Дар рӯзгори мо огоҳона омӯхтан ва омӯзондани таърих муҳимтарин шарти комёб шудани аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин кор бо саъю талоши омӯзгорони соҳибтаҷрибаю донишманд амалӣ мегардад. Ин масъала борҳо дар суханрониҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд. Гузашта аз ин, як бахши муҳими китобҳои Сарвари давлат ба таърихи ибратбахши миллати тоҷик бахшида шудааст. Яке аз онҳо «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун» ном дорад. Китоб аз ду мақолаи пурмазмун ва таҳрикдиҳанда «Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ» ва «Зиёиён - парчамдорони илму маърифатанд» иборат аст. Дар мақолаи аввал рисолати инсон огоҳона ва ҳақиқатнигорона бозгӯ шудааст: Инсоният дар тӯли таърихи зиндагии худ барои наҷот ва як рӯзгори бехушунат ва озодона он қадар зиёд китобҳо ва ҳатто осори барномавии зист тавлид кардааст, ки агар онҳоро рӯйи ҳам чинем, сутуни осмон шаванд, вале чун фитрати худододиашро аз рӯйи маниши нек ва шинохти ваҳдати инсон ва ҷаҳон тарбият ва ба камол нарасондааст, хушбахт нест, агар ҳаст, тамъ ва лаззати равониву маънавӣ надорад. Ин як ҳақиқат аст, ки имрӯз башар барои эълони он вазифадор аст».
Оилаи халқҳои ҷаҳон ба ҳамдигар робитаи мустаҳкам доранд, вале ин ҳақиқатро як гурӯҳи ифротгаро ва бадхоҳ нодида мегиранд. Натиҷаи ин нодида гирифтанҳост, ки дар чандин давлати олам ошӯбу ҷангҳои бемаънӣ идома дорад. Башарият бояд китоби таърихро дигаргунатар, бо чашми дил бихонад. Дар чунин як марҳилаи ҳассоси таърихӣ, мо, сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам бояд дар сафи пеши ободгарон ва сулҳпарастони ҷаҳон бошем. Инқилоби техникии имрӯза ҳанӯз далели ба камолоти маънавӣ расидан нест. Инсоният бояд, пеш аз ҳама, эҳсоси ҳамдилию дӯстӣ ва бародариро дар ниҳоди худ парвариш диҳад. Бе ин эҳсоси шариф дар гумон аст, ки аҳли сайёра аз фитнаи ифротгароию терроризм наҷот ёбад. Дар ин роҳ таърих ҳидоятгару омӯзгори аҳли сайёра аст. Ҳикмати машҳури устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бурҳони раднашаванда аст.
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор
ояд.
Агар шогирдони мо китобҳои дар мавзӯи таърих наавиштаро огоҳона хонанд, роҳи ояндаи худро дақиқ муайян карда метавонанд, зеро фанни таърих оинаи раҳнамост.
Татяна Клементева,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
литсейи инноватсионии
«Душанбе» -и назди ДТТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр