Беш аз ду сол аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф лоиҳаи истифодаи муносибати босалоҳият дар таълимро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин давра беш аз 400 нафар тренери сатҳи миллӣ омода карда шуд, ки дар навбати худ бо неруи ин тренерон зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ, забонҳои хориҷиро аз курсҳои такмили ихтисос гузарониданд. Яке аз самтҳои ҳамкорӣ шиносоии кормандони маорифи ҷумҳурии мо бо таҷрибаи кишварҳое буд, ки таҷрибаи ғании татбиқи муносибати босалоҳиятро доранд. Мувофиқи нақшаи қаблӣ ба мо, чанд нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои илмию методии соҳаи маориф муяссар гардид, ки муддати 5 рӯз дар шаҳри Рига – пойтахти Латвия ва баъзе навоҳии атрофи он бошем.
Таассурот аз ин кишвари зебоманзар хеле зиёд аст, аммо ин ҷо мехостем, дар хусуси низоми маорифи он ба он андозае, ки ошно гаштем, чанд сухан рӯйи коғаз оварем.
Аввалан, латвониҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ муваффақиятҳо доранд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф.
Латвия яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравист, ки низоми маорифи худро ба низоми маорифи кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ мувофиқ сохтааст. Махсусан, дар таълим аз модели таълими босалоҳият хеле самаранок истифода мебаранд. Самтҳои асосии маорифи ин кишварро дар чунин самтҳо мо омӯхтем:
1.Низоми таҳияи стандарт, барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ
Стандарти таълими фан аз ҷониби мутахассисони марказҳои таҳияи барнома ва стандарт таҳия карда мешавад. Дар стандарти фан салоҳиятҳои хонандагон аз омӯзиши ин фан марҳала ба марҳала дар шакли нишон додани амал ё муносибат (вобаста ба хусусияти фан) оварда мешавад. Яъне, дар самти муайян хонанда дар синфи 1 кадом салоҳиятҳо, дар синфи 2, 3 ... кадом салоҳиятҳои фаннӣ ва асосиро бояд дошта бошад. Дар мавриди салоҳиятҳои асосӣ, байнифаннӣ таносуби миёни фанҳо риоя карда мешавад.
Барномаи фан низ аз ҷониби мутахассисони ҳамин марказ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф тасдиқ карда мешавад. Барномаи мазкурро мактабҳои миёна истифода мебаранд, аммо мактабҳо ва омӯзгорон метавонанд бо барномаҳои алтернативии худ кор кунанд. Аммо натиҷа аз рӯйи стандартҳо муайян карда мешавад. Тестҳои имтиҳонии умумимиллиро Маркази дав-латӣ оид ба мундариҷаи таҳсилот таҳия менамояд. Хонандагон имтиҳонҳои хатми синфҳои 4, 9, 12-ро аз рӯйи ҳамин саволномаҳо месупоранд. Намунаи саволномаҳо дар сомонаи марказ ҳамеша мавҷуд аст. Саволномаҳоро мутахассисон ба марказ пешниҳод мекунанд, аммо ба ғайр аз кормандони марказ намедонад, ки кадом саволҳо аз кадом муаллиф гирифта мешаванд.
Маркази мазкур дар назди Вазорати маориф мустақилияти нисбӣ дорад, яъне, пурра ба вазорат тобеъ нест.
2.Таҳияи китобҳои дарсӣ
Китобҳои дарсӣ дар назди нашриётҳо аз тариқи озмун таҳия карда мешаванд. Мутасаддии таҳия ва нашри китоб нашриёт аст. Ба таҳияи китоби дарсӣ асосан омӯзгорони мактабҳо ва олимон ҷалб карда мешаванд. Китоб ба нашр омода мешавад ва танҳо пас аз тасдиқи он дар Вазорати маориф ба чоп иҷозат дода мешавад. Аммо дар баробари ин, китобҳои алтернативии зиёде ҳам нашр мешаванд, ки онҳоро муаллифони гуногун, асосан омӯзгорони таҷрибадори мактабҳои миёна менависанд. Мактабҳо метавонанд аз китоби алтернативӣ истифода кунанд, аммо уҳдадоранд, ки хонандагонашон ба талаботи дар стандарти фаннӣ нишондодашуда ҷавобгӯ бошад.
3. Низоми такмили ихтисоси омӯзгорон
Низоми такмили ихтисоси омӯзгорон комилан дигар аст. Марказҳои такмили ихтисос дар тамоми минтақаҳо ҷудогонаанд, маркази ҷумҳуриявӣ вуҷуд надорад. Тартиби такмили ихтисос барои омӯзгор чунин аст: омӯзгор дар се сол 36 соат курси такмили ихтисос мегузарад, ки аз се бахш иборат аст. Аз инҳо: 1. 6 соат корҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, арзишҳо, идоракунии синф, ташкили чорабиниҳо; 2. 12 соат иштирок дар лоиҳаҳо, семинарҳо, конфронсҳо; 3. 18 соат курсҳои тахассусӣ. Ҳамаи ин 36 соатро омӯзгор дар муассисаҳои гуногун метавонад гузарад. Натиҷаҳои онҳоро дар шакли сертификатҳо оид ба иштирок ба муассиса пешниҳод менамояд. Он ба базаи маълумотҳо дохил карда мешавад. Ин база барои директори мактаб, Вазорати маориф дастрас аст ва онҳо метавонанд рафти гузаштани омӯзгорро аз курсҳои такмили ихтисос пайгирӣ намоянд. Курсҳои тахассусиро низ омӯзгор аз рӯйи эҳтиёҷоти худаш, маслиҳат, тавсияи иттиҳодияи методӣ мегузарад. Дар дохили ин 18 соат ягон фанни ҳатмӣ нест. Танҳо дар дохили 6 соати тарбиявӣ курси ҳуқуқи кӯдак ҳатмӣ аст.
Курсҳои такмили ихтисоси директорон хеле ҷолиб аст. Он ду навъ мешавад: якум, омӯзгороне, ки дар оянда хоҳиши директор шудан доранд, дар ин курсҳо иштирок мекунанд. Дуюм, курсҳо барои директорони навинтихобшуда гузаронида мешавад. Барои мактабе, ки директор надорад, шаҳрдорӣ озмун эълон мекунад. Довталабон тест месупоранд, касоне, ки аз ин марҳала гузаштанд, дар назди шӯрои намояндагони шаҳр аз суҳбат мегузаранд, имкон дорад, ки касе аз озмун нагузарад, пас дубора озмун эълон карда мешавад. Интихоби директор бемуҳлат аст. Агар ӯ ба ин вазифа ҷавобгӯ бошад, то охири умр метавонад директор бошад.
4. Мактаб
Дар мактаб низоми кабинетӣ ҷорист. Дар долонҳои мактаб ба ғайр аз дастовардҳои хонандагон дигар шиоре нест. Танҳо дар роҳрави мактаб гӯшаи рамзҳои давлатӣ мавҷуд аст, ки аз рамз, парчам ва сурати президент иборат аст. Кабинетҳо низ ороиши бамавриду бемаврид надоранд. Дар долон эълонҳои хонандагон, дастовардҳояшон, лоиҳаҳои ҷолиби аз ҷониби хонандагон таҳияшуда, гӯшаи хатмкардагон ва хатмкунандагон мавҷуд аст. Масалан, дар мактаби ноҳияи Скривери, тахминан 50 км дуртар аз шаҳри Рига эълони хеле ҷолиб ба назари мо расид. Духтараки 14-сола, ки барои омӯхтани гиторнавозӣ вақти зиёд омӯзгор меҷӯяд, ниҳоят ӯро пайдо мекунад, дар назди ӯ қариб як сол шогирд меистад ва навохтани гиторро ба хубӣ меомӯзад. Акнун ният дорад, ки ба хоҳишмандоне, ки дар ҷустуҷӯйи устоди гиторнавоз ҳастанд, ройгон дарс диҳад. Ин аз нақли директори мактаб буд. Дар эълон танҳо навишта шудааст, ки ӯ ба хоҳишмандон ройгон гиторнавозиро меомӯзад.
Дар мактаби мазкур, ки аллакай хонандагон ба таътил баромада буданд, танҳо директор ва се нафар омӯзгор моро пешвоз гирифтанд. Дар дастурхони хоксоронае, ки барои мо ороста буданд, дар ду табақ қулфинайҳои ба андозаи себ калон-калон чида монда буданд. Директор гуфт, ки аз хонандае хоҳиш намудааст, то барои меҳмонони тоҷикистонӣ аз полиз қулфинайҳои беҳтаринро чида оварад...
Фанҳои таълимӣ тахминан мисли мактабҳои мо мебошанд, аммо аз синфи 9 сар карда, фанҳои интихобӣ ҳам илова мешаванд, ба мисли фалсафа, сиёсат ва иҷтимоъшиносӣ.
Ҳамчунин, хонанда муво-фиқи хоҳиши худ ё волидон метавонад дар равияи умумӣ таҳсил намояд. Метавонад дар равияи амиқ, яъне, равияе, ки интихоб мекунад, ҳамон фанҳоро бештар меомӯзад.
Омӯзгор барои хонандагон усул ва муносибати инфиродиро истифода мекунад, вобаста ба қобилиятҳои онҳо.
Сарбории омӯзгор ба ғайр аз таълим қисмати корҳои методиву тарбиявӣ низ дорад, ки барои онҳо низ маош муқаррар мешавад.
Қ. Мухторӣ,
устоди ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр