Корномаи таърихии устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар замони худ воқеан нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии халқи моро ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси хидматҳои мондагор ва заҳматҳои хастагинопазири устод Садриддин Айнӣ, ки барои бақои миллати тоҷик ва тарбияи ҳисси ватанпарварӣ ва ҳувиятхоҳии он анҷом додааст, ба гунаи ҷудогона, дар маърӯзаю суханрониҳояшон ба тафсил андешаҳои худро баён намудаанд. Аз ҷумла, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки фашизми гитлерӣ ба хоки паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ по ниҳод, дар радифи дигар адибон устод С. Айнӣ аз нахустинҳо шуда, ба мақолаю эссе ва очеркҳои таърихии худ, ки муҳтавояшон инъикоси қаҳрамонӣ ва ҷасорати бемислу монанди фарзандони баруманди миллати тоҷик маҳсуб меёфт, садо баланд кард. Як хусусияти вижаи навиштаҳои пуб-литсистии устод С. Айнӣ, ки он ба тамоми осори ӯ хос мебошад, тасвири рӯҳи барозандаи миллии халқи тоҷик, қаҳрамонӣ ва шуҷоати барҷастаи муборизони ҷодаи озодию истиқлолиятхоҳии ин марзу бум ба шумор меравад. Ин ғоя ва консепсияи олии ватанхоҳӣ, ки марбути тамоми эҷодиёти устод С. Айнӣ мебошад, махсусан, дар давраи ҷанги бедодгаронаи фашистони гитлерӣ бештару равшантар инъикоси бадеии худро ёфтаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин самту ҳадафи таълифоти бадеию публитсистиии Айниро ба таври муассир баҳогузорӣ намуда, мегӯянд: «Адабиёт, каломи бадеӣ эҳсоси ватандӯстӣ, нангу номуси ватандории мардумро ба ҷӯш меоварад, онҳоро ба муборизаи зидди фашизми гитлерӣ, меҳнати фидокорона баҳри ғалаба рӯҳбаланду сафарбар менамуд. Устод Айнӣ бо мақолаҳои тезутунди публитсистии худ моҳиятаи фашизмро ошкор сохта, дар мисоли гузашта қаҳрамонононаи халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард». Беҳуда набуд, ки маҳз дар давраи ҷанги мазкур (соли 1942) устод С. Айнӣ бо ҳадафҳои муайян, ки аз ормонҳои бузурги миллию ватанпарварӣ ва бедорию ангезиши эҳсоси волои ҳимояти ватану ватандорӣ сарчашма мегирад, ду очерки таърихӣ «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик»-ро таълиф намуд. Устод бо иншои очеркҳои номбурда таъкид кард, ки дар ҳама давру замон абармардони фидокори миллати тоҷик баҳри ҳимояти марзу буми аҷдодӣ, монанди Муқаннаъ ва Темурмалик бар зидди душманони аҷнабӣ (арабу муғулони истилогар) ба мубориза бархоста, сина сипар кардаанд. Ба ин қаҳрамонии худ онҳо нагузоштанд, ки Ватан помоли неруҳои аҷнабӣ ва истилогарони беруна гардад. Дар ин хусус Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд:
«Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои «Темурмалик»-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккӯбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ мебошад».
Устод С. Айнӣ фаъолияти эҷодии худро, чунонки маълум аст, аз таълифи мақолаҳо дар хусуси масоили гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёди каналу роҳҳо, мактабҳои замонавӣ ва амсоли ин оғоз намуда, дар тӯли эҷодиёти минбаъдаи хеш аз публитсистика ва умуман рӯзноманигорӣ канор намонда, пайваста дар мавзӯоти рӯзмарраи иҷтимоӣ бо навиштаҳои худ афкор ва нуқтаи назарашро баён менамуд. Осори публитсистии устод дар рушду инкишофи ҷамъият, билхоса, ҳалли масоилу мавҷуда нақши муассир бозидааст. Дар бахши аъзами мақолаҳои публитсистии С. Айнӣ ғояи дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани миллати тоҷик ва соҳиби арзишҳои ғановатманди миллӣ будани он ба таври ҷиддӣ хотирнишон ва таъкид карда мешавад. Ин маънӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле саҳеҳ ва сухансанҷона изҳор гардидааст. Мавсуф аз хидматҳои солҳои аввали инқилобии устод С. Айнӣ ёдовар шуда (сухан нахуст сари шеъри «Марши ҳуррият» ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ меравад-Н.О.), иброз медоранд:
«Мақолаҳои оташбори публитсистии ӯ (С. Айнӣ дар назар аст – Н.О.), ки солҳои 1919-1921 дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» чоп шуда, ҳуқуқи халқи тоҷикро ба забон, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ ҳимоя карда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ташвиқ менамуданд, имрӯз низ аҳамияти бузурги таърихиро моликанд».
Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ густариш ва вусъати тоза пайдо кардааст, тарбияти насли наврас ва ҷавонони соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинию донишҳои пешрафта хеле муҳим мебошад. Маҳз инсони соҳибандеша, интеллект ва донишманд бар умқи рӯйдодҳои сиёсӣ дар ину он мамолики ҷаҳон сарфаҳм рафта, моҳияти амалкарди манфиатҷӯёнаи гурӯҳҳову аҳзоби сиёсии динии тундгароро, ки мунтаҳояш ба даст овардани суккони қудрат ва ҷангу хунрезӣ мебошад, дарку фаҳм карда метавонад. Аз ин лиҳоз, тарбият ҳамчун амали инсонсоз ва рушду пешрафти кишвару ҷомеа асливу муқаддам ба ҳисоб меравад. Нодонӣ, ҷаҳолату гумроҳӣ дар банди афсонаю мафҳумоти хурофоту мазҳаб гирифтор мондан дар ҳама ҳолат ҷомеаро ба вартаи муҳлики бунбаст мувоҷеҳ месозад. Замони С. Айнӣ низ аз ин қабил гирифторию ошуфтагиҳои мазҳабӣ ва адами маърифатӣ озоду вораста набуд. Маҳз ба ҳамин хотир, устод С. Айнӣ мақолаҳои зиёд иншо намуда, саводнок гардидани мардумро дар мубориза алорағми ҷаҳолату таассуби динӣ ва хуротфотзадагӣ муҳиму ҳалкунанда мешуморид. Бо ин мақсад устод Айнӣ ду рисола: «Тартил-ул-қуръон» ва «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф намуда, баҳри таълим ва саводнок гардидани насли ояндасози давр хидмати арзанда анҷом дод. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин паҳлуи эҷодиёти устод Айнӣ огоҳона ишорат карда, аз ҷумла, иброз медоранд:
«… Боз як сабақи таърихиро аз худ кардани зиёиён, ба назарам хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарварӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод С. Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи «Заруриёти динӣ» таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мебориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид».
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори фарҳехта ва фозили пурхонда зимни таҳлилу баррасии мақолаҳои публитсистии устод С. Айнӣ, ки ба масоили худшиносии миллӣ ва бунёду таҳкими давлатдории суннатӣ бахшида шудаанд, ба хулосаи илмӣ, дақиқтараш ба кашфиёти ноби назариявӣ мерасанд, ки иборат аст аз андешаи он ки Айнӣ дар солҳои нахусти инқилобӣ соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии алоҳида таманно карда, дар навиштаҳои худ ин фикрро такрор ба такрор таъкид ва хотиррасон менамояд.
«… Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки ба ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад.
Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садридин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд».
Пешвои миллат бо зикри талошҳои пайгиронаи устод Садриддин Айнӣ таъкид мекунанд, ки рисолати як зиёии даврони муосири кишвар бояд ҳамин гуна бошад. Яке аз хидматҳои таърихии устод С. Айнӣ, ки болотар ишора намудем, ҳамоно маърифтаманду саводнок гардондани мардум ва рушду инкишофи соҳаи маориф ба шумор меравад. Вай анъанаҳои неку омӯзандаи маорифпарварони гузашта, хусусан, Аҳмади Донишро идома дода онҳоро бо фаъолияти ҷонбозонаи хеш амалӣ намуд ва худ дар сафи маорифпарварони даврони нав қарор гирифт. Сарвари давлат ба таври возеҳу равшан хидматҳои устод С. Айниро дар бедории шуури мардум ва ангезиши диду тафаккури пешрафтаи онон ҳалкунанда ва барои минбаъд ҳидоятгарона унвон карда, менигоранд:
«Ҳанӯз устод Садриддин Айнӣ бо дарки амиқи ин масъала мардумро ба савод ва дониш андӯхтан даъват мекард ва худ дар сафи аввалин маорифпарварони замонаш қарор дошт. Устод бо рағбати зиёд китобҳои дарсӣ менавишт ва солҳои 1919 - 1920 дар саҳифаҳои матбуот як силсила мақолаҳо мунташир намуда, таваҷҷуҳи мардумро ҳарчи бештар ба мактабу маориф ҷалб месохт. Ӯ мактаб ва маорифро ҳаёту мамоти халқи тоҷик медонист ва бо далелҳо собит менамуд, ки «қавми беилм имрӯз ё фардо маҳкуми завол» мебошад. Устод С. Айнӣ ҳанӯз соли 1920 ба хотири пешрафти мардум, бедории тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогоҳии наслҳо навишта буд: «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, моро лозим аст, ҳар чи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем».
Ҳамин тариқ, Пешвои миллат аз хусуси фаъолияти рӯзноманигорӣ ва илмию пажӯҳишгарии устод Садридддин Айнӣ андешаю мулоҳизаҳои худро баён карда, дар ин ҷабҳаҳо низ Айниро ҳамчун асосгузори матбуот ва пештози таҳқиқгарони илму адабиёти тоҷик мешуморад:
«…Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама, хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарваронааш ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст».
Мусаллам аст, ки устод Садриддин Айнӣ ҳамчун олими забоншинос низ бо тадқиқоту пажӯҳишҳои илмии худ маъруф гардида, дар тафсиру ташреҳи калимаю вожаҳои забони тоҷикӣ бо сухансанҷию дақиқкории хеш саҳми арзанда гузоштааст. Ин гуфтаи моро силсилаи мақолаҳои пурмуҳтавои устод ва китоби «Луғати нимтафсилӣ» - и ӯ далели барҳақанд. Ин самти фаъолияти пурбори С. Айниро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дуюми китоби пурарзиши худ – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки «саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвонгузорӣ шудааст, ба таври фарогир ҳамчун далелу мадраки қотеъона мавриди истифода қарор додаанд. Зимни овардани андешаю мулоҳизаҳои донишмандони забоншиноси кишварҳои хориҷӣ, Аврупою рус, эронию турк ва пажӯҳишгарони тоҷик перомуни тафсиру маънидоди вожаи «тоҷик» Пешвои миллат аввалтар аз ҳама ба афкори илмии устод С. Айнӣ истинод карда, онро саҳеҳ ва ба ҳақиқат наздик мешуморанд. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи назари Айниро дар хусуси аз се ҷузъи мураккаб шудани вожаи «тоҷик», «тоҷ-ӣ-к» оварда, ба чунин хулоса мерасанд:
«Ин гуфтаҳои устод Айнӣ имрӯз яке аз маъмултарин ваҷҳи тасмияи калимаи «тоҷик» аст. Вале ақидаи аз калимаи «тоҷ» пайдо шудани вожаи «тоҷик», ки аз тарафи аксари донишмандон, махсусан, донишмандони тоҷику рус пешниҳод мешавад, аз тарафи таҳиягарони «Доиратулмаорифи исломӣ» «бидуни қайду шарт» ҳам аз лиҳози забоншиносӣ ва ҳам таърихӣ маҳдуд дониста шудааст».
Пешвои миллат ҷойи дигар воқеият доштани ин ақидаи С.Айниро ба таври зайл таъйид ва собит месозанд:
«Устод С.Айнӣ фармудаанд, ки калимаи «тоҷик» ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал нисбат ба мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ба ҳама форсизабонони рӯйи дунё ба кор бурда шудааст.
Маъмулан, калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои ориёӣ, яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст».
Дар ҳама ҳолат, сухану гуфтор ва афкори устод С. Айнӣ нишонрас, ба маврид ва дурандешона буда, бо гаронмоягию созандагии худ дар ҳеҷ давру замон қиммату арзиши худро гум намекунад. Афкору андешаҳои устод дар замони муосир низ чун дастури маънавӣ, тарбиятгар, ҳидоятгар мавриди истифода қарор мегиранд. Зеро ин абармарди майдони сиёсат, фарҳанг, адабиёт дар рушду такомули давлатдории тоҷикон таҳаввули марҳалаҳои озодманишию ҳувиятхоҳии миллати тоҷик ва пешрафти маорифи кишвар хидматҳои безавол анҷом додааст.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳак таъкид менамоянд:
« ... мехоҳам боз як мақолаи устод Садриддин Айниро ёдовар шавам. Ин мақола чунин ном дорад: «Кори Тоҷикистон гул карданист!». Дар пайравии устод ман гуфтанӣ ҳастам: - Бале кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст! Мо ҳатман ба ҳадафҳои милливу старатегии худ баҳри рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ноил хоҳем шуд».
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр