Нашрияи Омӯзгор

Хоҳишмандон зиёд буданд

Сана: 2018-04-23        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар расми ифтитоҳи он муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, роҳбари Маркази фарҳангию мадании «Россотрудничество» дар Тоҷикистон М. В. Вождаев, мушовири роҳбари МФМ «Россотрудчиество» Д. Гужеля оид ба ҳадафҳои намоишгоҳ, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои  Россия, ба манфиати ҳамкориҳои маданӣ, маориф ва фарҳангии ҳар ду мамлакат нигаронда шудааст, суханронӣ карданд. 

Саҳни васею барҳавои донишгоҳ пур аз хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои Россия буд. Дар назди ҳозирон муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев, сафири фавқулода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, мушовири роҳбари МФМ «Россотрудничество» Д. Гужеля қайд карданд, ки намоишгоҳи анъанавӣ, ки соли ҳафтум паиҳам баргузор мегардад, натиҷаи нек ба бор овардааст, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия торафт меафзояд. Боиси хурсандист, ки агар ҳафт сол пеш ба намоишгоҳи аввалини шаҳри Душанбе  ҳамагӣ панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия омада бошанд, дар чорабинии мазкур намояндагони 35 донишгоҳ ташриф овардаанд. 

Хоҳишмандони зиёдро дар нав-бат дидан мумкин буд.  Онҳо аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия дар бораи шарту шароити қабул, ихтисосҳо, имтиёзҳо ва имтиҳонҳои қабул маълумот ба даст меоварданд. Аз ҷумла, директори Донишкадаи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Волгоград, дотсент Наталя Георгиевна Глазкова, ки аз мизоҷон лаҳзае канда набуд, изҳор дошт, ки ба мавсуф асосан дар мавриди таҳсил дар зинаи бакалавриат, магистр, ихтисосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, математика, биотехнология пурсон мешаванд. Донишгоҳи онҳо ба ҷавонони тоҷик шинос аст, аз рӯйи квотаи давлатӣ, тариқи чунин намоишгоҳҳо дар таълимгоҳи онҳо беш аз 50 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд. Намояндаи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар шаҳри Екатеинбург Наталя Геннадиевна Чвялева қайд кард, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбии онҳо беш аз панҷоҳ нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон дар риштаҳои иқтисодӣ таҳсил мекунанд ва бо дониши хубашон намунаанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабинии мазкур, ҳамчунин, 13 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев бо  ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск В. Г. Литовченко баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Донишгоҳи мазкур аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ мутахассис омода мекунад. Он ҷо 65 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Байни   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишнома ба имзо расид.

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА,

Ҳотами Ҳомид


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш