Нашрияи Омӯзгор

Маориф – васлгари дилҳо

Сана: 2018-04-23        Дида шуд: 763        Шарҳ: 0

Меҳр аст дигар ҳамеша  ҷои дили мо,

Сад банд кушода  шуд барои дили мо.

Ҷомӣ ба кафаш ҷоми фараҳ  бигрифта,

Маст аст Навоӣ аз навои  дили мо.

(Давлат Сафар)

Халқҳои ду кишвари  ҳамсоя –Тоҷикистону Ӯзбекистон  шоҳид буданд, ки 9 марти  соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, меҳмони  олимақом Шавкат  Мирзиёевро гарму самимӣ ба  оғӯш  гирифтанд. Оғӯши  сарварони ду давлат  чунон гарму самимӣ буд, ки оғӯши  ду шахси азизу меҳрубон, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва  Алишер Навоиро  пеши назар  меовард. Ин ду шахси бузург, ки дар асри  XV  умр ба сар бурданд, ҳамчун зиёии равшангар хуб дарк  мекарданд, ки дӯстиву бародарӣ муфту  ройгон ба каф намеояд: баҳри он бояд мубориза бурд, дастовардҳоро ҳифз намуд  ва бар ояндагон ба мерос гузошт. Ин мероси  гаронбаҳо, яъне дӯстиву бародарии халқҳои   тоҷику ӯзбек бештар аз  500 сол давом  кард ва дар  аҳди шӯро тавассути  нависандагону шоирон, чун устод он Сад-риддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим  Улуғзода, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом ба комёбиҳои  назаррас ноил  гардид.

Дӯстии тоҷикону ӯзбекон, чи  дар асри XV  ва чи дар асри XX, собит намуд, ки дар кохи бегазанди бародарӣ  на забон, балки дилу ҳамдилӣ нақши  бориз дорад. Ин  маънӣ  дар қитъаи  зерини Ҷалолиддини Балхӣ, ки  Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ӯро “пайвандгари дилҳо  ва тамаддунҳо ” тасвир бахшидаанд, хеле хуб ифода  ёфтааст:          

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо  номаҳрамон чун бандӣ  аст.

Ай басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Ай басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз  ҳамзабонӣ  беҳтар аст.

Байни  ин ду халқ - тоҷику  ӯзбек ҳамзабонӣ нест, балки ҳамдилию ҳамдинист, ки  ба маротиб афзалтар аст аз ҳамзабонӣ. Маҳз ҳамин ҳамдилист, ки  фарҳангу адабиёт ва  мактабу маорифи моро бо ҳам наздику қарин гардондааст. Ва дар  саргаҳи он мактабу маориф устод Садриддин Айнӣ  қарор доштаанд. Академик Ойбек  менависад: “Ҳар вақте ки бо устод Садриддин Айнӣ дар  анҷумани   нависандагон  ё маҷлиси Академияи илмҳо вомехӯрдам, дилам шод мешуд. Ман аз маслиҳатҳои  дӯстонаи ӯ  ҳамеша шод мешудам. Фахр мекардам, ки  чунин устоди бузург дорам.” Аҳли мактабу маориф ҳам фахр мекард, ки таҳдоби мактабҳои усули нав (ҷадид) бо дастони шахсиятҳои бузург рехта мешуд. Устод Садриддин Айнӣ барои чунин мактабҳо ҳам  ба  забони тоҷикӣ,  ҳам ба забони ӯзбекӣ китобҳои  дарсӣ, дастурҳои  методӣ  менавишт, маслиҳатҳо медод, дарс мегуфт.

Ба ибораи дигар, устод Айнӣ яке аз муаллимони нахустини мактабҳои усули  нав буд, ки  ба ҳар ду халқ- тоҷику ӯзбек тааллуқ дошт. Ба ин  маънӣ мо метавонем ӯро бун-ёдгузори пули мактабу маорифи тоҷикону ӯзбекон номем. Ин пул  дар аҳди шӯро наларзид, балки побарҷо монд. Шоҳиди ҳол будам, ки хусусан, аз солҳои 70 то 90- уми асри бист мутахассисони ӯзбек аз Тошканд ба  Душанбе  меомаданд, ба  такмили ихтисоси муаллимони ӯзбекзабон машғул мешуданд. Дар навбати худ мо ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд мерафтем. Дар курсу семинарҳои  муаллимони тоҷикзабон, ки он солҳо хеле зиёд буданд, дарс мегуфтем. Омӯзгорони  тоҷикзабон дар тамоми гӯшаю канори Ӯзбекистон олимон- методистон Абдуғанӣ  Эшонҷонов, Равшан Давлатова, Ҷамила Аҳмадова, Аҳсана Ҳамидова  ва  муаллифи ин сатрҳоро  бесаброна  интизор  буданд. Семинарҳо бештар зимистон, дар  давраи таътил  доир  мешуданд. Ҳаво махсусан, дар  Самарқанд  сард буд, аммо дилҳо, ки гарм буданд,  сардиҳоро  ҳис намекардем. Банда, ки  беш аз сӣ сол муаллифи “Алифбо”-и тоҷикзабон  будам, мактаб ба  мактаб рафта, дарсҳои таълими саводро мушоҳида  мекардам, маслиҳатҳо  медодам.

Ин робитаи  омӯзишию  маърифатӣ то замони истиқлолияти давлатии  Тоҷикистону Ӯзбекистон давом кард. Мантиқан истиқлолият бояд ба ин робитаҳо  рӯҳу равони  тоза  мебахшид.  Мутаассифона,  чашми  бад  расид, робитаҳо  канда шуданд. Аз ин канданиҳою шикастанҳою  рехтанҳо омӯзгорону  хонандагони ӯзбекзабону тоҷикзабони  ҳар ду ҷониб  беш аз 27 сол зарарҳо диданд.

Ва инак, ақли солиму хирад боло гирифт, давлатҳои  соҳибистиқлоли Тоҷикистону  Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Пешвои  миллат – Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат  Мирзиёев ба  ҳам омаданд, дӯстии  анъанавӣ ва ногустании таърихию маърифатӣ  аз нав барқарор  гардид. Чи тавре ки роҳбарони  ҳар ду кишвар борҳо таъкид карданд, ин дӯстию  бародарӣ дар таърихи  навтарин  бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дарахти ин дӯстӣ  аллакай бор меорад. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саид Нуриддин  Саид чанде пеш дар вохӯрӣ бо аҳли қалам таъкид кард, ки нақшаҳо омодаанд, ба наздикӣ рафтуомади аҳли маориф оғоз меёбад ва ин  нияти неку пурбору пурфайз аст:  маориф ва аҳли он, воқеан ҳам,  васлгари дилҳост. Он аз омӯзгорон ба талабаҳо,  аз онон ба падару модарон  ва аз онон  ба  аҳли кишварҳо лафз  ба лафз паҳн шуда, фарову  фарогир  мешавад. Васли дилҳо, ки тавассути аҳли  маориф  ба амал  меояд, ногусастанист.          

Муҳаммад  Лутфуллозода,

академики АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш