Нашрияи Омӯзгор

Салоҳияти нақшавӣ дар таълими ҳодисаҳои фонетикӣ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Фонетика яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, ҷиҳати овозии нутқ аз масоили умдатарини он мебошад.

Овоз воҳиди хӯрди забон буда, ба маъно ҷудо намешавад, зеро он дар нутқи инсон хеле мураккаб буда, аз ҷиҳатҳои физикӣ, физиологӣ ва иҷтимоӣ омӯхта мешавад.

Тағйироти фонемаҳо дар калимаҳое, ба монанди бод, бад, бед, хонд-ханд, дошт – дашт, гирд – гард, сим – сӯм – сум ва амсоли онҳо омада, маънои калимаҳоро дигар мекунанд. Аз ин рӯ, фонетика дар тадқиқи таърихи забон, этимология, грамматика, хешигарии забонҳо ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти махсус дорад.

Фаъолияти беҳтарини органҳои нутқ дар нафаскашӣ, ҳалқ, даҳону холигии он ба амал меояд.

Таснифоти овозҳо аз ҷиҳати физиологӣ, физикӣ ва ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад. Ин таснифот бо ду роҳ, яке садонок (бемалолӣ), дигаре ҳамсадо (шавушувӣ) ҷудо шуда, ба он фарқ карда мешавад. Садонокҳои лабӣ (а,у,ӯ) ва ғайрилабӣ (а, э, и) буда, дар ҷараёни нутқ ба тағйирот дучор мешаванд. Аз онҳо баъзеашон устувор (э,о,ӯ) ва (а,и,у) ноустувор мебошанд. Садонокҳо қобилияти ҳиҷосозӣ дошта, дар калимаҳои мустақил хосияти худро нишон медиҳанд.

Ҳамсадоҳо аз ҷиҳати ҷой, тарз ва иштироки оҳанг тасниф мешаванд. Дар талаффузи ҳамсадоҳо монеаҳо дар ҳаракати лабидандонӣ, нӯгизабонӣ, миёнизабонӣ, пасизабонӣ ва халқӣ ба амал меояд. Забон ба тағйирот ва инкишофи худ овозро ба вуҷуд меорад. Он дар ҷараёни нутқ ба амал омада, хусусияти ҷудогонае дорад. Ин тағйирот дар ҳамсадоҳо мушоҳида гардида, ба ассимилятсия, диссимилятсия, аккомодитсия ва метатеза тааллуқ дорад.

Наздикшавию монандшавии овозҳо дар калима ба ассимилятсия ва дуршавии овозҳо ва диссимилятся ва тағйироти фонема, ки садонок ва ҳамсадоро дар паҳлуи худ гирифта, ба ҳам мувофиқ карда, аккомодится буда, метатеза бошад, иваз кардани онҳоро дар тағйироти овозӣ ифода мекунад.

Аксар ҳолат овози охири калима талаффуз намешавад, ин ҳолат дар аксар забонҳо, аз ҷумла, тоҷикию русӣ мушоҳида мешавад. Чунин калимаҳо ба монанди род – рат, воз – вас, асбоб – аспоп, омаданд – омадан, моҳ – ма, далели гуфтаҳои боло ҳастанд.

Хулоса, ҳангоми афтидани овозҳо ба дарки маъно халал ворид намешавад. Банда ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик нишондиҳандаи салоҳияти дарсиро дар гурӯҳбандӣ – таъсири ҳамгирои мавзӯъ ва мушоҳидаро дар асоси таҷрибаи рӯзгор, ахборро дар маводи китобхона ва алоқаи интернетӣ дар истифодаи дурусти маводи илмӣ, иловагӣ ва бо истифода аз васоити аёнӣ дар фаъолияти дарсии худ самаранок истифода мебарам.

Аз ин рӯ, «Нақши ҳодисаҳои савтӣ» - ро сохта, онро бо чунин усулҳо, яъне: мақсад ва мазмуни дарс, кор бо гурӯҳҳо, усулҳои тестӣ, машқҳои инфиродӣ, корҳои эҷодӣ, луғатномаҳо, ангезиши зеҳнӣ, нақшавӣ, муҳокима ва хулосабарориҳоро дар ҷараёни дарс мустаҳкам менамоям.

 

Муҳаммадалӣ Нуралӣ,

омӯзгори мактаби №56,

ноҳияи Сангвор 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш