Яке аз шабакаҳое, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, шабакаи умумиҷаҳонии “Internet” мебошад. Охири соли 2013 миқдори истифодабарандагони он ба 2,7 миллиард нафар расид. Танҳо дар Чин истифодабарандагони веб-аудитория зиёда аз 600 млн. нафарро ташкил медод.
Тибқи маълумотҳои Иттифоқи байналмилалии алоқа (МСЭ) охири соли 2014 истифодабарандагони шабакаи мазкур ба 3 миллиард нафар расида буданд. Ба истилоҳи дигар 42,3% аҳолии кураи Замин интернетро истифода мебурданд. (миқдори аҳолии кураи Замин то 01.01.2014 ба 7,138 миллирад баробар буд).
Аз рӯи маълумотҳои агентии глобалии Are Social, охири январи соли 2018 истифодабарандагони ин шабака ба 4,021 млрд (53% аҳолии сайёра), ки 7% бештар нисбат ба соли 2017 мебошад, ташкил дод.
Аз ҳама машҳуртарин хизматрасони internet ин WWW мебошад. WWW аз забони англисӣ гирифта шудааст: World Wide Web (“всемирная паутина”, “тори анкабутмонанди ҷаҳонӣ”). Дар асоси WWW идеология ва технологияи HTML (Hyper Text Markup Language, забони гиперматнии аломатҳо) сохта шуд. HTML махсус барои сохтани web-саҳифа ихтироъ карда шудааст. WWW бо протоколи HTTP (Hyper Text Transfer Protocol) ё HTTPS (Hyper Text Transfer Protocol Security) кор фармуда мешавад.
Web – дизайн аз калимаи англисӣ “web design” гирифта шудааст. Web - шабака ва дизайн - ороиш мебошад. Якҷоя ороиш додани шабакаҳо, яъне web-саҳифаҳо дар браузер (Mozilla FireFox, Oper, Google Chrome, Internet Explorer, Safari ва ғайраҳо), сохтани сайтҳои омӯзишӣ, ахборотӣ, тиҷоратӣ ва ғайра дар муҳити ягон барнома мебошад. Ин мафҳумро дар саросари ҷаҳон медонанд, мехонанд ва меомӯзонанд. Ҳамаи сайтҳое, ки чӣ дар шабакаи локалӣ ва чӣ дар шабакаи ҷаҳонӣ истифода мешаванд, дизайни ба худ хосро доранд, вагарна истифодабарандае, ки як бор вориди сайт шуда буд, дуюмбора ворид намешавад. Дизайни сомона (сайт) бояд ягон қисми диққатҷалбкунанда дошта бошад.
Ҳар як истифодабарандаи технологияҳои компютерӣ ва интернет орзуи сохтани сомонаи худро дорад. Аввалин қадамҳои сохтани web–саҳифаҳо аз web–дизайн оғоз меёбад, яъне ороиш додани саҳифаҳо. Барои сохтани web-саҳифа аввал аз барномае оғоз кардан лозим, ки меҳнат ва илми зиёдро талаб накунад, дуюм мақсади сохтани web-саҳифаро муайян кардан зарур аст.
Барои сохтани web-саҳифа барномаҳои зиёде мавҷуданд. Яке аз барномаҳое, ки сохтани web-саҳифаҳоро осон мекунад, ин Macromedia Dreamweaver мебошад.
Macromedia Dreamweaver 8 яке аз барномаҳои бузурги ширкати Adobe мебошад, ки ҳамаи стандартҳои замонавии интернетро доро буда, ҳатто масъалаҳои душворро хеле осон мегардонад. Инчунин, барои навомӯзандагон луқмаҳо (подсказка) дорад ва дар базаи худ якчанд қолиб (шаблон) – ҳои тайёр барои осон кардани кор имкон медиҳад.
Хулоса, асри XXI – асри технологияҳои иттилоотӣ ба шумор меравад, ки талабот ба Шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва истифодабарандагони он рӯз ба рӯз меафзояд. Дар рӯзгори имрӯза ҳар яки мо ба шабакаҳои иҷтимоие аъзоем. Яке аз ихтисосҳое, ки дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мо вомехӯрад, ин веб-дизайнер мебошад. Инак, “Веб-дизайнер” – ин мутахассисе мебошад, ки сомонаҳои интернетиро сохта, онҳоро ороиш медиҳад. Бинобар ин, хатмкунандагон бояд дар ин бора маълумоти аввалинро дошта бошанд.
Саидқосим САИДОВ,
омӯзгори мактаби №35,
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр