Нашрияи Омӯзгор

Завқи китобхонӣ ва инкишофи нутқ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Вазифаи асосии таълими адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ ташаккул додани завқи бадеии хонандагон, инкишофи тафаккури таҳлилӣ, тавассути адабиёти бадеӣ тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи инсонгароӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Масалан, агар дар дарс ба хонанда азёд намудани шеър-ро супориш диҳем, баҳоро танҳо барои аз ҳифзу аз бар намудани шеър не, балки дар зинаи аввал бояд барои фикрронии таҳлилии хонанда гузорем. Вақте ки хонанда шеърро аз ёд кунад, бояд назари хонандаро фаҳмем. Дар давоми дарс низ аз рӯи мавзӯи омӯхташаванда бояд саволҳои проблемавӣ гузорем. Бигузор хонанда дарк намояд, ки омӯзиши мавзӯъ барои ӯ муҳим аст, дар зиндагӣ мушкили ӯро дар ягон самт осон мекунад. Ё ин ки клас-терро мегирем, ин усул гирдоварии андешаҳои хонандагон доир ба як мавзӯъ аст ва дар шаклҳои гуногун тасвир мегардад.

Усули дигари таълим барои ташаккули нутқи шифоҳии хонандагон ин ташкил намудани озмуни китобхонӣ мебошад. Агар хонандагон лаззати мутолиаро ҳис намоянд, бовар дорем, ки нисбат ба китобҳои бадеӣ бетараф наистода, онҳоро дастрас ва мутолиа мекунанд. Шояд баъзеҳо гӯянд, ки асарҳоро аз интернет ёфтан мумкин. Ин фикр дуруст аст, вале бача, ки сари компютер нишаст ва ё бо телефони мобилӣ машғул шуд, аллакай фикри ӯро хабарҳои гуногун парешон менамояд. Барои инкишоф ёфтани нутқи хонандагон мо бояд кори маҳфилҳоро дар мактаб ҷоннок намоем. Дар маҳфилҳо хонандагонро бо «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Саъдии Ше-розӣ, «Ғазалиёт»-и Ҳофизи Шерозӣ ва асарҳои устод Сад-риддин Айнӣ шинос намоем. Хислатҳои қаҳрамонони ин асарҳоро бо шогирдон таҳлил намуда, натиҷагирӣ кунем, ки оё хонандагон ба фаҳми ин асарҳо расидаанд ё на?

 

Ҳалима Ҳасанова,

омӯзгори мактаби №81-и

ноҳияи Сино       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш