Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои қонун талаби замон аст

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Агарчи давоми 12 соли мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муваффақиятҳо ба мушоҳида мерасад, вале ҳамоно нафароне ҳастанд, ки дар иҷрои он бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд.

Коршиносон бар он назаранд, ки иҷро нагардидани қонуни мазкур омилҳои зиёд дорад.

Аз ҷумла, қисмате аз волидон дар тарбия ва таълими фарзанди худ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, ба кӣ ва ё чикора шудани онҳо эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Аксаран гумон доранд, ки таълиму тарбия ин ба таъмин кардани фарзандон ба пӯшонидану хӯрондан вобастагӣ дораду халос. Аз ин лиҳоз, тамоми неруи худро ба дарёфти қути лоямут сарф мекунанду барои таълиму тарбияи шоиста ва назорати фарзандон вақт намеёбанд. Ҳол он ки асос ва заминаи воқеию ояндасози кӯдак таълиму тарбияи дурусти ӯ дар солҳои аввали зиндагиаш маҳсуб меёбад.

Нуралӣ Абдуллоев, истиқо-маткунандаи ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки чор фарзандаш дар мактаб таҳсил мекунад. «Ростӣ, ин мавзӯъ баҳсталаб аст. Зеро ҳам омӯзгорон ва ҳам волидон дар робита ба иҷроиши қонун бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Як мисоли одӣ ин аст, ки соли таҳсил охир шуд ва аллакай ҷамъоварии маблағ барои таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардид. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксаран худи омӯзгорон маблағро ҷамъоварӣ мекунанд. Ду-се нафар омӯзгоронеро, ки фарзандонашон дар ҳамон муассиса таҳсил мекунанд, ҳамчун раиси кумитаи падару модарон қайд гардида, бо салоҳдиди худ маҳсулоти таъмириро харида, таъмирро мегузаронанд. Аз мушоҳидаҳои солҳои пеш гуфта метавонем, ки таъмири муассисаро чанд нафар аз омӯзгорони ҳамон муассиса бо маҳсулоти пастсифат анҷом медиҳанд. Баъдан дар кӯтоҳтарин муддат сифати пасти маҳсулот ва таъмир ба чашм намудор мешавад. Ҳангоми пурсон шудан кӯдаконро гунаҳкор мекунанд, яъне таъмир хуб буду хонандагон боиси чунин ҳолати муассиса гаштанд». Н. Абдуллоев илова намуд, ки қонуни мазкур барои волидон имкониятҳои васеи назоратро додааст, мутаассифона, инро ҷиддӣ қабул накарда, бетарафӣ мекунем ва ба кори кормандони мактабҳо назорат намебарем.

Дар робита ба ин, коршинос Саидҷаъфар  Сафарзода гуфт, ки  фаъолияти худи комиссияҳои мактабӣ низ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намешавад. Масалан, агар ба ҳуҷҷатгузории ҷузвдони қонуни номбурда таваҷҷуҳ кунем ва ё аз рӯйи кори масъулони татбиқи қонун дар муассиса назорат барем, маълум мешавад, ки ба қонун аҳамият намедиҳанд. Ин ҳам сабаби худро дорад. Директори муассиса бар изофаи кору вазифаҳои худ, инчунин дарс медиҳад. Муовини директор, ки масъули асосии назорати иҷрои қонун ва як қатор комиссияҳо мебошад, аз 12 то 18 соат дарс дорад. Раиси созмони талабагӣ дарс медиҳад ва китобдори муассиса низ ҳамин гуна. Пас, ҳангоме ки масъулони асосӣ ба дарсдиҳӣ машғул шаванд, кӣ бояд назорат барад?! Онҳо агар ҳамон дарсҳои худро қисман назорат баранд, аз ҳоли хонандагони дигар синфхонаҳо қариб бехабар мемонанд.

Рӯзе барои санҷиш фарзанди калониамро бе китоб, гарданбанд ва рӯзнома ба муассиса фиристодам, - нақл кард падари хонандае. - Хостам фаҳмам, ки чи гуна назорат мебаранд ва оё омӯзгоре ба ман муроҷиат мекунад, ки фарзандам ба дарс бе тайёрӣ меравад. Боиси таассуф аст, ки 3-4 рӯз фарзандам ба мактаб мерафту меомад ва касе чизе намегуфт. Худам ба мактаб рафта, бо роҳбари синф ва дигар омӯзгорон суҳбат кардам. Ба ивази барои ҳолати мазкур муроҷиат кардан фарзандамро таъриф карданд, танҳо яке аз омӯзгорон дар бораи беодобӣ карданаш дар дарсҳо шикоят намуд. Ҳол он ки бояд ягон огоҳии ҷиддӣ мегирифтам. Ин нишони беаҳамиятии муаллимон мебошад. Аз ин пас тасмим гирифтам, ки худ ва ҳамсарам бо навбат ҳамарӯза ба мактаб рафта, аз ҳоли фарзандонамон ва дарсгӯии омӯзгорон назорат барем. Аз ин кори мо баъзе омӯзгорон норозӣ низ шуданд ва гуфтанд, ки мо дарс дода наметавонем ва ё ба мо боварӣ надоред, ки ҳар рӯз назорат мебаред. Хуллас, гап бисёр, корро ҷиддӣ кардан даркор аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъулини баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳамкорию корҳои фаҳмондадиҳиро бо падару модарон ва назорати хонандагонро дар сатҳи лозима ба роҳ намондаанд. Ин боис мегардад, ки волидони хонандагон ба иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққат надиҳанд. Моҳи апрели соли 2019 чунин ҳолат дар муассисаи таълимии №8 –и ноҳияи Хуросон мушоҳида гардид. Дар муассисаи мазкур комиссияи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолияти дуруст надорад. Зеро мушоҳида гардид, ки нақшаи чорабиниҳо ва баъзе ҳуҷҷатҳои дигари комиссия ё умуман вуҷуд надорад ва ё аз солҳои 2015 - 2016 боқӣ мондааст. Дар робита ба ин ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, ки масъул мебошад, изҳор дошт, ки дар ҳақиқат, чунин ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ ҷой дорад ва ҳамаи ин ислоҳшаванда аст. Аз 29 нафар хонандаи синфи 11-и «А» ҳамагӣ 15 нафар дар дарс иштирок дошта, сару либосашон ба либоси ягонаи мактабӣ мувофиқат накарда, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Илова бар ин, 50 фисади хонандагон бо худ рӯзнома надоштанд, 50 фисади дигар рӯзномаҳояшон аз назорати роҳбари синф, омӯзгорон ва волидонашон дур мондааст.

Ҳамзамон, ҳолати китобдории хонандагон бисёр нигаронкунанда буд. Ғайр аз оне, ки китобҳои дарсии хонандагон даридаву дар ҳолати фарсудагӣ қарор доранд, инчунин, аксари хонандагон китобҳои дарсиро бо худ наовардаанд. Дар робита ба ин, директори муассиса изҳор дошт, ки ин ҳама бо сабаби бемасъулиятии баъзе падару модарон мебошад, ки ба дарс омадани фарзандон, ҳолати рӯзнома ва китобдорӣ, сару либоси мактабии онҳоро назорат намекунанд.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар хатмкунандагони муассиса бо чунин тартиб дарс хонда бошанд, пас, чи гуна дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ иштирок карда, унвони донишҷӯиро соҳиб мегарданд? Аз суҳбат бо ин хатмкунандагон аён гардид, ки ҳамагон нақшаи идомаи таҳсилро дар макотиби олӣ доранд.

Ҳангоми дарси хонандагони синфи 7-ум низ ҳолати иштироки кам доштани хонандагон, мувофиқат накардани сару либоси толибилмон ба либоси тавсиявии мактабӣ, китобҳои бемуқова, даридаю фарсуда ва аз назорат дур мондани рӯзномаҳои хонандагон мушоҳида гардид.

Дар масъалаи ҳолати сару либоси мактабӣ, гарданбанд бо раиси созмони талабагии муассиса ва оид ба ҳолати нигоҳдошти китобҳо бо китобдори муассиса суҳбат оростан хостем, вале дар муассиса онҳоро пайдо накардем. Роҳбари муассиса гуфт, ки онҳо имрӯз дарс надоштанд ва барвақттар ба хона рафтаанд. Ҳол он ки раиси созмони талабагӣ ва китобдор то охирин дарси хонандагон бояд дар кор бошанд.

Директори муассисаи мазкур илова кард, ки ҳамкорӣ бо падару модарон ба роҳ монда шудааст ва ҳолати ҳамкорӣ ӯро қонеъ мекунад. «Хайр, камбудию норасоиҳо шояд бошанд, аммо он қадар ҷиддӣ нестанд. Баъзе аз волидонро барои бетартибии фарзандонашон ба муассиса даъват мекунем, аммо намеоянд ва инро ҷиддӣ низ қабул намекунанд».

Коршиносон бар он назаранд, ки сабаби ҷой доштани чунин ҳолат дар пинҳонкории омӯзгорон, бетаваҷҷуҳи ва ҷиддӣ назорат набурдани онҳо мебошад. Зеро маҳз дар мавриди назорати ҷиддӣ ва ҳамкории зичи муассиса бо волидон мушкилии мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт. Вале боиси таассуф аст, ки ҳамкории на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва умуман фаъолияти ассотсиатсияи падару модарони назди муассисаҳои таълимӣ қонеъкунанда аст. Аксаран ба мушоҳида мерасад, ки корҳои сарсариро ба роҳ монда, бе иштироки падару модарон суратҷаласаҳо тартиб дода, ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд ва ё ҳатто ба ҳуҷҷатгузорӣ низ эътибори махсус дода намешавад.

Намояндагони кумитаи падару модарон дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар барои назорат бурдан аз ҷараёни таълиму тадрис ва дарсхонии фарзандон ба хулосае омаданд, ки ҳамарӯза бо навбат ва тибқи ҷадвали қабулшуда, якнафарӣ дар дарсҳо иштирок мекунанд. Ин тадбир боис гардид, ки камбудию норасоӣ дар кори чанде аз омӯзгорон ва бе тайёрӣ ба дарс омадани чанде аз хонандагон ошкор ва ислоҳ шавад. Агар моҳе як маротиба волидон дар дарс иштирок кунанд, дарс бо тайёрӣ ва хуб мегузарад. Агар ҳамарӯза дар дарс волидайни яке хонандагон иштирок кунад, албатта, камбудиҳо ошкору ислоҳ мешаванд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки хусусан, дар моҳи охири соли таҳсил иштироки хонандагон ба дарс кам мегардад ва ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд. Ин нишон медиҳад, ки маҳз дар моҳҳои охири соли таҳсил бояд назоратро ҷиддӣ кард.

Баъзе падару модарон тарбияи фарзандони худро ба мактаб ҳавола карда, чунин мепиндоранд, ки гӯё кори таълиму тарбия фақат вазифаи муассисаи таълимӣ мебошад. Онҳо ҳатто аз вазъи фарзандони худ дар таълимгоҳҳо воқиф  нашуда, ба муассисаҳои таълимӣ рафтан ё нарафтани онҳоро таҳти назорат қарор намедиҳанд.

Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст ва қисме аз падару модарон бо ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бархе аз волидон иддае аз наврасону ҷавонон бе тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву бозор аз субҳ то шом беҳудагардӣ мекунанд, ба шахсони бадрафтору бадкирдор ҳамроҳ шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Наврасон, ки ҳоло сиёҳро аз сафед фарқ карда наметавонанд, баъзан фирефтаи амалҳои шахсони ҷинояткор гардида, оқибат худашон низ даст ба ҷиноят мезананд.

Аз ин рӯ, омӯзгорон ва падару модаронро зарур аст, ки ба хотири омӯзишу парвариши фарзандон саъю талош намуда, онҳоро ба роҳи нек раҳнамоӣ кунанд.

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш