Биология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шакли фанҳои табиӣ – ботаника, зоология, анатомия ва физиологияи одам ва биологияи умумӣ омӯзонида мешавад.
Алоқамандии анатомия ва физиологияи одамро бо тарбияи ҷисмонӣ дар мушоҳидаҳо дида мебароем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои дуруст фаҳмидани аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ барои организм нақши фанни биология, анатомия ва физиологияи одам хеле бузург аст.
Бояд қайд кард, ки аксари одамоне, ки ба варзиш машғуланд, аз бемориҳои силу рагҳо, аъзои нафасгирӣ фаромӯшхотирӣ, каҷшавии сутунмуҳра худро эмин нигоҳ медоранд. Инро дар мисоли обутоб ёфтани мушакҳои дасту пой, бадан, хусусан, дар варзишгарон, мушоҳида намудан мумкин аст.
Дар айни ҳол муаллим қайд мекунад, ки машғулиятҳои варзишӣ ба сохт ва вазифаи системаҳои дигари организм низ таъсир мерасонад ва саломатиро барқарор менамояд.
Мушакҳо дар 14-17 - солагӣ бо суръат инкишоф ёфта, дар синни 18 баробари мушакҳои калонсолон мешаванд.
Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва меҳнат боиси ташаккулёбии скелет мегарданд. Устухон дар он самтҳое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад.
Табибон муайян намуданд, ки ҳар як узви бадан нисбат ба ҳолати оромӣ дар вақти кор кардани бадан бисёртар хун қабул мекунад.
Моддаҳои ғизоӣ ва оксигенро ба ҳуҷайраҳои бадан бурда мерасонад, ки боиси мустаҳкамшавии саломатӣ мегардад. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсироти мусбат расонида, саломатии одам мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсироти номуътадили беруна мутобиқ мешавад.
Ин мулоҳизаи муаллим ҳангоми таълими мавзӯи «Системаи гардиши хун ва дил» бо далелҳои бисёр тасдиқ мешавад.
Дар натиҷаи машғулиятҳои ҷисмонӣ ва варзиш миқдори ҳуҷайраҳо ва лаъличаҳои хун зиёд мешаванд. Миқдори эритроситҳо дар 1мм3 ба ҳисоби миёна 4,5 -5 миллионро ташкил медиҳад. Лаъличаҳои хун то ба 400-600 ҳазор мерасанд.
Машқҳои ҷисмонӣ гардиши хунро дар рагҳо зиёд намуда, саломатии одамро барқарор мекунад.
Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемориҳои системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ ёрирасон мебошанд. Аз кам шудани кори ҷисмонӣ кашишхӯрии мушакҳои дил суст мегардад.
Масалан, дар сурати 70 шабонарӯз тамоман беҳаракат будани одам ҳаҷми дилаш 13-18 % хурд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш ба аъзои нафасгирӣ ҳам таъсири калон мерасонанд ва дар ин бобат хонандагон ҳангоми омӯзиши мавзӯи «Нафаскашӣ» баъзе маълумотҳоро пайдо мекунанд. Ҳаҷми ҳаёти шуши одамоне, ки машқ намекунанд, тақрибан ба 3500 см3 баробар аст, ки он аз ҳаҷми нафаскашӣ (500 см3), ҳаҷми захиравии нафасбарорӣ (1500 см3) таркиб меёбад.
Муайян намудаанд, ки умри одамоне, ки ба варзиш машғуланд, (шиноварон, каиқронҳо, ба масофаи дур медавидагиҳо, лижаронҳо, ба варзиши сабук машғулбудагиҳо, велосипедронҳо) одатан зиёд аст.
Дар вақти омӯхтани мубодилаи энергия гигиенаи хӯрокхӯрӣ аз мавзӯи «Ҳозима» муаллим бояд махсус қайд намояд, ки ҳангоми машқҳои тайёрӣ ва гузаштани монеаҳои варзишӣ эҳтиёҷи организм ба ғизои баландкалория, аз витаминҳои бой ва сафеда зиёд мегардад. Бетартиб истеъмол кардани хӯрок боиси бисёр бемориҳо мегардад. Аксари одамон аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Фарбеҳӣ қобилияти кори одамро кам мекунад.
Барои фарбеҳ нашудан бештар ба корҳои ҷисмонию варзишӣ машғул шудан хеле ҳам фоидаовар аст. Кори ҷисмонӣ натанҳо сарфи неруи организмро зиёд мекунад, балки ба системаи дилу рагҳо, нафаскашӣ, мушакҳо ва асаб таъсири мусбат мерасонад.
Машқҳои давомноки варзишӣ ба анализаторҳо ҳам таъсири калон мерасонад. Чунончи, босираи аксари онҳое, ки бо бозиҳои варзишӣ машғуланд, хуб инкишоф ёфтааст.
Шариф Арабов,
омӯзгори биологияи мактаби
№21, ноҳияи Варзоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр