Ӯ пас аз бомуваффақият хатм намудани факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода солҳои 1976-1999 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи китобхонашиносии ҳамин донишкада фаъолият карда, соли 1999 директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот таъйин гардид. Аз соли 2007 иҷрои вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дошт. Солҳои 2010-2015 ба сифати мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ATT фаъолият намуд.
Фаъолияти илмӣ ва илмию омӯзгории С. Сулаймонӣ солҳои 1980-1983 аз давраи дар аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав таҳсил намуданаш оғоз гардидааст. Минбаъд ӯ пажӯҳишашро дар мавзӯи «Хадамоти китобдорӣ ба аҳолии ноҳияҳои баландкӯҳи Иттиҳоди Шӯравӣ: Масоили созмондиҳӣ дар мисоли ҶШС Тоҷикистон» давом дода, соли 1984 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. С.Сулаймонӣ ҳамчун олими пуркор тадқиқоти илмиашро идома дода, солҳои 1987- 1989 ҳамчун докторант дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав таҳсил кард ва соли 1995 дар Шӯрои илмии Академияи давлатии фарҳанги Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар мавзӯи «Дирӯз ва имрӯзи китобдории Ирон» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Ин олими пуркор солҳои 1991- 1992 ҳамчун коромӯз ва муҳаққиқи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Ирон фаъолият кардааст.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси профессор С. Сулаймонӣ соли 2003 Бунёди эроншиносони тоҷик таъсис дода шуд. Аз ҷониби маркази мазкур беш аз 50 китоб ва садҳо мақола бахшида ба Эрон ва эроншиносӣ нашр карда шуданд.
Аз соли 2010 профессор Сафар Сулаймонӣ барои дастёбии бештар ба пажӯҳишҳои бунёдии соҳаи педагогика дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба сифати мудири шуъбаи илм ва инноватсия ва баъдан ҳамчун сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият намудааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ маҷаллаи илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо номи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» таъсис ёфт.
Сафар Сулаймонӣ дар тӯли 45 соли фаъолияти илмию омӯзгориаш даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаи илмӣ, аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва маводи таълимӣ таълиф намуда, дар бисёр конфронсу симпозиумҳо, нишастҳои илмӣ маърӯзаҳои пурарзиш кардааст.
Осори илмӣ ва таълимии ин олими пурмаҳсул дар хориҷи кишварамон ба забонҳои арабӣ, русӣ ва инглисӣ ва бо хати форсӣ ба табъ расидаанд. Миқдори асарҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию педагогии ӯ аз рӯи китоби «Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ. Библиографияи монографӣ», ки соли 2016 нашр гардидааст, 873 номгӯйро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, осори гаронбаҳои ӯ «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» «Китобдории ҷаҳони савуми Шарқ», «Дирӯз ва имрӯзи китобдории Эрон», «Китобхонашиносӣ: китоби дарсӣ барои донишҷӯён», «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ», «Фарҳанги китобдорӣ», «Китобшиносии Эрон ва ислом», «Китобшиносии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ», «Педагогикаи фарҳанг», «Донишномаи фарҳангшиносии навин», «Педагогикаи фароғат», «Донишномаи навини ислом» (беш аз ҳазор саҳифа)… арзиши баланди илмӣ доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки профессор Сафар Сулаймонӣ муаллифи аввалин китоби «Фарҳангшиносӣ» ба забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ин китоб аз дидгоҳҳои навини методологӣ, арзишҳои тозаи илмӣ ва бунёди миллӣ таҳия шудааст. Беш аз 20 сол аст, ки китоби мазкур барои донишҷӯёну мутахассисон китоби рӯйимизӣ мебошад.
Профессор Сафар Сулаймо-нӣ дар омода ва тарбия намудани олимони ҷавони баландихтисос саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 50 нафар пажӯҳишгар рисолаи номзадиву доктории худро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрону Афғонистон ва Туркия дифоъ кардаанд.
Профессор Сафар Сулаймо-нӣ мактаби вижаи илмии худро дорост, ки он таваҷҷуҳи мутахассисон ва донишмандонро ба худ ҷалб намудааст. Ӯ чун олими тозакору дақиқназар, дар риштаҳои мухталифи фарҳангшиносӣ пажӯҳишҳои пурсамареро анҷом дод.
Ин инсони наҷиб дар байни донишҷӯён, аспирантҳо, омӯзгорону ҳамкасбонаш чун устоди бомаҳорат ва донишманд эътибори баланд дошта ва дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ низ намунаи ибрат буд.
Ҳамагон ӯро чун шахси меҳрубон, дилсӯзу ғамхор, софдилу поквиҷдон, олими сермаҳсул ва олиҳиммату босадоқат мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Ӯ чароғеро мемонд, ки сафояш маҳфили дӯстонро меафрӯхт, ҳастиаш хуршедсон қалбҳоро гарм мекард.
Аз ӯ кори неку номи нек боқӣ монд. Ва барҳақ фармудаанд, ки:
Ҳар кӣ кори нек карду нек зист,
Номи некаш посдори ӯ бувад.
Умарҷон Юлдошев,
доктори илмҳои
педагогӣ, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр