Нашрияи Омӯзгор

Интихоби дурусти касб – омили комёбӣ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Маъмурияти муассисаи давлатии таълимии коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тайи ду сол аст, ки донишҷӯёнро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Натиҷаи қабул омӯзгоронро водор намуд, ки корҳои ташвиқотию тарғиботиро бо усулҳои нави замонавӣ роҳандозӣ намоянд.

Бо ин мақсад доир ба интихоби касб дастурамале таҳти унвони “Роҳнамои интихоби касб” омода сохта, ба ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дастрас намуд ва дар мувофиқа бо раёсати маорифи шаҳри Конибодом силсилаи дарсҳои касбинтихобкуниро гузаронд.

Аз ноябри соли 2018 то марти соли 2019 омӯзгорон дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Конибодом моҳе як маротиба бо хатмкунандагони синфҳои 11-ум баҳри интихоби касб дарси касбинтихобкуниро бо усулҳои гуногуни интерактивӣ роҳандозӣ намуданд. Дар дарси якум шиносоӣ бо хатмкунандагон буда, дар ин ҷода омӯзгорон бо хатмкунандагон аз наздик шинос шуда, ба саволҳои гуногуни хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар дарси дуюм дар бораи моҳият ва интихоби касб суҳбат карданд. Дарси сеюм оид ба ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо коллеҷ мутахассис тайёр мекунад ва ҳама ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аст, тавассути пурсишнома гузаронида шуд. Инчунин, оид ба интихоби касб, фаъолияти минбаъда аз рӯи касб маълумот ва ба саволҳои хатмкунандагон посух доданд. Натиҷаи дарси касбинтихобкунӣ собит намуд, ки хатмкунандагони мактабҳо ба гузаронидани чунин дарсҳо эҳтиёҷ доранд.

Ба ҳамагон равшан аст, ки таҳсил дар дигар шаҳр новобаста аз намуди он – ройгон (буҷетӣ) ё шартномавӣ (пулакӣ) хароҷоти иловагиро барои ҷои зист, хӯрок, нақлиёти дохилишаҳрӣ, шустушӯи сару либос, ба ҷои доимии зист рафту омад ва ғайраро талаб мекунад. Дар шароити имрӯза ин омил барои буҷети оила аҳамияти калон дорад. Одатан хароҷоти таҳсили донишҷӯён аз ҳисоби даромади пулии падару модарон амалӣ карда мешавад.

Табиист, ки таҳсил дар намуди буҷетӣ нисбат ба пулакӣ (тиҷоратӣ) арзонтар аст. Лекин миқдори ҷойҳои буҷетӣ маҳдуданд ва на ҳама ба ин намуди таҳсил дохил мешаванд. Хусусан, барои намояндагони оилаҳое, ки сарчашмаи даромади онҳо нисбатан камтаранд, ноқулай аст.

 Яке аз роҳҳои бо харҷи камтарин соҳиб шудан ба касби дӯстдоштаи худ, аввал дар коллеҷ таҳсил намуда, баъд давом додани он дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Аз рӯи таҷриба мутахассисоне, ки бо ин роҳ соҳиби таҳсилоти олӣ гардидаанд, бештар муваффақ низ мешаванд.

Онҳое, ки дар ҷои зисти доимиашон коллеҷҳо мавҷуданд ва аз рӯи ихтисосҳои гуногун мутахассис тайёр мекунанд, имконияти хуби дар он ҷо таҳсил кардан ва сарфа кардани маблағи таҳсилро доранд. Хатмкунандагони синфи 11-ум, ки хоҳиши идомаи таҳсилро дар коллеҷҳо доранд, соли сеюм аст, ки тавассути Маркази миллии тестӣ қабул шуда истодаанд.

Довталабоне, ки коллеҷро интихоб мекунанд, баъди супоридани имтиҳон ва тақсимот донишҷӯ гардида, пас аз хатми он ба донишкада ё донишгоҳ мувофиқи сатҳи дониш ба курси дуюм ё сеюм тариқи суҳбат дохил шуда, соҳиби таҳсилоти олӣ мегарданд. Ин аз ҷиҳати ҳам иқтисодӣ, яъне пардохти маблағи хониш (агар таҳсилот ғайриройгон бошад) ва ҳам омодагии касбӣ хеле муфид аст.

Муассисаи таълимии мо дар соли хониши 2019-2020 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули ду ихтисоси нав - “Технологияи истеҳсоли дӯзандагӣ” ва “Технологияи истеҳсоли анвои нонӣ ва қаннодӣ” иҷозат гирифтааст.

Бинобар ин, аз нигоҳи ҳам ихтисосӣ ва ҳам иқтисодӣ интихоб намудани ихтисоси дилхоҳ дар коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом фақат ба манфиати довталабон хоҳад буд.

 Охири моҳи феврал дар муассисаи таълимӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур хатмкунандагонро омӯзгорони ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобасташуда мутобиқи нақшаи тартибдода роҳбаладӣ намуданд. Хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти роҳбарии омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли гурӯҳи “Авангард” аз ҳуҷраҳои таълимию озмоишӣ, ҳуҷраи Маркази компутерӣ, осорхона, шуъбаи ғоибона, устохонаҳои таълимӣ, ҳуҷраи қоидаи ҳаракат дар роҳ, толори варзишӣ, китобхона, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар ҳуҷраи Маркази компутерӣ омӯзгори технологияи информатсионӣ Д. Бобоҷонова бо намояндагони фаъоли мактабҳои шаҳру деҳот озмуни таълимиро бо номи «Дониши худро бисанҷ» тариқи усули интерактивӣ гузаронид, ки ба иштирокдорон таассуроти нек бахшид.

Розия НИЁЗМАТОВА,

муовини директор оид ба

корҳои тарбиявии коллеҷи

технологии ба номи А. Қаҳҳорови

шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш