Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар байни кӯҳҳои Пистамазор ҷойгир шуда, соли 1975 барои 120 нафар хонанда сохта шудааст, - мегӯяд директори мактаб Хоҷа Шарифов. Раванди таълиму тарбия дар муассиса дар ду баст ташкил карда шудааст.
Ҳарчанд синфхонаҳо бо васоити аёнию техникӣ ҷиҳозонида шуда бошанд ҳам, аммо ҳаҷми онҳо ба талабот (ғайристандарт) ҷавобгӯ нестанд, яъне синфхонаҳо барои 10-15 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Х. Шарифов аз давраҳои аввали роҳбарии худ ёдовар шуда, мегӯяд, ки воқеан, мушкилоту камбудиҳои зиёди мактаб барояш душвориҳо эҷод мекарданд. Директори ҷавон бо маслиҳату пешниҳоди устодон ҷамъомаду вохӯриҳоро бо волидони хонандагон доир намуда, сари мушкилоти мактабу хонандагон маслиҳат мепурсид. Давра ба давра камбудиву норасоиҳои мактаб пушти сар шуданду таъмини сифати таҳсилот ба маротиб боло рафт ва мактаб дар сафи муассисаҳои пешқадами шаҳри Кӯлоб ҷойгир шуд. Айни ҳол дар таълимгоҳ кадрҳои соҳибкасби маълумоти олидор мерасанд. Соли хониши 2017-2018 19 нафар муассисаро хатм карда, 16 нафари онҳо аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳ-силоти олии касбӣ дохил гардиданд. Дар соли хониши 2017-2018, агар 3 нафар хонандаи мактаб дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифта бошанд, пас, дар соли хониши 2018-2019 ин шумора ба 9 нафар расид. Сарвари мактаб Х. Шарифов дар озмуни вилоятии «Омӯзгори соли 2015» сазовори ҷойи сеюм гардидааст.
Солҳои охир шавқу ҳаваси духтарони деҳот барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ афзудааст. Ин натиҷагирӣ аз суҳбату вохӯриҳои доимии омӯзгорону маъмурияти мактаб бо падару модарони хонандагон ошкор гардид, - мегӯяд Х. Шарифов. - Имсол мактаби мазкурро 20 нафар хонандаи синфи 11 хатм мекунанд. 18 нафари онҳо барои идомаи таҳсил аз қайди ММТ гузаштанд. 5 нафар духтарону писарон барои гирифтани квотаи Проезидентӣ пас аз суҳбат барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтанд. Имрӯз 12 нафар хатмкунандаи мактаб аз тариқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии касбии кишвар таҳсил доранд. Ҳамкории коллективи омӯзгорони мактаб бо падару модарон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола ҷиҳати таъмир ва зимистонгузаронии мактаб аз ҳисоби падару модарон ва шахсони саховатпеша маблағи муайян ҷамъ мегардад. Соҳибкори деҳа Нуриддин Шарифов аз ҳисоби худ 13 компютерро ба шабакаи интернет пайваст намуда, бо маблағи муайян таҷҳизоти зарруриро барои кабинети технологияи информатсионӣ харидорӣ кард. Дар назди мактаб бо ёрии падару модарон хоҷагии ёрирасони чорводорӣ ва боғкорӣ ташкил шудааст, ки шумораи бузу гӯсфандон ба 30 сар расидааст. Аз ҳисоби даромади меваи боғ барои кабинетҳои таълимӣ васоити аёнӣ харидорӣ шуда, дарахтони хушкшударо барои ҳезум дар мактаб истифода мекунанд. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хониши 2018-2019 аз тариқи ҳашар бинои нави китобхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ тарҳрезӣ шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр