони синф даъват шуда, барвақт аз оғози дарс вориди синфхона шуда, дар он тавре ҷо ба ҷо шаванд, ки диққати хонандагон ба онҳо равона нашавад, одоби педагогиро дар синфхона риоя кунанд, ба раванди дарс халал нарасонанд, дар ҳузури хонандагон муносибати худро ба дарси омӯзгор дуруст ифода намоянд. Баъди анҷоми дарси кушод вобаста аз вақти омӯзгор, муовинони директор оид ба кори таълим ва даъватшудагон таҳлили дарси кушодро ба роҳ мемонанд. Рафти таҳлил ва муҳокимаи дарси кушодро роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ назорат менамоянд. Дар муҳокима бояд омӯзгоре, ки дарси кушодро гузаронидааст, омӯзгорони даъватшуда, роҳбари иттиҳодияи методӣ, муовини директор ва роҳбари гӯша ё кабинети методӣ иштирок менамоянд. Дар оғози таҳлил сухани аввалин ба омӯзгоре, ки дарси кушод гузаронидааст, дода мешавад. Омӯзгор ба мақсадҳо расидан ва нарасидани худро баррасӣ мекунад. Баъди он навбат ба навбат даъватшудагон тамоми муваффақиятҳо ва норасоиҳои дарсро мавриди муҳокима қарор дода, тавсияҳои худро пешниҳод мекунанд. Дар анҷоми таҳлил роҳбари иттиҳодияи методии фаннӣ ва муовини директор оид ба кори таълимӣ муҳокимаро ҷамъбаст мекунанд ва ба методу усулҳои дар дарс истифодашуда баҳо медиҳанд. Баъд аз суханронии муовини директор сухани ҷамъбастӣ ба омӯзгоре, ки дарси кушод гузаронидааст, дода мешавад. Вай дар хусуси эродҳои ҳамкасбон фикри худро доир ба норозӣ будан ва ё набуданаш иброз менамояд.
Натиҷаҳои дарсҳои кушод дар Шӯрои педагогии муассисаи таълимӣ ба самъи тамоми кормандони педагогӣ расонида мешаванд. Агар параметрҳои дарсҳои кушоди омӯзгор қобили қабул ё мусбӣ бошанд, ба қарори Шӯрои педагогӣ пешниҳоди амиқ баррасӣ шуда, барои таблиғ кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгор дархост карда мешавад. Нақшаи дарсӣ аз омӯзгоре, ки дарси кушод гузаронидааст, барои истифодаи ҳамкасбон ва омӯзгорони ҷавон ҳамчун намуна пешниҳод карда мешавад.
Бахтовар Давлатқадамов,
мудири кабинети методии шуъбаи
маорифи ноҳияи Рӯшон,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр