Нашрияи Омӯзгор

Муносибати босалоҳият дар дарси география

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 769        Шарҳ: 0

Яке аз усулҳои муҳими фаъолгардонии хонанда дар дарси муосир истифодаи муносибати босалоҳият дар таълим мебошад.

Истифодаи муносибати босалоҳият ба таълим дар дарси география шавқовар буда, ҳангоми дарс ман хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ба онҳо супоришҳои эҷодӣ медиҳам.

Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Боришоти атмосферӣ» 4 ҷумларо нақл намуда, дарҳол ба хонандагон супориш додам. Дар 5-дақиқа онҳо аз китоби дарсӣ истифода карда, ҷумлаҳои маро пурра месозанд. Хонандагон аз мавзӯъ маълумоти муайян пайдо намуда, ҷумлаҳоро пурра месозанд. Баъдан ба онҳо супориш дода шуд, то ки расми барф, борон ва  жоларо дар варақчаҳо тасвир намоянд. Хонандагон ин амалҳоро иҷро намуданд ва доир ба ин мавзӯъ маълумоти васеъ пайдо карданд.

Дар синфи 8 ҳангоми таълими мавзӯи «Ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистон»  хонандагонро ба шаш гурӯҳ ҷудо намуда, ба ҳар як гурӯҳ тасвири тарҳи ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистонро супориш медиҳем. Дар ҳолати иҷрои супориш дар байни гурӯҳҳо мусобиқа ташкил мекунем ва якчанд бозии географиро иҷро менамоем.

Усули коммуникативӣ фик-ри хонандаро қавӣ месозад, ба онҳо маълумотҳои навинро муаррифӣ менамояд. Дар синфи 9 дар мавзӯи «Тавсифи мамлакатҳои қитъаи Осиё» хонандагон бояд пеш аз дарс оид ба қитъаи Осиё фикрҳои худро баён кунанд. Баъдан, омӯзгор оид ба минт ақаҳои қитъаи Осиё ба хонандагон маълумот медиҳад.

Ҳамкорӣ ба ҳамаи хонандагон дахл дошта, бо чунин усул дар ҳамаи синфҳо дарс гузаштан мумкин аст. Ҳамкорӣ байни омӯзгору хонанда ва гурӯҳҳо бояд нақши муҳимро иҷро намояд.

2. Усул ва методҳои таълимии омӯзгор бояд гуногун ва қавӣ бошад, ки ба хонанда писанд омада, ӯро шавқманд гардонад. Агар омӯзгор дарсро бо воситаҳои аёнии дастисоз ва чопӣ гузаронад, хонанда ҳатман дарсро хуб аз худ менамояд.

3. Усулҳои пурсиши хари-тавӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ дар дарси георафия нақши муҳимро иҷро менамояд. Ман дар дарсҳои худ пурсиши аз рӯи харитаро бисёртар истифода мебарам. Пурсиши аз рӯи харита аксаран дар синфҳои 7,8,9 истифода карда мешавад. Ду хонандаро ба назди ду харита даъват намуда, супориши дақиқавию сониявӣ медиҳам. Онҳо бояд кӯли чуқуртарин, дарёҳои калони хушкшаванда, кӯҳҳои баландтарин ва дарёҳои калони оламро нишон диҳанд ва ғ. Бо чунин усул хонанда метавонад харитаро азхуд намояд.

Усули пурсиши шифоҳӣ яке аз намудҳои санҷиши дониши хонанда ба ҳисоб рафта, онро дар ҳама таълимгоҳҳо истифода мебаранд. Аммо усули зеринро бо роҳҳои гуногун бояд истифода бурд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пурсиши шифоҳӣ бояд аз хонандаҳои сустхон оғоз гардад. Дар дарси география пурсиши шифоҳии кӯтоҳ низ ба қайд гирифта мешавад: ба хонанда қоидаеро пешниҳод менамоед ва номи онро махфӣ нигоҳ медоред: мисол; Ҳаракати уфуқии ҳаворо чӣ меноманд? Дар ин ҳолат фикри хонанда зуд ба кор медарояд ва коидаро низ ба хотир меорад.

 Оразбек Шехимов,

омӯзгори мактаби №34,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш