Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши ифтихорафзо

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Тибқи қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” ва дастгирии  бевоситаи созмони байналмилалии  ЮНИСЕФ дар охири моҳи июн дар фароғатгоҳи бачагонаи “Ширкент”, ки дар тобеияти ширкати “Алюминии тоҷик” аст ва дар яке аз гӯшаҳои зебову хушманзараи шаҳри Турсунзода воқеъ гардидааст, семинари омӯзишии умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки сарварони лагерҳои бачагонаи тобистона, мураббияҳову омӯзгорон баргузор гардид.

Дар ин семинар намояндагони тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, ки шумораашон аз 80 беш буд, ширкат варзида, барномаҳои ҷолиби худро дар тӯли як ҳафта таҳлил намуданд. Бештари барномаҳояшон дар атрофи тарбияи ватандӯстонаи  бачаҳои дар лагерҳои тобистона маншаъ мегирифт. Ҳадафи барномаи онҳо ба сатҳи баланд бардоштани фаҳмиши хонандагон нисбат ба Ватану ифтихори ватандорӣ, шинохтани қаҳрамонони Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рӯзгори мо, ҳамчунин, дар бораи ҷашнҳои бузурги Ватан (Наврӯз, Истиқлол, Ваҳдат, Меҳргон ва Сада),  васфи  ин ҷашнҳо дар ашъори шоирон иборат буд.

Зикр гардид,  ки  дар шароити муосир омӯзгорону мураббияҳо вазифадоранд, ки насли наврасро ба самти ахлоқи ҳамида ва ватандӯстдорию забономӯзӣ дар радифи падару модарон раҳнамоӣ намоянд.

 

Ҷалолиддин Холов

директори фароғатгоҳи бачагонаи

“Ширкент”- и  ширкати

“Алюминии Тоҷик”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш