Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ва илм тақвияту густариш бахшид.
Айни ҳол дар ин ҷода бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси “Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф” аз 10 январи соли 1997 ба роҳ монда шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки 9-10 марти соли 2018 ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм” ба имзо расид, ки саҳифаи нави ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм ифтитоҳ намуд. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм зимни сафари давлатии ҷавобии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 17-18 августи соли 2018 “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот” ва “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ба имзо расиданд.
Дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои муқаррароти “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм”, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018 зиёда аз 43 созишномаи ҳамкорӣ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар бар мегиранд, баста шуданд. Дар ин самт устодон ва коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар барномаҳои байналмилалӣ-минтақавӣ (UNESCO, CAEP, gSmart, UNIWORK, INTERASIA, gSmart – Spatial ICT Infrastructures for Smart Places) дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои таълимию методӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд. Аз ҷумла, соли 2018 62 нафар устоду донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок карданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1820 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд. Бештари онҳо муҳассилини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикис-тон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мебошанд.
Бояд зикр кард, ки дар доираи ҳамкориҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1316 адад адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ ирсол намуд.
Ҷиҳати такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ҳамкориҳо густариш меёбанд. Аз ҷумла, дар конфронси илмие, ки дар Донишкадаи забонҳои шаҳри Самарқанд доир гашт, намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ширкат намуданд. Дар конфронси мазкур аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 40 китоб, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 50 китоби фаннӣ бо забони тоҷикӣ ва 2,5 ҳазор китоби электронӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ - 76 китоби дарсӣ ба ҷониби Ӯзбекистон тақдим гардид.
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 номгӯи китобҳои бадеӣ барои синну соли калони мактабӣ ва 39 номгӯ китобҳои бадеии бачагона ба теъдоди умумии 590 нусха бо маблағи 3 739 сомонӣ барои хонандагони тоҷикзабони мактаби миёнаи рақами 47-и ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ройгон тавассути Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардонида шуд. Айни замон, чопи китобҳои дарсии «Ӯзбек тили» барои синфи 9-ум (муаллифон: А. Бердиев Р. Хидиров) ба теъдоди 11 000 нусха ва «Адабиёти ӯзбек» барои синфи 11-ум (муаллифон: Б. Муминов ва дигарон) ба теъдоди 11 000 нусха барои хонандагони ӯзбекзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мутарҷим Ҳ.Бердиқулов ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуд. Китоби номбурда дар ду қисм омода шуда, корҳои таҳрир, тасҳеҳ, ороиш ва саҳифабандии он дар Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Барои ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани китоби номбурда мутарҷим Ҳ.Бердиқулов аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мукофоти давлатии ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шудааст.
Соли ҷорӣ барои ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани китобҳои дарсии дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда аз ҳисоби мутахассисони варзида ва муаллифони китобҳои дарсӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Китоби дарсии “Математика» барои синфи 1 аз тарафи муаллиф О.Шуайбова пешниҳод шуда, китобҳои дарсии «Математика» барои синфҳои 2-юм ва 3-юм низ дар арафаи чоп қарор доранд. Кор бо дигар муаллифон дар ин самт идома дорад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Илҳом Камолзода,
сардори раёсати муносибатҳои
байналмилалии Вазорати
маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр