Проблемагузорӣ дар дарс чун яке аз рукнҳои асосии таълим ба ҳисоб меравад.
Пайдо шудани вазъияти проблемавӣ ба дониши амиқи омӯзгор дар фаҳм ва дарки қонуниятҳои психологӣ-педагогӣ сахт марбут аст. Дар ҳар машғулияте, ки саволҳои проблемавӣ ба вуҷуд меояд, қобилияти фикрронии хонандагон сайқал меёбад.
Дар таҳлили асари ин ё он шоир ҷавоб додан ба саволҳои проблемавӣ, андеша намудан аз рӯӣ саволҳои проблемавӣ шогирдонро ба мустақилона фикр кардан, нуқтаи назари танқидӣ ё таъриф кардани асар ё қаҳрамони асар водор намуда, дар онҳо ғалаба ба даст оварданро тақвият медиҳад.
Барои он ки дар дарс проблема ба вуҷуд ояд ва хонандагон барои ёфтани саволҳо ба фикрронӣ водор шаванд, аввал худи омӯзгорро мебояд ба тариқи қиёс аз қабл саволҳои проблемавиро таҳия ва омода намояд.
Саволҳо вобаста ба сатҳи дониши хонандагони синф гузошта мешавад.
Чанд намуди саволи проблемавӣ:
1. Омӯзгор метавонад ҳикояро аз асари «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ чунин нақл ва саволгузорӣ кунад.
Масалан, дар ҳикояи «Шин» омадааст, ки ӯ илм омӯхт ва қасд кард, ки то мисли худаш духтари донишманду оқила наёбад, ба касе хонадор намешавад.
Солҳо сипарӣ шуданду муродаш ҳосил нагашт. Шин боре дар роҳе мерафт, ки тифоқо марде ба ӯ ҳамроҳ шуд. Ба он мард гуфт: «Ту маро мебардорӣ ё ман туро бардорам?» Ҳамин тавр, чанд саволи дигар ба он мард дод. Онҳо дар роҳ суҳбаткунон мерафтанд. Чун ба киште расиданд, Шин ба он мард гуфт: «Чи гӯӣ, ки ин киштро хӯрданд ё не?». Савум мурдаеро дид ва гуфт: «Чи гӯӣ, зиндааст ё мурда?».
Чаро Шин ба он мард ин суолҳоро дод? Ин суолҳо ишора ба чӣ буданд. Оё мард ба суолҳо посух дода тавонист?.
2. Чаро «Шоҳнома» ба Султон Махмуд маъқул нашуд? Зоҳиран суоли проблемавӣ нест, вале он ҷавоби якмаромро талаб надорад.
3. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар бораи Султон Ҳусайн Мирзо мегӯяд (мазмунан): Султон Ҳусайн Мирзо насаби худро ба Оли Аббос мерасонд ва дар ин бора шаҷара (насабнома) навишта буд, ки тамоми калонони Хуросон номи худро дар ин насабнома навишта, имзо карда будаанд. Аммо ба ин насабнома Абдураҳмони Ҷомӣ насаби худро имзо накард.
Чаро А.Ҷомӣ ба ин насабнома номи худро нанавишту имзо накард?
Омӯзгор метавонад ба ин монанд аз мавзӯъҳои дигари адабиёт чанд саволи тамоюли проблемавидоштаро тартиб дода, дарсро бо хонандагон шавқовар гузаронад.
Ромизҷон Шодиев,
омӯзгори мактаби №55-и
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр