Дар машварати васеи назди раиси ВМКБ баробари масъалаҳои ҷорӣ натиҷаи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим» дар ВМКБ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тибқи маълумоти раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ВМКБ бештари ҷиноят аз тарафи ноболиғони шаҳри Хоруғ содир шудааст. Сабаби асосии ҷиноятсодиркунӣ аз тарафи хонандагони мактабҳои шаҳрро раиси вилоят Ёдгор Файзов дар хунукназарии падару модар ва аҳли ҷомеа унвон кард.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр