Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳони рози инсон дар суруд аст

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Бадахшони Тоҷикистон бо кӯҳсорони осмонбӯсу обшорони фаровонаш, бо ҳавои  рӯҳнавозу гулу гиёҳони дармонбахшаш, бо парандаю чарандаҳои беназираш ва муҳимтар аз ҳама, бо мардумони шарафманду сарбаланду ҳунарпарвараш дар саросари ҷаҳон шуҳратёр аст.

Зебоияш ҳамто надорад. Осорхонаи ҳуснро мемонад ин гӯшаи биҳиштосои Ватани маҳбубамон. Ва дараи Ғунд аз беҳтарин «экспонат»-ҳои ин осорхона аст, ки ҳар бинандаро дарзамон мамнуну мафтун мекунад. Деҳаи Вуж ба гунаи гулдастаест дар оғӯши ин дараи афсонавӣ. Устод Қобилшо Подшоев дар ҳамин деҳаи ҳусноро чашм ба олам кушодаву ба камол расидааст. Ӯ бо гузашти айём ва амри қисмат аз канори зодгоҳи азизаш дур рафт, аммо то ҳаст, як пора дил дар деҳи Вуж дорад. Дар ин ҷо ӯ аз оғӯши гарму муҳаббати самимии падару модар баҳравар гашт, дар пуштаву пайраҳаҳо афтодаву хеста ҷисмашро обутоб дод, аввалин ҳарфу ҳиҷову сухан омӯхт, хатнавису китобхон шуд. Ширинтарин хотироташ ҳанӯз ҳам иртибот бо ин нозаниндеҳа доранд. Қобилшои хушовоз аввалин сурудҳояшро бо дили кӯчаки саршор аз орзуҳои кӯдаконааш дар сари девору болои дарахту симчӯбҳо ва сахраҳои зодгоҳаш замзама кардааст. Маҳину муассиру рӯҳнавоз суруд мехонд ӯ. Раҳгузарҳо рӯи сангу кундаи дарахтон нишаста, аз сурудаҳои ӯ ҳаловат мебурданд, офаринаш мехонданд. Воқеан, Қобилшои дилдодаи савту наворо ҳамдеҳагонаш бо меҳру навозиш ва бо орзуву таманниёти нек Хуршед ном мебурданд; ба ифтихори ҳофизи маъруф Хуршед Алидодов. Ва ӯ аз ин мефахрид, неру мегирифт, азмаш қавитар мегашт.

Дар хонадоне, ки Қобилшо як узви он буд, ҳама гаравиш ба илму дониш ва адабиёту ҳунар доштанд. Дар ин дудмон ду чиз бақадртар, азизтар аз ҳама чиз буд: китоб ва асбоби мусиқӣ. Нуҳ хоҳару додар буданд онҳо дар оила ва ҳама чун фориғ аз корҳои дигари рӯзгор мешуданд, ё китоб ба даст мегирифтанд ё сози мусиқие. Падарашон оҳангаре чирадаст буду дукони оҳангарӣ дошт ва гоҳи фароғат суруде шунидан ва захма бар созе заданро меписандид. Қобилшоро ба дукони оҳангарияш даъват карда, мефармуд, ки суруд хонад. Махсус барои ҳамин писараш дутор харид. Дар хонадонашон тору дойраву чангу най ва боз чандин асбоби дигари мусиқӣ мавҷуд буд. Модари Қоблшоро аҳли деҳа чун лабчангнавози мумтоз мешинохтанд. Қобилшо дар маъракаҳои аҳли деҳа, дар маҳфилҳои дабистонӣ, дар тантанаҳои ноҳиявӣ суруд мехонду сазовори таҳсину офринҳо мегашт. Ҳамдеҳагонаш мегуфтанд, ки сурудҳои машҳури «Васфи ту, Ватан - Модар» ва «Даргилик»-ро аз ҳама беҳтар байни наврасон Қобилшои мо месарояд… Соли 1971 Қобилшо мактаб-интернати №28-и деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнонро хатм намуду бо ангезаи андешае шомили омӯзишгоҳи касбии техникии №33-и шаҳри Хоруғ бо ихтисоси барқкор шуд. Пас аз хатми ин таълимгоҳ ҳамагӣ як сол дар ПМК-и №148-и шаҳри Хоруғ кор кард ва дарёфт, ки на бо он роҳе рафтааст, ки шоистааш ва мувофиқ ба орзуву ормонҳояш бувад. Аз ин рӯ, озими шаҳри Душанбе шуду дар факултаи санъат (шуъбаи суруд ва мусиқӣ)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба таҳсил пардохт ва вориди дунёе шуд, ки дилаш мехост. Солҳои 1976 – 1978 дар мактабе, ки замоне таҳсил мекард (деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон), ҳамчун омӯзгори суруд ва мусиқӣ фаъолият дошт ва роҳбарии маҳфили санъаткорони ҷавон низ ба зимааш буд…

Соли 1978 дар зиндагии Қобилшо Подшоев гардиши ҷиддӣ ва тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст; ӯ барои кору зисти доимӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ омад ва дар мактаби №52-и шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгори суруд ва мусиқӣ ба фаъолият оғоз кард ва ҳамакнун соли чилуякум аст, ки ин ҷо кор мекунад. Дар ин таълимгоҳи бонуфузи пойтахт ӯ мавқеи дилхоҳи хешро, муҳиту имконоти барояш созгорро, дӯстону ҳамкорони сазоворро дарёфт, барои вусъати истеъдоду фаъолияташ шароит фароҳам омад. Яке аз нахустин иқдомоташ таъсиси дарсгоҳи суруд ва мусиқӣ буд. Ин дарсгоҳро бо сабку услуби хос, хеле навоварона бо лавҳу овезаҳо, суратнамою овезаҳо оро дод, созҳои мусиқии зиёдеро гирд овард. Бо гузашти чанд сол дарсгоҳи суруд ва мусиқӣ бештар мукаммалу муназзам шуд, ба маркази санъатварӣ, ба меҳвари барномасозии ҷашну ҳамоишҳои мактаб, ба ошёни сайқали истеъдод табдил ёфт. Фанни суруд ва мусиқӣ дар радифи писандидатарин фанҳои таълимӣ барои хонандагон ҷой гирифт. Гузашта аз ин, даҳсолаҳост, ки бештари машваратҳои илмию методии омӯзгорони суруд ва мусиқӣ дар ин дарсгоҳ бо роҳбарии Қобилшо Подшоев баргузор мешаванд. Ин омӯзгори варзида имрӯз аз маъруфтарин устодони пойтахт аст ва аз таҷрибаи ғаниву судмандаш омӯзгорони зиёде пайваста баҳрабардорӣ мекунанд. Дар тавсифи маҳорату истеъдоди омӯзгориаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои мамлакат мақолаҳо ба нашр расидаанд. Як силсила мақолаҳои методии ин омӯзгори ботаҷриба дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» чоп шуда, писанди аҳли маориф гашт. Қобилшо Подшоев ҳаммуаллифи китобҳои дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои синфҳои 4 ва 5 мебошад. Чанде пеш бо гурӯҳе аз ҳампешагонаш таълифи дастури «Методикаи таълими дарси мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ»-ро ба анҷом расонд. Ӯ тавассути телевизиони  «Баҳористон» борҳо ба кӯдакону наврасони кишвар дарси суруду мусиқӣ баргузор намудааст. Шогирдонаш борҳо дар фестивалу тантанаҳои идонаи пойтахт ширкат варзида, шаҳди пирӯзӣ чашидаанд. Зумрае аз шогирдони ин устоди номвар имрӯз ҳунарпешаҳои варзидаи мамлакатанд. Қобилшо Подшоев бо бастакорони ҷумҳурӣ ҳамкории доимӣ дорад, бо онҳо зуд – зуд вохӯрда, машваратҳо меорояд, зумрае аз эшонро борҳо ба ҳузури хонандагони мактаб хонда, маҳфилҳо оростааст…

Ин омӯзгори фидокор бар он назар аст, ки имрӯз бояд барномаҳои таълимии фанни суруд ва мусиқӣ такмилу таҷдиди назар шаванд ва салоҳ он аст, ки барои тадриси ин фан дар синфҳои  1 – 7 ҳафтае ду соат таъйин гардад ва шоирон ба эҷоди ашъори бачагона бештар рӯй оварданд, бастакорон низ суруду оҳангҳои навин ва дилнишин барои кӯдакон эҷод намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки суруду мусиқӣ неруи муассири тарбиявӣ доранд ва хонандагонро ба ватандӯстиву башарпарварӣ ва накукорӣ ҳидоят менамоянд, ҳисси зебоипарастиашонро таҳким мебахшанд…

Дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, омӯзгори тахассуси олӣ Қобилшо Подшоев наздик ба ним аср аст, ки бо таълиму тарбияи насли наврас гаравиш дорад ва хушо, ки ҳанӯз ҳам неруманду кӯшост ва ҳамарӯза дар рушди маънавии шогирдон ва дар маърифатандӯзии онҳо нақши шоиста мегузорад.

 

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш