Нашрияи Омӯзгор

Санги асос гузошта шуд

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят беш аз 50 адад мактабҳои нав сохта шуда истодааст, ки онҳо то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар ин радиф, ҳамчунин, сохтмони беш аз 15 адад кӯдакистон низ дар шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад, ки муаммои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро марҳила ба марҳила ҳал хоҳанд намуд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди бинои иловагӣ муассисаи таълимии №5  аз 3 ошёна иборат буда, бо назардошти фарогирии 280 нафар хонанда дар як баст то охири соли ҷорӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар таҳхонаи бинои мактаб, ҳамзамон, озмоишгоҳҳои замонавӣ ва китобхонаи муосири электронӣ  бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари бинои иловагии мактаби №5 идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаши он «Суғдшаҳрофар» мебошад. Сохтмони он аз ҷониби ширкати сохтмонии «Авиетсена» амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи харҷномавии бино 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо назардошти хизматҳои шоёни собиқадорони маориф соли ҷорӣ бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 200 нафар омӯзгорони соҳибтаҷрибаи шаҳру навоҳии вилоят ба истироҳатгоҳи «Зумрад» фиристода мешаванд. Ҳамчунин 10 нафар омӯзгори соҳибтаҷрибаи мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд бо мусоидати роҳбарияти вилоят дар осоишгоҳи «Баҳористон» истироҳат хоҳанд намуд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш