Омӯзгорӣ касби пуршараф ва заҳматталаб аст. Омӯзгор бояд худомӯз, поквиҷдон, меҳнатдӯст ва масъулиятшинос бошад, то тавонад шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ таълиму тарбия дода, онҳоро барои дар оянда бо таври мустақил интихоб намудани касб ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят ва кумак намояд. Инчунин, омӯзгорро мебояд, ки ҳамеша худомӯзӣ намояд.
Омӯзгори замони муосир сараввал аз техника ва технологияи муосир бояд бохабар бошад ва онро дуруст ва ҳадафмандона истифода бурда тавонад.
Донистани технологияи компютерӣ ба омӯзгор имкониятҳои мусоид фароҳам оварда метавонад. Хусусан, ба омӯзгорони фанҳои дақиқ. Барои омӯзгорони фанни риёзӣ худомӯзӣ ва такмили дониши компютерӣ ҳадафи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Чунки худи компютер дар аввал бо мақсади ҳалли мисолу масъалаҳои мураккаби физикӣ ва математикй, ки инсон дар раванди ҳалли ин гуна масъалаҳо оҷиз мондаву ба мушкилиҳо дучор меомад сохта шудааст. Акнун мо, омӯзгорони фанҳои физика ва математикаро зарур аст, ки дар раванди фаъолиятамон аз компютер, тахтаи электронӣ, видеопроектор ҳамчун асбоби аёнӣ ва таҷҳизоти дарсӣ самаранок истифода бурда тавонем. Ба шогирдон низ тарзи дурусти истифодаи компютер, планшет ва интернетро омӯзонем.
Истифодаи компютер, проектор ва тахтаи электронӣ дар дарсҳои алгебра ҳангоми гузаштани мавзӯъҳои «Масоҳати трапетсияи каҷхата», «Ёфтани масоҳати фигураҳо», «Функсияҳои нишондиҳандагӣ ва графики он» дар синфи 11 «Ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ», «Ҳосила» ва ғайра, дар синфи 10, инчунин, мавзӯъҳои функсияҳо ва графики онҳо дар синфҳои 9 бисёр мувофиқ аст. Масалан, дар синфи 11 дар вақти тасвири графикии функсияҳои нишондиҳандагии (1/2)х, дар ҳоли қимати аргумент аз 3 калон шудан, мо ба мушкилии тасвири графикии функсия ва нишон додани қиматҳои хурдтарин дар ҳамвории координатӣ дучор мешавем. Яъне, ҳангоми бениҳоят хурд шудани қимати функсия тасвири он мушкилтар шудан мегирад. Барои ин, мо метавонем бо роҳи сохтани барнома дар забони барномасозии Паскал, Бейсик, Вижуал Бейсик, С++, тарзи сохтан ва тасвири графики функсияро ҳатто то 10 000 - якӣ хурд ба хонанда нишон диҳем, ки ин, албатта фаҳмотар ва осону шавқовартар аз усулҳои маъмулӣ мебошад. Омӯзгоре, ки аз забонҳои барномасозӣ бехабар бошад, метавонад аз ҷадвали электронии Микрософт Эксел дар дасрҳояш истифода барад.
Ин аз як ҷиҳат кори омӯзгори алгебраро осон намояд, аз ҷиҳати дигар шавқи хонандаро бедор менамояд. Инчунин, ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагии дарси алгебра ва технологияи иттилоотиро ба вуҷуд меорад.
Давронҷон Сатторов,
омӯзгори математика ва технологияи
иттилоотии мактаби №125, шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр