Нашрияи Омӯзгор

Саҳми устод Айнӣ дар рушди маориф

Сана: 2018-04-23        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

13 апрели соли равон ба муносибати 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар толори ДҶТИБКСМ–и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ-маорифпарвар» баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баландро, ки дар он намояндагони тамоми сохторҳои маориф, донишмандону устодон аз донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои илмии мамлакат ширкат варзиданд, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки имрӯзҳо ба ифтихори зодрӯзи утод дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду шабнишинӣ ва конфронсҳо доир мегарданд, асарҳои устод бознашр гашта, китобу дастурҳои илмиву таълимӣ ба нашр мерасанд. Сипас, аҳли толор маърӯзаҳои академики АИ ҶТ, ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Н. Салимӣ «Сайқалгари оинаи таҷдид», сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар Э. Сафарзода «Инъикоси масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ дар публитсистикаи устод С. Айнӣ», ҷамъ 10 маърӯзаро шунида, дар атрофи он баҳсу муҳокимаҳо доир намуданд. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ният дорад маърӯзаҳои пешниҳодшударо дар шакли маҷмӯа чоп намояд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш