Нашрияи Омӯзгор

Қадамҳои устувор ба пешвози ҷашн

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Спитамен ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмону таъмири иншооти зиёди ҷашнӣ, аз қабили кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом, таъмири роҳ ва пулҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзиш, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатиро тарҳрезӣ намудааст.

Дар назди мактаби №9 сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ барои 550 нафар хонанда ба итмом расидааст. Сохтмони бинои нави таълимӣ барои 640 нафар хонанда дар муассисаи таълимии №12 бомаром идома дорад. Дар таълимгоҳҳои №№5 ва 16 аз тарафи ЮНИСЕФ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар назди мактабҳои №16 сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ ва №30 сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ идома дорад.

Бо беҳтар гардидани муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла, дар соҳаи маориф густариш ёфта истодаанд. Бо маблағгузории кишвари ҳамсоя дар шаҳраки навбунёди Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев сохтмони мактаби наву замонавӣ барои 630 нафар хонанда дар арафаи анҷомёбист.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш