Нашрияи Омӯзгор

Роҳбари кӯдакистон бояд чӣ гуна бошад?

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Мудирони кӯдакистонҳо  доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки кормандонашон ҳаматарафа ба таълиму тарбияи кӯдакон омода бошанд.

Масалан, ҳар сол ҳангоми таҳияи нақшаи солона мо як қатор чорабиниҳоро ба нақша мегирем, ки қариб ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии кормандон ва қобилияти эҷодкории онҳо равона гардидаанд.

Дар қисми баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии мураббиён корҳои зеринро ба нақша гирифтан айни муддаост.

- ба худомӯзӣ ҷалб намудани мураббиён, яъне, мутолиаи дастурҳо, маҷаллаҳо ва адабиёти бачагона;

- ба курси такмили ихтисос ҷалб кардани мураббиён;

- Гузаронидани озмунҳои дохили кӯдакистон, ба монанди «Мураббии беҳтарин», «Гурӯҳи беҳтарин» ва «Гӯшаҳои беҳтарин».

Дар қисми корҳои методӣ:

- гузаронидани шӯроҳои педагогӣ; семинарҳои дохилӣ, иштироки фаъолона дар семинарҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадам.

- ташкил ва гузаронидани нишастҳои методӣ, машғулиятҳои кушод, чорабиниҳои идона;

- иштироки фаъолонаи мураббиён дар озмуни касбии «Мураббии сол» дар дохили муассиса, дар озмунҳои  ноҳиявӣ ва шаҳрӣ; иштирок дар иттиҳодияҳои методӣ ва ташкил кардани вохӯриҳо бо шоирону нависандагон.

Ҳамин тавр, ба мудирони кӯдакистонҳо, лозим меояд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти эҷодкории мураббиён дар қатори чорабиниҳои номбурда, боз як қатор корҳои самарабахши дигарро низ ба роҳ монанд;

- ташкили тамошои театр, саёҳат ба ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- ҳамкорӣ бо маҷаллаву рӯзномаҳои кӯдакона;

- иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ;

- дар ҷамъомадҳо ташкил кардани бозиҳо, саволу ҷавобҳо ва андешарониҳо;

- Дар байни мураббиён гузаронидани чорабиниҳо:   «Ровии беҳтарин», «Қироати беҳтарин», «Ҳозирҷавобон»

Барои ба ҳамаи ин мақсадҳо ноил гардидан ба мо, мудирони кӯдакистонҳо, лозим меояд, ки мураббиён ва умуман, ҳамаи кормандони худро аз роҳу усулҳои нави методӣ, истифодаи технологияи нав ва идеяҳои нав ҳамарӯза бархӯрдор намоем, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварем, онҳоро ба касби пешакардаашон боз ҳам дилгарму ҳавасманд намоем.

Ин буд қисмате аз фаъолияти роҳбари кӯдакистон, ки бо роҳандозии дурусти онҳо метавонем ба муваффақиятҳо ноил гардем.

 

Меҳрӣ Саодатова,

мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони  №117-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш