Дар дарси ҷамъбастӣ, ки дар синфи 9 ба эҷодиёти Саъдии Шерозӣ бахшида шудааст, муаллим дар тахтаи синф рақами 108-ро менависад. Сипас, бо чунин савол ба хонандагон муроҷиат менамояд: Кӣ мегӯяд, ки рақами 108 ба ҳаёту фаъолияти Шайх Саъдӣ чӣ алоқамандӣ дорад?
Аз ин саволи осон, вале душворнамо (проблемавӣ) синф лаҳзае сукут мекунад. Муаллим ба хонандагон ёрӣ расонида, мегӯяд, ки ин рақам дар ҳаёт ва шахсияти Саъдӣ «як тиру се нишон» дорад. Навад дар сади шогирдон ба ҷӯшу хурӯш омада, мегӯянд:
- 108 сол умри Саъдӣ, 10 боби «Бӯстон» ва 8 боби «Гулистон». Дар ин лаҳзаи ҳассос, вақте ки хонандагон ба асрори рақами 108 пай бурдаву мехоҳанд, ки ҳар яке аввалин шуда, ҷавоби онро гуфта бошанд, каме мағал ба вуҷуд меояд. Омӯзгор аз мағал бардоштани шогирдон бояд дилмонда нашавад. Чунки ин гуна ғалоғулаҳо зиёновар нестанд, баръакс, бартарафкунандаи хастагӣ ва бахшояндаи илҳоманд. Зеро «зиқию хастагӣ дар дарс душмани ашадии таълим аст», - гуфтааст олими олмонӣ Гербарт. Хонандае, ки аввалин шуда, ба дарёфти ҳикмати 108 ноил мегардад, аз шодӣ гул барин мешукуфад. Охир, ӯ хушбахттарин хонандаест, ки аз уҳдаи иҷрои ин саволи проблемавӣ якумин шуда баромад. Пас, чаро ба ваҷд наояд?! Илмро бо илҳоми тоза, бо шавқу завқ, бо эҳсоси шодӣ ва хурсандӣ аз худ намудан ҳаловатест дигар!...
Ҳамкасбони гиромӣ, рақами 108 дар ҳаёти Шайх Саъдӣ воқеан ҳикматнок аст. Баъд аз бармало гаштани рамзи мазкур, метавон бо усули муносибати босалоҳият ба таълим хонандагонро ба 2 гурӯҳи баробар ҷудо карда, номи як дастаро «Бӯстон» ва номи дигарашро «Гулистон» гузошта, бо чунин саволҳо аз хонандагон пурсид: «Соли таваллуд ва вафоти Саъдӣ чанд будаст, ки ӯ 108 сол умр дидаст?» Бо усули таълими ҳамгиро хонандае ба тахтаи синф баромада, саволро бо амали математикии тарҳ (1292-1184=108) иҷро мекунад. Ҳамзамон, муаллим аз хонандагон мепурсад:
- Чанд сол як аср мешавад?
Шогирдони зирак зуд ҷавоб медиҳанд, ки 100 сол як аср мешавад.
Баъдан саволҳои риторикӣ ба тариқи зайл дода мешаванд: «Боз кадом шахсони адабию таърихиро медонед, ки як аср умр дида бошанд?»
Пас аз посухи шогирдон саволҳои проблемавӣ низ дода мешавад:
1.Низомии Ганҷавӣ дар бораи умр чӣ гуфтааст?
2.Умри мубораки Саъдию Аттору Убайди Зокониро ба инобат гирифта, оё шумо ба гуфтаи Низомӣ «Ба ҳафтод аст марги мард зебо…» розӣ ҳастед?
Муаллим аз хонандагон дар бораи меваҳои шаҳдбори «Бӯстон», сол ва сабаби таълифу равзаҳои он, инчунин, гулҳои накҳатбори «Гулистон»-у таърихи иншо ва номи бобҳои он маълумот талаб мекунад. Будани китобҳои мазкур барои ин лаҳза ҳамчун аёният аз манфиат холӣ нест. Омӯзгор китоби «Гулистон»-ро ба шогирдон нишон дода, аз онҳо мепурсад:
-Забони таълифи ин асар чӣ гуна аст?
Сустхонҳо иброз медоранд, ки душворфаҳм аст. Аммо хонандагони пешқадам исбот мекунанд, ки бо насри мусаҷҷаъ навишта шудаст. Маънои вожаи «саҷъ» пурсида мешавад. Муаллим ҷавоби хонандагонро бо мисолҳои барҷаста тақвият бахшида, аз онҳо мепурсад, ки насри мусаҷҷаъро ба ибораи дигар чӣ мегӯянд?
Синфро хомӯшӣ фаро мегирад. Устод пардаи сукутро дарида, ба тарзи зебо, лутфомез ва ширин мегӯяд:
- Насри саъдиёна!
Нутқи зебову ширин зарур аст, зеро ки дар чунин ҳолат ҳама ба даҳони муаллим нигоҳ карда меистанд, то бубинанд, ки муаллим чӣ мегӯяд. Он чи аз дил, самимӣ ва ҷолиб барояд, барои диле маҳбуб мегардад.
Баъд аз он ки асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон» таҳлил шуд, як ғазали Саъдии ширинсухан дар иҷрои овозхони маҳбуб-Аҳмад Зоир пахш мегардад. Ба фикри мо, авҷ-кулминатсияи маънавии дарс ҳамин хоҳад буд, зеро ки адабиёт бо санъат дар усули таълими ҳамгиро мисли тану ҷонанд. Сониян, намояндаи дастаҳо метавонанд дар тақлид ба Аҳмад Зоир ғазалҳои Саъдиро бо оҳанг сароянд.
Дар ҷамъбасти дарси мазкур аз танбалӣ ва хастагӣ осоре нахоҳад монд, зеро ки ҳикмат (муаммо), саволҳои ваҷдовар, масъалаҳои душворҳал, маъниҳои бикр, ҳамгироии фанҳои забон бо адабиёт, адабиёт бо зиндагӣ, бо таърих, бо биология, бо география ҷои онро хоҳанд гирифт.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани мавзӯъ хонандагони хоҳишманд рақами 108-ро бо ҳарф дар тахтаи синф дуруст навишта, аз ҷиҳати сохт кадом навъи шумора будани онро агар исбот кунанд, нуран алонур мешавад. Шарти асосӣ: меҳнати хонанда бояд воқеъбинона қадр карда шавад, баҳои умумии гурӯҳҳо ва баҳои инфиродӣ барои хонандагони фаъол, нимфаъол ва ғайри фаъол вобаста ба усулҳои нави баҳогузорӣ шаффоф арзёбӣ карда шавад.
Гарчанде ки дар усули муносибати босалоҳият ба таълим вақт бемаҳдуд аст, риояи дуруст ва самарабахши он кори омӯзгори вақтшинос аст.
Кишваршоҳ Ниёзӣ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр