Кӯдак нахуст ба модар бовар мекунад ва баъдан ба муаллиме, ки дарси “Алифбо” меомӯзадаш. Модар вазифадор аст, ки кӯдакашро аз хурдӣ бо муҳаббат ва навозиши модарӣ тарбия намояд, то ӯ битавонад дар оянда дӯст доштанро шиори зиндагии худ бикунад. Кӯдакон хеле эҳсосианд ва ҳар чӣ аз модар мешунаванду мебинанд, ба ҳамон бовар мекунанд.
Чи тавре ки гуфтем, кӯдак ба устоди аввалини худ низ бовар мекунад, зеро муаллим ба ӯ хату савод ва китобхониро ёд медиҳад. Чун муаллима бори аввал ба синф ворид мегардад, сухани нахусташ, ки ҳамеша дар хотири кӯдак боқӣ мемонад, “Салом, шогирдон!” аст.
- Ман ба шумо ҳар рӯз дар ин мактаб сабақ меомӯзам, ман муаллими аввалини шумо, шумо - шогирдонамро мисли фарзандонам дӯст медорам. Муаллими синфҳои ибтидоӣ, воқеан, заҳмати зиёдеро ба дӯш дорад, зеро ҷигархун мегардад, то шогирдонаш ҳарфҳои “Алифбо”-ро аз худ кунанд. Муаллими синфҳои ибтидоӣ нахуст олами маърифату худшиносиро ба рӯйи кӯдак боз менамояд. Ҷаҳони кӯдакро бо қиссаву афсонаҳо, шеъру таронаҳои зебо рангину рӯҳафзо месозад, зеро муаллим ин андарзи пандомезро хуб медонад ва ҳамеша дар мадди назар дорад:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Оре, фидокории муаллим барои кӯдак аз модар кам нест, ҳамеша пайи он аст, ки шогирдаш закиву доно тарбия ёбад. Муаллимаи асил кӯшиш мекунад, барои дили шогирдонро ба даст овардан дили худро рӯйи кафи онҳо гузорад, то кӯдакон бештар ба ӯ бовар кунанд. Заҳмати беандоза мекашад, то дар қалби кӯдакон сифатҳои некуе, мисли боинтизомӣ, шеърдонӣ ва ватандӯстиро ташаккул бидиҳад.
Мо, омӯзгорон, муваззафем, ки аввалтар аз ҳама ба шогирдонамон фаҳмонем, ки рамзҳои давлати мо кадомҳоянд ва чӣ арзише доранд. Вақте ки дар бораи Парчам бо онҳо суҳбат мекунам, ҳатман барояшон маънии вожаи парчамро мефаҳмонам; яъне парчам, ливо, дирафш, ки соф калимаҳои тоҷикианд, як маънӣ доранд ва парчамҳои кучакро дар болои мизашон мегузорам ва маънии ҳар ранги парчамро барояшон мефаҳмонам.
Ва баъдан мисраъҳои зеринро ба онҳо мехонам:
Парчами мо ифтихори миллат
аст,
Парчами мо иқтидори миллат
аст.
Албатта, шеъри нахустине, ки онҳо азёд мекунанд, Суруди миллист ва он ҳамешагӣ дар хотирашон боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин, аз ҷашнҳои бузурги давлатамон ба шогирдон сухан мегӯям: ҷашни Ваҳдат, Истиқлол, Конститутсия, Рӯзи Модар ва Наврӯзу Меҳргону Сада.
Вазифаи дигари мо, омӯзгорон, он аст, ки ба шогирдон дар бораи қаҳрамонони миллат, кору пайкори онҳо нақл намоем, то огоҳӣ ёбанд, ки Тоҷикистон Ватани мардони бузург аст.
Имрӯз баъзан гила мекунем, ки фарзандони мо китоб намехонанду гӯё сабаби ин пайдо шудани технологияи навин, яъне компютеру интернет аст, аммо дар Ватани мо агар даҳ бист соли охир технология ба вуҷуд омада бошад, дар баъзе мамлакатҳои Аврупо панҷоҳ сол боз ҳаст, аммо кӯдаконашон китоб мехонанд. Ин ҷо на гуноҳи кӯдак, балки иштибоҳи волидайн ва омӯзгорони мактаб аст, ки натавонистанд дар дили кӯдак меҳри китобхониро ҷой бидиҳанд. Мо, омӯзгорони синфҳои поёнӣ, вазифадорем, ки аз рӯзи аввали ба мактаб қадам ниҳодани кӯдак ҳатман дили ӯро тариқи хондани китобҳои афсонавӣ ва баъдан асарҳое, ки барои кӯдакон навишта мешаванд, гарм бинамоем. Аз китобхонӣ кӯдак забони адабиро ёд мегирад, андешидааш вусъат меёбад ва маънии калимаҳоро мефаҳмад. Бузургон гуфтаанд: “Халқе, ки китоб намехонад, дар ҷаҳолат мемирад”. Хулоса, мо, омӯзгорон, ҳамеша кӯшиш ба харҷ бояд бидиҳем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ ва риояи қоидаҳои одоби ҳамида тарбия намоем.
Маҳина ЗАРИФОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр