Бо иштироки Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва мудири шуъбаи маориф Муҳайё Акмалхӯҷаева ба фаъолияти даври аввали урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» оғози расмӣ бахшида шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз»-и Хуҷанд бори аввал бо ҷалби беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, тамоми роҳравҳои асосии урдугоҳ сафолакпӯш гардида, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, ҳаммом ва саҳнаи гузаронидани чорабинӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифтанд. Саҳни урдугоҳ ва роҳҳои асосию канории он пурра бо чароғҳои муосир таҷҳизонида шуда, хобгоҳи бошандагони он бо шароити лозимӣ таъмин карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода соли ҷорӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаю созгор ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон 3 маротиба ба урдугоҳи «Парвоз» омада, ба масъулини сохтмон дастур дода буд, ки ба корҳои таъмиру таҷдид суръат бахшида, баҳри босифат анҷом додани он тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Ҳудуди урдугоҳи «Парвоз» беш аз 5, 6 гектарро ташкил намуда, дар он 4 бинои хобгоҳи умумии истироҳатӣ бо фарогирии беш аз 200 нафар истироҳаткунанда мавҷуд аст. Дар ин ҷо дар баробари ошхона, ҳавзи шиноварӣ ҳамзамон амфитеатр, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст.
Дар бахши аввал ба урдугоҳ хонандагони фаъолу боистеъдод ва ятиму камбизоати шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр