Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Кӯшониён:

муассисаи нави таълимӣ мавриди

истифода қарор гирифт

Дар деҳаи дурдасти Эргаши Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар расми кушодашавии ин мактаби замонавӣ муовини вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Муассисаи мазкур аз 9 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 11 адад компютер, як тахтаи электронӣ, кабинетҳои физикаю биологияи муҷаҳҳаз бо навтарин аёнияти таълимӣ, хонаи муаллимон ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Мактаб бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм сохта шуда, дар корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо зиёда аз 9,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Акнун муҳассилин дар бинои зебою барҳаво ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбобҳои аёнӣ ва бо истифода аз технологияи муосир метавонанд дониши хешро такмил бахшанд.

Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону толибилмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дош-танд, ки кӯшиш менамоянд, то насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ба камол расонанд.

Хатлон:

хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ ба

истифода дода шуд

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди бинои раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон барои кормандон хобгоҳ ва майдони варзиширо мавриди истифода қарор дод.

Хобгоҳи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввали он барои кормандон ошхона бунёд шудааст. Бинои мазкур пурра бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардонида шуда, барои истиқомати 12 нафар корманд пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани майдони варзишии замонавӣ кормандон имкон пайдо мекунанд,  мунтазам ба машқу тамрин ва обутоби ҷисмонӣ машғул шаванд.

Истаравшан:

7 иншооти нав ба истифода

дода шуд

Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан 7 иншооти маишию хизматрасонӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ маҷмааи хизматрасонӣ дар ошёнаи сеюм, маркази омӯзиши забонҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рабӣ Отаев бо харҷи 1,5 млн. сомонӣ ва дар хиёбони Истиқлол бинои истиқоматӣ дар ошёнаи якум, маркази савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкор Илёс Холбоев бо харҷи 1 млн. 246 ҳазор сомонӣ қомат афрохтанд.

Дар ошёнаи сеюми маҷмаа Маркази омӯзиши забонҳо бо фаро гирифтани 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ дорои синфхонаҳои барҳаво, толори хониш ва ашёи хониш буда, дар он забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ, англисӣ, туркӣ ва чиноӣ бо ҷалби мутахассисони касбӣ омӯзонида мешавад. Хизматрасонии таълимӣ барои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ба наврасон ва ҷавонону донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Машғулиятҳо гурӯҳию фардӣ бо усули муосир ва бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами таълимӣ ҷараён мегиранд. Омӯзгорони ботаҷрибаи кишварҳои  Туркия ва Чин барои омӯзонидани ин забонҳо ҷалб шудаанд. Марказ имконият дорад, ки дар як вақт зиёда аз 50 нафарро ба таҳсил фаро гирад.

Дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, сокинон имкони бо нархҳои дастрас харидани маҳсулоти ниёзи аввалро пайдо карданд. Соҳибкорон ният доранд, ки дар ояндаи наздик дар  марказҳои савдо гӯшаи фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумиро низ ташкил намоянд.

Дар деҳаи Обҷувози Ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон корхонаи муосири парандапарварии «Мурғи заррин» ба фаъолият оғоз намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дилшод Ашӯров бунёд ёфтааст. Масоҳати корхона 0,30 га. фаро гирифта, бо харҷи 242722 сомонӣ сохта шудааст.

Ҳадафи асосии ташаббускорон ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо тухми хушсифати ватанӣ ва гӯшти паранда таъмин намудани шаҳрҳои Истаравшану Душанбе ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо ният доранд, ки содироти тухм ва гӯшти парандаро ба тамоми мамлакат  ба роҳ монанд. Дар ин корхона 10 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1000 сомонӣ таъмин шуда, оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон зиёд мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти «Нофароҷ» чойхонаи ҳозиразамони «Истаравшан» аз ҷониби соҳибкор Акмал Бобоҷонов бо харҷи 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Иншооти маишию хизматрасонӣ аз толорҳо, ҳуҷраҳои алоҳида, таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад. Бинои нав-бунёди муҳташами чойхона бо нақшу нигори зебову дилкаши бо  чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфта, ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст. Барои табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шуда, барои қабули мизоҷон шароит муҳайё карда шудааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан 450 иншоот бунёд мегардад. Соли 2019 баистифодадиҳии 152 адади он дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз 90-тои он мавриди истифода қарор гирифтааст. Соли 2018 бошад, 112 иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, маркази таълими забонҳо, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, чойхонаи миллӣ, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд.

Файзобод:

ду маркази саломатӣ мавриди

истифода қарор гирифт

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатӣ, яке дар деҳаи Дубеда ва дигаре дар Орифон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Марказҳои саломатии деҳаҳои мазкур  тибқи нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла, қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Иқдоми профессор Ғафурҷон Ҷӯраев

намунаи ибрат аст

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев  иқдоми наҷибе роҳандозӣ гардид.

Мавсуф ташаббус нишон дода, роҳи кӯчаи Муллоҳоҷӣ Ҷӯраевро, ки худ дар  ин кӯча истиқомат дорад, ба масофаи 300 метр ё дар ҳаҷми 1500 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои пасандозаш мумфарш намуд. Ғ.Ҷӯраев  ин амалашро саҳмгузорӣ дар шукуфоии Ватан маънидод намуд.

Бояд хотиррасон кард, ки чанде пеш кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 метр роҳи кӯчаи Сангинбой Полвоновро, ки аз назди муассисаи мазкур мегузарад, ба маблағи беш аз 23 ҳазор сомонӣ мумфарш намуданд.

Дар ин робита, метавон  аз чунин амалҳои хайрхоҳона мисолҳои зиёд овард. Бояд илова намуд, ки  тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли 2019 дар ҳудуди шаҳр таъмири 35,8 км роҳҳои мошингард ва дохилии шаҳраку  маҳаллаҳо пешбинӣ гардидааст, ки дар амалинамоии он ҳиссаи сокинон низ назаррас мебошад.

Тоҷикобод:

барои кӯдакон майдончаи

дилхушӣ бунёд гардид

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шарқиёни Ҷамоати деҳоти Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи соҳибкор Бегиҷон Худойдодов майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур бо маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Он бо таҷҳизоти замонавии варзишию дилхушкунанда барои кӯдакон таъмин гардида, баҳри солимӣ ва фароғати кӯдакони деҳот пешбинӣ шудааст.

То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 7 иншоот, аз ҷумла, биноҳои суди ноҳия, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва кӯчаҳои маркази ноҳия дар қисмати аввал мумфаршу чароғон гардиданд. Инчунин, як маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказии ноҳия ба истифода дода шуд.

Гулистон:

сохтмони маҷмааи нави истироҳатию

сайёҳӣ идома дорад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои истироҳату табобати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ бунёд гардида истодааст.

Дар ҳудуди ин иншоот барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонии он ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷуми бино корҳо идома доранд.

 

Таҳияи

Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш