Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти омӯзиши «Алифбои ниёгон» 

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 850        Шарҳ: 0

Алифбои ниёгони мо яке аз алифбоҳои қадимаю машҳури дунё мебошад. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишкадаҳои кишварамон он бо номи «Хат ва имлои матни классикӣ» ба таври маҳдуд бошад ҳам, ба донишҷӯён таълим дода мешуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин алифбо аз синфи 4 оғоз ёфта, то синфи 7 ба миқдори як соат дар як ҳафта омӯзонида мешуд. Аммо китобҳои дарсию маводи таълимӣ барои омӯзиши «Алифбои ниёгон» мукаммал набуданд. Шурӯъ аз соли таҳсили 2018-2019 таълими фанни «Алифбо ва матни ниёгон» дар синфҳои 7 ва 8 (ба миқдори 2 соат дар як ҳафта) роҳандозӣ шуд. Барои дар сатҳи баланду дилхоҳ ба роҳ мондани ин фан китоби дарсии нави «Алифбо ва матни ниёгон» барои хонандагони синфи 7 (муаллифон А.Байзоев ва Ш.Кабиров) таълиф гардид. Муаллифон барои хубтару муфассалтар аз худ намудани барномаи таълимии ин фан намунаи диктанту санҷишҳои тестӣ, вожанома ва бозиҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили «Ҳарфёбак», «Кӣ зуд меёбад?», «Кӣ бештар медонад?»-ро илова намудаанд, ки он дарсро шавқовар мегардонад. Лекин, ба андешаи ман, дар китоби дарсӣ овардани намунаи диктантҳои санҷишӣ он қадар ба мақсад мувофиқ нест. Мумкин хонанда диктантро аз китоб рӯйбардор намояд. Мисли дигар фанҳои таълимӣ хуб мешуд, ки «Маҷмӯи диктантҳо» аз фанни «Алифбо ва матни ниёгон» ба шакли китоби алоҳида тартиб дода шавад. Баъдан намунаи баъзе тестҳои санҷишӣ, ки дар китоби дарсӣ оварда шудааст, ба хонандагони синфи 7, ки бори аввал «Алифбо»-ро меомӯзанд, каме мушкилӣ эҷод менамояд.

Омӯзгор дар вақти дарс бояд аз роҳу усулҳои гуногун истифода барад, то ки завқу рағбати хонандагон ба ин фан зиёд гардад. Аз оғози таълими фанни «Алифбо ва матни ниёгон»  хонандагон ба ғайр аз дафтари ҷорӣ инчунин, бояд дафтари диктант, вожанома ва дафтари машқи хат дошта бошанд. Дар омӯзиши ин фан хушхатнависӣ ҳам бисёр зарур аст. Дар охири соли таҳсил омӯзгор метавонад дар байни хонандагон озмуни «Хатти зебо»-ро гузаронад.

Дар китоби дарсӣ барои тавсифи ҳар як ҳарфи алифбои ниёгон байтҳои алоҳида оварда шудааст. Илова бар ин, омӯзгор метавонад бо истифода аз маводи иловагӣ доир ба ҳамаи ҳарфҳои алифбо байтҳои навро пешкаши хонандагон гардонад.

Мисол:

 Хандазанон гоҳ ба ону гоҳ ба

ин,

Растаи дандон манамо ҳамчу

син.

Омӯзгор дар раванди дарс метавонад доир ба ҳарфҳои алифбои ниёгон аз чистон истифода барад:

Кадом ҳарф чун ҳилол аст,

Қариб мисли савол аст.   (дол)

Ё чистони дигар:

Нимҳалқаи пӯпидор,

Болои сараш холдор.

Бо пӯпию бо холаш,

Чист номашу чӣ холаш?  (фо)

Омӯзиши «Алифбо ва матни ниёгон» нисбат ба дигар фанҳои таълимӣ мушкилтар буда, нозукиҳо ва душвориҳои зиёд дорад. Бинобар ин, бозомӯзӣ ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони ин фан бисёр зарур аст.

 

Аъзам Бобоев,

омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш