Чилчашма, деҳаи зархезу соҳиби чил чашмаи мусаффо ва пок чун шири модар, яке аз 73 деҳаи Файзобод.
Чилчашма! Диёри орзую ормонҳои садҳо фарзанди банангу ор, диёри орифон. Аз ин ҷо олимон, шоирону нависандагон, сиёсатмадорон, кормандони сатҳи боло рӯ задаанд. Холаи Мамлакати мо дар ҳамин деҳа устоди меҳрубони ман, марди наҷибу хоксор, фурӯтану озодандеш Ҷӯрабеки Муъминро ба дунё овард, ки ӯ овозаи зодгоҳашро ба дуриҳо бурд.
Устоди азизи ман Ҷӯрабек Муъмин фарзанди бонангу ҷоннисори Чилчашма аст. Ӯ дар роҳҳои хокии ин деҳа қадам задаву аз чашмаҳои мусаффои он нӯшкарда ба камол расид. Сафедорони хушқомати Чилчашма ба ӯ дуои эҷод додаанд.
Ману устодам ҳамдеҳаву дӯстдори зодгоҳи худем. Деҳа маҳз бо пешниҳоди устоди ман соли 2001 Чилчашма ном гирифт. Номи пешинаи он Ҷойникудӣ буд. Ин мавзеъ, чашмаҳои фаровон дорад.
Устоди меҳрубону падари маънавии ман Ҷӯрабеки Муъминро дар ноҳияи файзбори Файзобод ва дар аксари манотиқи кишварамон мешиносанду эҳтиром ба шахсияту эҷоди нотакрораш доранд. Бо чанд нафар аз устодони шеъру назм ҳамсуҳбат шуда будам, мегуфтанд, ки мисли Ҷӯрабеки Муъмин касе шеъри ҳаҷвӣ гуфта наметавонад. Ӯро эҳтиром мекунанду аз эҷодаш бо муҳаббату гарм ҳарф мезананд. Олитарин ва волотарин унвони устодам Инсонияти ӯст, ки онро на ҳама доранд. Аз ӯ ҳатто мӯре озор надидааст.
Устод Ҷӯрабеки Муъмин ҳанӯз айёми дар синфи 6-7 хонданам шеъру мақолаҳои шогирдонаамро таҳрир мекарду дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» ба чоп медод. Устод ҳам бо ману аз пешравиҳои ман мефахрад. Шунидам, ки ҳатто пинҳонӣ аз муваффақиятҳои ман ашки шодӣ мерехтааст…
Мо, авлоди Бақоевҳо, бо устод Ҷӯрабеки Муъмин пайванди хешу таборӣ дорем. Дар авлод ҳам хурду ҳам бузург устоди маро «Акаи Ҷӯрабек» гуфта, ба ӯ ҳамчун бародари калон муроҷиат мекунанду дар ҳама кор маслиҳаташро мепурсанд.
Устод мардуми худро дӯст медорад. Дар шамоли фораму гаҳе бисёр ҳам қаҳролуди Файзобод барои мардуми диёраш мӯйи сар сафед кард. Дар ожангҳои рӯяш заҳмату талошҳои ӯ барои Ватан аён аст.
Устод Ҷӯрабеки Муъмин хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва шурӯъ аз соли 1969 инҷониб дар ноҳияи Файзобод ба ҳайси журналист фаъолият дорад. Панҷоҳ сол мешавад аз вақте ки газетаи маҳаллиро таъсис доданду ӯ пас аз хатми университет ба сифати ходими рӯзнома ба кор шурӯъ кард. Устоди ман дар идораи газета зина-зина боло рафту шуҳрат ёфт. Ва 21 сол - аз соли 1989 то 2011- сармуҳаррири газета буд. Устод дар ҳамин даргоҳ ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуда, нишонҳои «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро гирифт.
Устод Ҷӯрабек Муъмин аз самими калб эҷод мекунад, саҳлангориро дӯст намедорад, ба касби худ содиқ аст. Мактаби журналистии Ҷӯрабеки Муъмин воқеан ҳам, сабақест барои мо, журналистони ҷавон.
Устоди ман оилаи хуб дорад. Фарзандон ҳама маълумотноканд, барои худ касбҳои гуногун интихоб кардаанд.
Баҳори 72-юмин умри устодам паси сар шуд. Вале аз дафтару қалам дур нест. Ӯ дар идораи нашрияи ноҳияи Файзобод пешаи рӯзноманигориро давом дода ба халқи диёраш арзанда хизмат мекунад. Устод дар давоми фаъолияти эҷодиаш панҷ китоб ба нашр расонд, ки дутоаш ашъори ӯро фаро гирифтаанд.
Ба устоди азизам муҳимтар аз ҳама саломатӣ ва рӯзгори хуш таманно дорам!
Сайрам БАҚОЗОДА,
журналист, номзади илмҳои филологӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр