Нашрияи Омӯзгор

Озмуни квотаи Президентӣ: бемасъулиятӣ то ба кай?

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф рӯз аз рӯз бештар гардида, барои ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба таҳсил имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Яке аз иқдомҳои шоиста, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, озмуни квотаи Президентӣ маҳсуб меёбад.

Дар асоси ин озмун ҳазорон нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаву дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо доранд. Ҳамасола дар моҳи июн даври сеюми озмун дар марказҳои вилоятҳо амалӣ мегардад. Ҳамин тавр, аз  6 то 16 июни соли 2019 дар маркази шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври сеюми суҳбат бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Озмун тибқи талаботи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №428) ва Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017, №546) дар ҳайати комиссияи муштарак бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои ноил гардидан ба 244 ҷой (бо 70 ҷойи иловагӣ) аз 8 шаҳру ноҳияи вилоят 914 нафар довталаб дар суҳбат ширкат варзиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои банди 82 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 11 то 15 сентябри соли 2018 баён доштанд, аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 ҷойи иловагӣ аз рӯи ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардида буд.

Мутаассифона, таҳлил ва натиҷагирӣ нишон дод, ки шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баргузории суҳбати даври якуму дуюм ба камбудию норасоиҳо роҳ додаанд. Махсусан, ин ҳолат дар кору фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Дарвоз ва Ванҷ ба чашм расиданд. Аз ҷумла, кормандони масъули шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои зикргардида ба комиссияи ҷумҳуриявӣ тибқи талаботи банди 9-и Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои довталабонро пешниҳод карда натавонистанд. Камбудии дигаре, ки дар рафти суҳбат ошкор гардид, ба баъзе ҷойҳои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва фарҳанг пешниҳод намудани 1-2 нафар довталаб буд. Бинобар ин, аъзои комиссия маҷбур шуд, ки барои ин ихтисосҳо суҳбати такрорӣ баргузор намояд.

Тибқи талаботи банди 16 Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017, №546) «Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар озмуни ноҳиявӣ (шаҳрӣ) иштирок ва соҳиби роҳхат ба суҳбати ҷумҳуриявӣ гардидаанд, метавонанд дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок кунанд». Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ бархилофи талаботи мазкур ду нафар донишҷӯи курси якуми коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро аз суҳбати даври ноҳиявӣ гузаронида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат додааст. Ин ҳолат норозигии волидайн ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявиро оварда, барои баргузории суҳбати даври ҷумҳуриявӣ монеа эҷод кард. Тааҷҷубовар он аст, ки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19 ва 10-и ноҳияи Ванҷ ба ҳарду довталаб ҳамчун хатмкунандаи муассисаи таълимӣ роҳхат ва нусхаи қарори Шӯрои педагогӣ додааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки аз тарафи кормандони масъули шуъбаи маорифи ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти баргузории даври якум ва дуюм тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.

Баъзе аз довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Мурғоб, Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз рӯи фанҳои алоҳидаи ихтисосҳои интихобкарда дониши паст нишон дода, ба саволҳои тестӣ ҷавоб дода натавонистанд.

Аз ин рӯ, масъулини шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мебояд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ андешанд.

 

Сафарбой САМАТОВ,

сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ  ва баъдидипломии Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш