Нашрияи Омӯзгор

Ихтирооти бонувони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор (аз 20 то 23 июни соли 2019) баргузор гардид, ки дар он 9 ихтирои бонувони тоҷик  бо   3 медали тилло, 4 нуқра ва 4  биринҷӣ сарфароз шуд.

Номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маина Султонмамадова соҳиби  медали тиллои Ассотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» гардид. Ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова бо ҷоизаи олӣ - медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва медали тиллои 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ шуд.

Ассистенти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Робия Раҳимова, аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мадина Кариева, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маина Султонмамадова ва аспиранти шуъбаи ҷарроҳии умумии Муассисаи давлатии  Маркази тиббии шаҳрии №2 Силсила Расулова бо медалҳои нуқраи  12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор сарфароз гардиданд.

Инчунин, докторант-PhD-и факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳринигори Булбулназар, номзади илмҳои фарматсевтӣ, ассистенти кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва токсикологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ганҷина Наврӯзова, сармутахассиси шуъбаи илму инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фарзона Абдуҷалилзода ва номзади илмҳои кимиё, мудири кафедраи химияи факултаи муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Мавзуна Шарифова соҳиби медали биринҷии 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор шуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки аз соли 2012 инҷониб 44 ихтирои бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун соҳиби медал ва Гран-При гардид, ки аз онҳо 15-тояш медали тилло мебошад.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш