Дар истироҳатгоҳҳои беру-назшаҳрии «Орзу» ва «Шарора» маросими ифтитоҳи давраи истироҳатии бачаҳо баргузор гашт, ки дар он раисони ноҳияҳо, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои пойтахт ва доираи васеи меҳмонон ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки дар истироҳатгоҳҳои «Орзу» хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар «Шарора» хонандагони мактабҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи таътили худро сипарӣ мекунанд.
Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ сараввал бо шароити будубоши бачаҳо дар истироҳатгоҳи «Орзу» шинос гардид. Ӯ зимни суханронии хеш қайд кард, ки дар басти аввал 193 нафар ва то охири мавсим дар назар аст, ки 900 хонанда давраи таътили тобистонаи худро бофароғату пурмазмун гузаронанд.
Дар маросими ифтитоҳи басти аввали истироҳатгоҳи «Шарора» раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Ҳомид қайд кард, ки барои истироҳати хонандагон шароити мусоид фароҳам гардидаст. Аз рӯйи нақша, дар басти аввал 200 нафар ва дар умум, имсол бояд 800 хонанда ба истироҳату фароғат ҷалб карда шаванд.
Дар ҳарду истироҳатгоҳ аз тарафи истироҳаткунандагону мураббиён барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр