Нашрияи Омӯзгор

Отрядҳои донишҷӯёни бинокор ва лагерҳои меҳнатиро эҳё бояд кард

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Нигоҳе ба гузашта

Ибтидои солҳои 80-ум дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ дар радифи ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракату ташаббусҳои ватанпарварона вусъати чашмгир пайдо карданд. Ҳадаф аз таъсису созмон додани отряду бригадаҳои ба истилоҳ «зарбдор»-и мактабиёну донишҷӯён ва ҷавонон ободкорию созандагӣ дар қаламрави давлати паҳновари Шӯравӣ буда, ба ин васила, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва эҳсоси волои ватанпарварона ба шумор мерафт. Ташкили отрядҳои донишҷӯёни бинокор аз ҳисоби муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо, ки дар мавсими тобистон (3 моҳ) дар шаҳру навоҳии гуногуни ИҶШС, аз ҷумла, қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ машғул гардида, дар бунёди муассисаву корхонаҳо, таълимгоҳҳо, роҳу объектҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ҳиссаи босазо мегузоштанд, аз қабили ҳамин гуна иқдомҳои шоиставу судманд маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамин радиф, дар муассисаҳои таълимӣ дар мавсими тобистон ва тирамоҳ бригадаҳои истеҳсолии хонандагон ва лагерҳои меҳнатӣ таъсис дода мешуданд. Бо ташкили чунин бригадаву лагерҳои меҳнатӣ агар аз як тараф мактабиён ба меҳнати софдилона фаро гирифта мешуданд, аз тарафи дигар, онҳо дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия ёфта, вақти худро беҳуда намегузаронданд ва ба амалҳои ношоиста даст намезаданд. Аҳамияти муассири гурӯҳҳои меҳнатии мактабиён боз дар он зоҳир мешуд, ки онҳо ба нафъи ватану кишвар аз таҳти дил меҳнат карда, аз самараи корҳои анҷомдодаи худ бархӯрдор мегардиданд ва бо пардохти маошу дигар омилҳои ҳавасмандкунанда қадрдонӣ мегардиданд. Аз ҳисоби ташкили отрядҳои донишҷӯёни бинокор ба бригадаҳои истеҳсолию лагерҳои меҳнатӣ ба буҷаи давлат даромаду фоидаи муайян ворид мешуд. Бо барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ ва шурӯи ҷангу нобасомониҳо дар ҷумҳурӣ тадриҷан аз отрядҳои донишҷӯёни бинокор ва лагерҳои меҳнатию истироҳатӣ  ҷуз ном чизе боқӣ намонд. Аз он айёме, ки давлати Шӯравӣ барҳам хӯрду Тоҷикистони азиз ба соҳибистиқлолӣ расид, 28 сол сипарӣ гардида, дар тӯли ин солҳо ҷаҳон ба дигаргунию тағйироти азими сиёсию иқтисодӣ дучор шуд. Раванди ҷаҳонишавӣ ва омилҳои хатарзои барангезандаи ҷангу дигаргуниҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Африқо, кишварҳои Афғонистону Ироқ ва Сурия таъсири ғайримунтазираи манфии худро ба тафаккуру ҷаҳонбинии ҷавонон расонд, ки ба ин шомилшавии гурӯҳе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва тундгарою исломӣ мисол шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои пешгирӣ намудан аз рафтору кирдорҳои зишту номатлуб ва барқарор намудани отрядҳои донишҷӯёни бинокор дар донишкадаю донишгоҳҳо ва ба бригадаҳои истеҳсолию лагерҳои меҳнатӣ ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар мавсими тобистон ба шумор меравад.

Отрядҳои донишҷӯёни бинокор

Ёд дорам, ҳангоми курси сеюм донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он айём УДТ ба номи В.И.Ленин) буданам дар гурӯҳи отряди донишҷӯёни бинокор, ки он ҳангом бо номи «ССО» маълуму машҳур буд, барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) сафарбар намуданд. Дар он ҷо моро ба ихтиёри муассисаи сохтмонии МПМК супурданд. Роҳбарияти муассисаи мазкур мо – донишҷӯёнро ба 4 гурӯҳи кории сохтмонӣ (бригада) тақсим намуда, бригадаи моро бобати бунёди ҳаммоми замонавӣ, ки бо усули шарқӣ бояд сохта мешуд, ҳидоят кард. Як гурӯҳро ба сохтмони муассисаи таълимӣ, гурӯҳи дуюмро ба бунёди кӯдакистон ва гурӯҳи сеюмро таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ҳудуди шаҳр муваззаф намуд. Ҳар як гурӯҳ сардори худро дошт ва ба отряди мо аз курсҳои болоӣ ду нафар ба ҳайси роҳбар (командир ва комиссар) назорат менамуданд. Донишҷӯёни бинокор бо хобгоҳи дорои шароитҳои хуби фарҳангию фароғатӣ таъмин гардида, дар ихтиёрашон ҳаммому майдончаи варзишӣ қарор дошт. Гурӯҳи мо, ки аз 10 нафар иборат буд, дар ҳамдастӣ бо бригадаи бинокории колхози  «Максим Горкий» дар деҳаи Заргари ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён) ба сохтмони ҳаммоми навъи шарқиёна шурӯъ намуд. Амиқу равшан дар ёдам мондааст, ки мо – донишҷӯён корро аз бетонрезии таҳдоби ҳаммом шурӯъ карда, се моҳи тамом ба сабаби бузургҳаҷму васеъ ва баланд будани деворҳои иншшоот танҳо бетон рехта, аз крани борбардор истифода мекардем.

Соли дигар (1984) боз ҳам дар ҳайати отряди донишҷӯёни бинокор ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар карда, дар заминаи дастуру пешниҳодоти маъмурияти МПМК-и шаҳр корҳои сохтмониро дар иншооти марбут ба отряди бинокорон идома додем. Хотиррасон бояд кард, ки ба рӯзҳои кории мо роҳбарияти ташкилоти МПМК маоши хуб пардохт мекард, ки бо ин маблағ донишҷӯён сарулибос ва абзору лавозими зарурии таҳсилро (аз қабили дафтарҳои калонҳаҷм, ручкаю ҷузвдон) харид карда, ҳамчунин боқимондаи он маблағро ба рӯзгори хонадонашон сарф мекарданд. Аммо муҳим аз иштирок дар отрядҳои сохтмонӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ рушду тараққии кишвар ва ободкорию созандагӣ маҳсуб меёфт. То ҳол мо – донишҷӯӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ, ки донишгоҳро соли 1986 хатм карда будем, он айёмро бо як ҷаҳон эҳсоси шодмонӣ ва сарбаландӣ пеши назар меорем ва худро саодатмандтарину хушиқболтарин насле медонем, ки дар бунёди мактабу кӯдакистон, таъмиру таҷдиди роҳҳои нақлиётӣ ва дигар иншоот ҳиссаи худро гузоштаем. Акнун тасаввур намоед, ки монанд ба отряди бинокории донишҷӯёни мо аз дигар факултаҳои донишгоҳу донишкадаҳо чӣ қадар донишҷӯён барои кор ба гурӯҳҳои сохтмонӣ ҷалб ва сафарбар мешуданд. Ин гуна отрядҳо на танҳо дар қаламрави шаҳру навоҳии Тоҷикистон, балки тамоми гӯшаю канори паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ба меҳнати содиқона барои ояндаи дурахшони Ватан машғул буданд.

Имрӯз бо дарназардошти шароиту имконоти мавҷудаи иқтисодии ҷумҳурӣ, ба андешаи мо, таъсис ва созмон додани гурӯҳҳои (отрядҳо)-и бинокории донишҷӯён дар мавсими тобистон ба мақсад мувофиқ буда, ин гурӯҳҳо метавонанд дар рушду пешрафт ва ободонию созандагии кишвар саҳми босазо гузоранд. Ҳароина, раванди таъсиси гурӯҳҳои сохтмонии донишҷӯён марҳала ба марҳала сурат гирифта, он ба ҳеҷ ваҷҳ набояд хусусияти иҷбориро дар пай дошта бошад. Мусаллам аст, ки натиҷаҳои манфиатманд ва дархӯри соҳаҳои иқтисодию саноатӣ бо фаъолияти гурӯҳҳои донишҷӯёни бинокор, бешубҳа, шавқу рағбати донишҷӯёнро бедор ва афзун хоҳад кард. Танҳо омилҳои қадрдонии заҳмат ва масоили ҳавасмандгардонии донишҷӯён аз ҷониби ширкату корхона ва иншооти сохтмонӣ дар ину он шаҳру ноҳия бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Бригадаи истеҳсолии мактабиён

Аз иқдому анъанаҳои судманду ҷолиби дигар, ки солҳои Шӯравӣ маъмул гардида буд, фаъолияти муассиру манфиатбахши ба истилоҳ бригадаҳои истеҳсолии таълимӣ ба шумор мерафт. Чунонки маълум аст, ин бригадаҳо тақрибан дар авохири солҳои 70 ва ибтидои солҳои 80-ум таъсис ва ба фаъолияти муташаккилонаи меҳнатӣ дар собиқ ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ машғул гардида, то фурӯпошии ин давлат амал мекарданд. Бригадаҳои истеҳсолии хонандагон низ мавсими тобистон ташкил гардида, аъзои он дар қитъаи замине, ки ба онҳо аз ҷониби раҳбарияти колхозу совхозҳои онвақта ҷудо карда мешуд, меҳнат мекарданд ва ҳосили ҷамъовардаашонро ба хазинаи давлат месупориданд. Заҳматҳои кашидаи аъзои бригадаи истеҳсолӣ бо мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардида, ба онҳо вобаста ба моҳҳои дар саҳро кор кардаашон маблағҳои муайян пардохт карда мешуд. Тавре дар суҳбат бо мо омӯзгори собиқадори мактаби рақами 51-и ноҳияи Рӯдакӣ Бобобек Раҷабов иброз дошт, дар муассисаи таълимии онҳо зиёда аз 10 сол аз ҳисоби хонандагон бригадаи истеҳсолӣ амал мекард.

- Ман аз соли 1980 то соли 1986 сарварии бригадаи истеҳсолии хонандагони мактабро ба зимма доштам, - гуфт Б.Раҷабов ва афзуд, ки соли аввал (с.1980) бригадаи мо дар 3 гектаре, ки маъмурияти хоҷагӣ ҷудо карда буд, парвариши лаблабуро ба роҳ мондем. Аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоӣ 10 нафар аъзо доштем. Дар натиҷаи меҳнати софдилона, риояи қоидаҳои парвариши лаблабу, истифодаи нуриҳои минералӣ, сари вақт обёрӣ кардани қитъаи замин нақшаи ҷамъоварии ҳосили лаблабуро сари вақт иҷро намудем. Соли 1984 бригадаи истеҳсолӣ дар 5 гектар пахта кишт намуда, нигоҳубини онро хуб ба роҳ монда, дар вақташ ҷӯяҳои пахтаро обёрӣ ва чеканка намуд. Бояд гуфт, ки дар асоси муроҷиати мо ба роҳбарияти колхоз ва ташкилоти «Селхозхимия»-и ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) бригадаи истеҳсолӣ бо нуриҳои органикӣ (селитра, мочавин, фосфат ва ғ.) таъмин мегардид. Натиҷаи ҳамин буд, ки бригадаи истеҳсолии мактабиён, ки акнун 16 аъзо дошт, нақшаи пахтасупориро ҳанӯз 22 сентябр иҷро намуда, (103,2 фоиз) бо мототсикли нави тамғаи «Урал» мукофотонида шуд. Котиби ҳизбии ноҳия, марҳум Усмонқул Шокиров дар саҳни хирмани бригадаи деҳа, дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои бригадаи истеҳсолии мактабиёнро табрик намуда, калиди мототсиклро ба сарвари хонандагони меҳнатдӯст супорид. Дар умум, ҳамасола мактабиён бо шавқу меҳри бепоён дар саҳро кор мекарданд. Соли 1980 дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр бригадаи хонандагон дар байни дигар бригадаҳои истеҳсолии мактабиёни қаламрави ҷамоати Роҳатӣ ҷойи аввалро ишғол карда, бо телевизори ранга мукофотонида шуданд. Дар солҳои минбаъда низ аъзои бригадаи истеҳсолии мактаби №92 (ҳоло №51) якдилона фаъолияти меҳнатиро ба роҳ монда, нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро сари вақт иҷро намуданд.

Ба андешаи омӯзгори соҳибтаҷриба Бобобек Раҷабов, ташкил ва роҳандозии гурӯҳҳои меҳнатии мактабиён имрӯз низ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳо манфиатбахш буда, хонандагон метавонанд дар вақти таътил ба қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда рафта меҳнат кунанд. Айни ҳол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ парвариши тамоми намуди сабзавот ва зироатҳои полезӣ, ҳамзамон пахтаю ғалладона ба роҳ монда шудааст.

- Вобаста ба маҳалли худ ва иқлими он хонандагон метавонанд ба парвариши пахта, сабзавоту зироатҳои полезӣ ва растаниҳои ғаллагӣ машғул шаванд, - мегӯяд Б.Раҷабов ва меафзояд, ки танҳо аз ҷониби сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва маъмурияти ҷамоатҳои деҳот ба онҳо кумак расонда шавад. Агар заҳмати гурӯҳи меҳнатии мактабиён бо маблағҳои муайян қадрдонӣ шавад, ба манфиати кор хоҳад буд.

Лагерҳои меҳнатиро вусъат

бояд бахшид

Яке аз роҳҳои пешгирии хонандагон аз беҳудагардӣ ва ба корҳои номатлуб даст назадан ба  лагерҳои меҳнатии мактабӣ фаро гирифтани онҳо мебошад. Лагерҳои меҳнатӣ дар тарбияи меҳнатдӯстии насли наврас нақши барҷастаро иҷро мекунанд. Тавре ба мо маълум аст, дар замони Шӯравӣ фаъолияти лагерҳои меҳнатӣ низ назаррас буда, хонандагон аз рӯйи корҳои анҷомдодаашон дар қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда бо маблағҳои муайян таъмин карда мешуданд. Мутаассифона, имрӯз лагерҳои меҳнатӣ фаъолияти камранг дошта, дар аксар ноҳияҳо умуман вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ба барқарору тақвият бахшидани кор дар лагерҳои меҳнатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Сохтори лагерҳои меҳнатиро таҷдиди назар карда, фаъолияти онҳоро дар заминаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бояд ба роҳ монд.

Вобаста ба дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон намудани Соли 2019 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти лагерҳои меҳнатиро вусъат бахшида, дар ин замина хонандагон бояд ба омӯзишу азхуд кардани пешаву ҳунарҳои гуногун ҷалб карда шаванд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш