Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз шароити созгор, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ гардонидани онро ба стандартҳои байналмилалӣ меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, дар ин раванд бо гузашти чанд марҳила, се ихтисоси амалкунандаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт ва соҳиби шаҳодатномаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон гардид.
Дар Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз аккредитатсияи байнал-милалӣ гузаштани ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон падидаи муҳим ва дастоварди назарраси соҳаи маориф арзёбӣ гардида, интиқоли таҷриба дар роҳи тартиби гузариш аз аккредитатсияи байналмилалӣ таъкид ёфт ва семинари омӯзишӣ роҳандозӣ гардид.
Семинари ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва тартиби гузаронидани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Дар кори семинар сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Фахриддин Ҳайдаров, мушовири Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон Гулнар Исакова, коршиносони хориҷӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ширкат варзиданд.
Фахриддин Ҳайдаров аз корҳои анҷомдодаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, ташкили технопаркҳо, такмили ихтисоси кормандон ва омӯзгорон, рушд бахшидани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва омӯзгорон, ягонагии нақша ва барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ, ки дар роҳи ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона шудааст, сухан кард. Сипас, таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти гузаронидани ихтисосҳои амалкунанда аз аккредитатсияи байналми-лалӣ, моҳият ва талаботҳо аз тариқи презентатсияҳо ба самъи ҳозирин расонида шуд. Маҳмудхон Тошматов–муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси ташхисгари хориҷӣ аз марҳилаҳои гузариши аккредитатсияи байналмилалӣ сухан кард.
Мақсад аз баргузории семинари омӯзишӣ интиқоли таҷриба дар роҳи омода намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои гузаштан аз акрредитатсияи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Б.ҳакимова,
сардори шуъбаи таҳлил ва
робита бо ҷомеаи ДДҳБСТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр