Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Старатегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020»- ро ба тасвиб расонд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар ва дар асоси муносибати босалоҳият таҳия карда мешуд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши асосӣ мебозанд.
Пас аз гузаштан ба ин низоми нав бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ маҷмӯи стандартҳои ҳамаи фанҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи таълим таҳия гардиданд. Аз ҷумла, китобҳои дарсӣ, роҳнамоҳо барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, замимаҳо чоп шуда, дастраси омӯзгорон гардиданд. Инчунин, методҳои гуногуни анъанавию интерактивӣ пешниҳод карда шуд.
Мактабшиноси маъруфи тоҷик устод М. Лутфуллоев ба маврид қайд кардааст: «…сифат ва самаранокии дарс калидест дар пешравӣ ва муваффақ шудан дар санъати омӯзгорӣ.»
Ман ҳамчун омӯзгори ҷавони синфҳои ибтидоӣ ва технология соли сеюм аст, ки фаъолият дорам. Пас аз гузаштан ба низоми нави таълими салоҳиятнокӣ бо роҳнамоҳои фаннӣ шинос шудам. Дар ин роҳнамоҳо ба таври мушаххас доир ба ҳар як мавзӯъ ва тарзи гузаронидани машғулиятҳо маълумотҳои дақиқ дода шуда, лаҳзаҳои дарсӣ аниқ карда шудааст.
Баъзеҳо пас аз дохил шудан ба дарсҳоям мепурсанд: ин идеяҳоро аз куҷо гирифтед? Ман дарҳол ба роҳнамоҳо ишора мекунам ва маслиҳат медиҳам: пеш аз ҳама, омӯзгор бояд бо муқаддима, мазмун ва мундариҷаи стандартии ҳар як фан шинос шуда, бо моҳияту мақсади он сарфаҳм равад, кор барояш осон мешавад. Баъд ӯ худ дарк мекунад, ки дар машғулиятҳояш чӣ тавр рафтор ва амал кунад.
Агар худи омӯзгор тарзи истифодаи роҳнаморо сидқан омӯзад, пас, онро самаранок истифода бурда, ба муваффақиятҳо ноил мегардад.
Баъди ба итмом расидани ҳар як боб кори лоиҳавӣ мегузаронам. Доир ба боби гузашта мавод гирдоварӣ мекунам. Хонандагон аз маводи гирдовардаашон китобчаҳо таҳия мекунанд. Онро саҳифабандӣ ва номгузорӣ мекунем, ки муаллифаш худи хонандагони синф мебошанд. Дар маводи ҷамъкардаи мо зарбулмасалу мақолҳо, чистон ва шеърҳо, ҳикоячаҳо, кроссворду сканвордҳо, панду андарзҳо ва ғайраҳо мавҷуданд. Ман баъди аз ин усулҳо истифода бурданам, ба хулосае омадам, ки меҳру муҳаббати хонандагон нисбат ба хондан, эҷод кардан, сохтан ва нақшофарӣ бештар мегардад.
М.Маматова,
омӯзгори мактаби №2,
шаҳри Исфара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр