1 июли соли 2019 барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст.
Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст. Дар ин бора ба мо аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз (1 июл) дар ин имтиҳон иштироки 15999 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, дар назар аст. Дар соли 2019 шумораи умумии довталабони номнависшуда зиёда аз 106 ҳазор нафарро ташкил дод. Соли ҷорӣ бори нахуст қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба роҳ монда мешавад. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ба 8712 нафар баробар аст.
Даври асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқар-раршуда аз 1-ум то 13-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки имтиҳони қисми А барои довталабони ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ) то 7-уми июл идома меёбад. Имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо аз 8-уми июл оғоз гардида, то 12-уми июл идома меёбад. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳони қисми АБ-9-ро рӯзи 13-уми июл месупоранд.
Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш), бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2 рӯзӣ гузаронида мешавад:
- рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо рақами тоқ тамом мешавад ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;
- рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратиашон бо рақами ҷуфт тамом мешавад.
Ҳамчунин, барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо беш аз 2000 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот беш аз 100 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ 141 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла, инҳоро риоя намояд:
1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- даъватнома;
- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад).
Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;
- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:
- суҳбат ва ёрӣ расонидани довталабон ба ҳамдигар;
- бе иҷозати маъмури имтиҳон аз ҷой хестан ва ё дар синфхона рафтуомад кардани довталаб;
- додугирифти довталабон варақаи ҷавобҳоро байни ҳамдигар;
- ашё ва маводеро, ки истифодаашон дар имтиҳон мамнуъ аст, бо худ доштани довталаб.
Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.
Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақа(ҳо)-и ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тестии дар сомонаи марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақа(ҳо)и ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.
Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ дар доираи ИМД ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз қатори марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст.
Эълони натиҷаҳои имти-ҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 25-уми июл ба нақша гирифта шудааст, - иттилоъ доданд аз Маркази миллии тестӣ.
Н. САНГИНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр