Бо омадани фасли гармо ҳар яки мо кӯшиш мекунем, ки ба тамошои табиат баромада, ба кӯҳнавардию оббозӣ машғул гардем ва бадани худро обутоб диҳем. Сайёҳат дар ҳавои тоза, оббозӣ дар кӯлу дарёҳо чӣ қадар ба одам ҳаловат мебахшад.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки андаке беэҳтиётӣ ҳаёти моро зери хатар мегузорад. Бинобар ин, ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳои ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард. Тибқи омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯлу дарёҳои кишвар дар соли 2017 170 нафар ва соли 2018 140 нафар ғарқ шудаанд, ки аксарияти онҳоро наврасон ташкил медиҳанд.
Шаҳрвандони кишварамон дар кӯлу дарёҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ (соли 2018) 42 нафар, худкушӣ 5 нафар, беэҳтиётӣ 22 нафар, бемории рӯҳӣ 7 нафар, беназоратӣ 10 нафар ва садамаҳои нақлиётӣ 13 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба соли 2017 (170 нафар) 30 ҳодиса камтар мебошад. Аз 140 нафари ғарқшуда 49 нафарашро шаҳрвандони то синни 17-сола ташкил медиҳад. Ҳарчанд дар муқоиса бо соли 2017 9 ҳодисаи ғарқшавӣ камтар ба қайд гирифта шудааст, аммо ин рақам ҳанӯз ҳам ташвишовар аст.
Сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед Камолов иброз дошт, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун, аз қабили мастӣ, ҳангоми моҳигирӣ, бемориҳои рӯҳӣ, беназорат мондани кӯдакон дар об ғарқ мешаванд. Баъзан ҳангоми садамаҳои автомобилӣ мошинҳо ба кӯлу дарёҳо меафтанд ва мусофиронашон дар об ҳалок мешаванд. Бахши аъзами шаҳрвандон, хусусан, наврасон бештар бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Ба огоҳию тавсияҳо таваҷҷуҳ намекунанд, хатарҳои мавҷударо ба назар намегиранд. Мувофиқи маълумоти фаврие, ки аз ситодҳои вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ ба кумита ворид гардидааст, дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 50 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар шаш моҳи соли 2018 54 нафарро ташкил медод. Хушбахтона, имсол 4 ҳодисаи нохуш камтар аст. Тавре аз оморҳо маълум мегардад, дар шашмоҳаи соли 2018 24 нафари то синни 17-сола ва дар соли 2019 бошад, 27 нафари то синни 17-сола ғарқ гардидаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол 3 нафар зиёд аст. Ин рақамҳо баёнгари онанд, ки наврасон аз таваҷҷуҳи волидон дур мондаанд ё ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя намекунанд.
Сардори шуъбаи раёсати ҳифзи шаҳрвандии сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кумитаи мазкур, полковник Тоҷиддин Маҳмадов гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ниҳоди номбурда бо бисёре аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода зери унвони «Омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода» дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар корҳои огоҳонӣ ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Дар семинару ҳамоишҳое, ки ба наздикӣ дар чандин истироҳатгоҳи фароғатии беруназшаҳрии ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ба насли наврас аз оқибатҳои беэҳтиётию бетаваҷҷуҳӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ маълумот дода шуд. Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ буклету китобчаҳои зиёде чоп карда, ба аҳолӣ дастрас гардонидем, ки дар он дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ маълумоти фарогир ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма ба сокинони мамлакат оид ба вазъи обу ҳаво пайваста маълумот пешниҳод мегардад. Аммо аксар вақт шаҳрвандон ё ин огоҳиҳоро намешунаванд, ё нодида гирифта, қасдан риоя намекунанд.
Вақте Т. Маҳмадов ин нуктаро мегуфт, ба ёди ҳодисае, ки чанд сол пеш рух дода буд, афтодам. Бо фарзандон ба Кӯли ҷавонони пойтахт тамошо рафта будем. Аксар аз истироҳаткунандагон бо қаиқҳо кӯлро давр мезаданд. Ногаҳон аз миёнаи кӯл садои доду фарёд баланд шуд. Чанд нафар ба об ҳам даромаданд, аммо бенатиҷа. Баъд аз чанд муддат наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавонеро аз қаъри кӯл ёфта, бароварданд. Аз нақли писари холаи марҳум маълум шуд, ки ҷавон сокини яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ будаасту 2-3 рӯз пеш барои таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои кишвар ба шаҳри Душанбе омадааст. Ҳангоми ба миёнаи кӯл расидан ӯ гуфтааст, ки шиновари хуб аст ва аз қаиқ ба кӯл парида, хостааст оббозӣ кунад. Аммо пас аз он ки ба об медарояд, обсабзҳо ба пойҳояш печида, дигар ба болои об баромада наметавонад ва ба ҳалокат мерасад.
Ба гуфтаи Тоҷиддин Маҳмадов, бо риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ метавон аз фалокатҳои зиёде пешгирӣ кард. Ин фикр хатост, ки инсон ҳангоми ғарқ шудан фарёду фиғон бардошта, мардумро ба ёрӣ даъват мекунад. Маъмулан, одаме, ки ғарқ мешавад, сару садо намедиҳад, зеро ӯ фурсат ва қуввати дод заданро надорад. Муборизааш фақат баҳри нафас кашидан аст. Одами ғарқшударо дар муддати 6-7 дақиқа наҷот додан мумкин аст. Ба ғарқшуда аз тарафи қафо омада, аз мӯйи сар ё бо дасти чап аз зери гардан гирифта, рӯяшро аз об берун намуда, ба тарафи соҳил бояд шино кард. Дар соҳил ба ғарқшуда ёрии аввалини тиббӣ расонидан лозим аст. Агар ӯ беҳуш бошад, аввал даҳонашро кушоед. Агар дар даҳонаш рег ё гил бошад, сарашро ба як тараф гардонида, даҳони ӯро бо ду ангушт тоза намоед. Баъдан вайро ба шикам дар болои зонуи худ гузошта, чанд маротиба аз боло ба поён пушташро зер кунед, то об аз шушҳояш хориҷ шавад. То расидани ёрии таъҷилӣ ҷабрдидаро ба болои чизи сахт хобонида, миёнбанду тугмаҳои куртаашро кушоед ва нафаси сунъӣ диҳед ва дилашро масҳ намоед. Масҳи кӯдакону наврасон хеле осон аст, зеро қафаси синаи онҳо ниҳоят чандиру ёзанда аст. Ба кӯдакони то 12-сола бо як даст бо суръати 30-60 ҳаракат дар як дақиқа масҳ дода мешавад. Қафаси синаро метавон ба 1,5-2 см фишор дод. Агар хаста шудед, бигзор ягон кас шуморо иваз намояд, вале назорат бояд бурд, ки кумаки эҳёгариро босаводона амалӣ намояд.
Аҳолиро зарур аст, ки барои эмин мондан аз ҳодисаҳои ногувори вобаста ба об қоидаҳои бехатариеро, ки мутахассисону масъулони соҳа таъкид мекунанд, сарфи назар накунанд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр