Нашрияи Омӯзгор

Сафари расмии Пешвои миллат ба Беларус

Сана: 2019-07-05        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Маросими истиқболи расмӣ

28 июни соли 2019 сафари  расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар “Қасри истиқлолият”-и Беларус баргузор шуд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қасри истиқлолият” бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд.

Горди фахрии президентӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.

 

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус

Баррасии масоили ҳам-кории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз ёфта, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироии гарму самимӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯзаро мо имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо мешуморем.

“Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай характери шарикии стратегиро касб кардааст, баҳои баланд медиҳад” таъкид доштанд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Александр Лукашенко дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, аз имкону дидору мулоқоти созанда изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсии сатҳи олӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарии байни мамлакатҳо изҳор доштанд.

Чунин омодагӣ ҳамзамон барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд. Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.

Ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди робитаҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла, таъсиси корхонаи “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба бастубанди техникаи кишоварзии беларусӣ ва хизматрасонии техникӣ, ташкили коргоҳ оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, инчунин, истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ, афзоиши содироти меваю хушкмеваҳо ба Беларус ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими бар нафъи мардумони кишварҳо, дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистону Беларус, азнавсозии парки нақлиётии шаҳри Душанбе бо харидории троллейбусҳои истеҳсоли Беларус ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ гардид.

Ҳамкории зичу пурсамари ду кишвар дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД махсус таъкид карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои кибернетикиро муҳокима карданд.

 

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати расмии ду кишвар санадҳои зерин имзо гардид:

- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот;

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот;

- Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус;

- Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- Барномаи иҷроияи Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории илмӣ - техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2019-2020;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Беларусбанк” -и Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории байнибонкӣ.

Боиси хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расид, ки ин албатта, барои тақвияти муносиботи ҳамкорӣ заминаи воқеӣ фароҳам месозад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

 

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш