Савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масоили доғи рӯз ба шумор рафта, ҳамарӯза дар гӯшаву канори олам, махсусан, кишварҳои ҷангзада ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, аз ҷумла, занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнини одамфурӯшон мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар радифи кишварҳои мутараққии дунё ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо дастгирӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар намегузорад, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намоянд.
Бо мақсади пайдо намудани маълумоти бештар дар ин самт ва фаъолияти мутахассисони соҳа бо муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, подполковники милиса Шарифзода Исҳоқ Иброҳим суҳбат оростем.
- Муҳтарам Шарифзода, мегуфтед, ки барои аз байн бурдани амалҳои ношоиста, аз ҷумла, одамрабоӣ кадом санаду ҳуҷҷатҳо ба имзо расонида шудааст ва онҳо то кадом дараҷа мавриди амал қарор гирифтаанд?
- Бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо дар самти савдои одамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул шуда, санаи 2 январи соли 2019 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар баробари ин, бо қарори ҲҶТ аз 1-уми марти соли 2019, №80 «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» тасдиқ гардид. Бо мақсади иҷрои қарори мазкур нақшаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз 19 апрели соли 2019 аз ҷониби вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ гардида, барои иҷро ба ҷузъу томҳои мақомот ирсол карда шуд. Инчунин, аз 2 январи соли 2019 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Раёсати мубориза бар зидди ҷи-ноятҳои муташаккили ВКД ҶТ бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Айни замон таҳлили ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон аз рӯйи 10 моддаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
- Ба андешаи мо, барои аз байн бурдани чунин хатарҳо вохӯриҳо бо аҳолӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба манфиати кор аст.
- Дуруст аст, мувофиқи нақшаи кори РМЗҶМ ВКД ҶТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандон дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, оид ба пешгирии савдои одамон суҳбатҳои профилактикӣ доир карда шуд. Дар чунин ҳамоишҳо, аз ҷумла, ҷиҳати пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, ки мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ яке аз намуди меҳнати иҷбории кӯдакон ба ҳисоб меравад, гуфтугӯ ба амал омад. Ҳамчунин, вобаста ба ин, дар бозорҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор тамоми кормандони мутасаддии вазорат давра ба давра сафарбар карда шуда, санҷишҳои муштарак аз рӯйи нақша гузаронида мешаванд.
Таҳлилҳои оморӣ муайян карданд, ки айни замон қариб тамоми аҳолии минтақаҳои пахтакори ҷумҳурӣ аз ин талабот огоҳ буда, барои пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои дахлдор меандешанд. ВКД ҶТ назоратро аз болои фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои ба кор таъминкунӣ, миёнаравии издивоҷи байналмилалӣ, тиҷорати байналмилалӣ бо мақсади пешгирӣ намудани истифодаи имконияти онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои савдои одамон пурзӯр карда, фаъолияти онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад. Бояд гуфт, дар қонунгузории тамоми давлатҳои пешқадами ҷаҳони имрӯза ва давлатҳои узви СММ мафҳуми савдои одамон аз моддаи 3 – и протокол «Дар бораи пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон», хусусан, занону кӯдакон ва ҷазо барои ин амал дар СММ бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ сарчашма гирифтааст.
- Оё метавонем, аз фаъолияти вазорат тавассути факту рақамҳо бо чанд далели ошкоргардида шинос гардем?
- Албатта, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, вобаста ба савдои одамон нишон дод, ки дар 5 моҳи соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ 28 (дар соли 2017 ин адад 32 ҳолатро нишон медод) ҷиноятҳои мансуб ба савдои одамон ба қайд гирифта шудаанд. Аз тарафи ВКД ҶТ дар панҷ моҳи соли 2019 бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ВКХ ҶТ 2 нафар қурбонӣ аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Барои гирифтани кумаки тавонбахшӣ ва барқарорсозӣ 16 нафар қурбонӣ ба Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Маркази расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон равон шудаанд, ки аз онҳо 10 нафар қурбонии савдои одамон ва 6 нафар ҷабрдидагони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ буданд. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ як ҳолати ҷинояти савдои одамон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ муайян ва ба қайд гирифта шуд. Қурбониёни ин ҷиноят низ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
- Барои пешгирӣ ва тарғиби аз байн бурдани ҷиноятҳои вобаста ба масъалаи номбаршуда кадом усулҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд?
- Бо мақсади таҳлил ва мониторинги вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон дар заминаи Маркази муқовимат ба савдои одамон РМЗҶМ ВКД ҶТ махзани ягонаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ташкил карда шудааст. Дар Академияи ВКД бошад, курсҳои махсус ва курсҳои мунтазами такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида мешаванд. Бо ташаббуси ВКД дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди ҲҶТ телефони миллии боварии муқовимат бо савдои одамон – 227 – 07 - 07 фаъол гардонида шудааст.
- Мехостам дар бораи баъзе тағйироту иловаҳо вобаста ба қонуну ҳуҷҷатгузориҳо маълумот медодед. Ҳамзамон, мегуфтед, ки байни ифодаҳои «хариду фурӯши одамон» ва «савдои одамон» чӣ тафовуте ҳаст, оё ин ду мафҳум ҳаммаъноянд?
- Бо мақсади пешгирӣ намудани бархӯрди ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 январи соли 2019, №1554) дар бораи истифодаи меҳнати ғуломона ва моддаи 132 (ҷалби одамон барои истисмор) аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Инчунин, тамоми мафҳумҳои «хариду фурӯши одамон», ки дар моддаҳои мухталифи Кодекси ҷиноятӣ оварда шудаанд, ба «савдои одамон» иваз карда шуданд.
Тибқи тағйироти мазкур мафҳуми савдои одамон чунин оварда шудааст: Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифода намудани гунаҳкор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад.
Ҷинояти мазкур яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудаст. 1. Объекти ин ҷиноят озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият ба ҳисоб меравад. 2. Тарафи объективии ин ҷиноят дар ҳаракатҳои фаъол, яъне, дар харидан ва ё фурӯхтани одамон ифода мегардад. Чунин кирдор, новобас-та аз розигии ҷабрдидагон ҷиноят эътироф карда мешавад. 3.Тарафи субъективии ҷинояти тафсиршаванда дар қасди бевосита ифода мегардад, Яъне, гунаҳгор дарк менамояд, ки ҷабрдидаро ҳамчун мол мехарад ва ё мефурӯшад ва хоҳиш дорад, ки чунин кирдорро анҷом диҳад.
Хуллас, савдои одамон амали номатлубест, ки давлат ва ҳукумат ҳамеша аз пайи решакан намудани ин ҷинояти вазнин мебошад. Дар ин самт аҳолӣ низ бояд саҳм гузоранд, зеро бетарафӣ ҳеҷ гоҳ моро ба ҳадафҳои ояндаи созандагии миллиамон нахоҳад бурд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр