Нашрияи Омӯзгор

Либоси сиёҳ чӣ лозим

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

ё чаро фарҳаги бегонаро тарғиб мекунем?

Дар даврони соҳибис-тиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва барпо шудани алоқаҳою муносибатҳои озод байни давлатҳо ва фарох шудани  роҳҳо дар рафтуомади шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар, алалхусус, ба давлатҳои шарқи араб, аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона, сатру ҳиҷоби сиёҳ авҷ гирифт. Лекин либоси сиёҳи занону духтарони тоҷик дар ягон давра хоси миллати мо набуд.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Лекин сару либосҳои бегона, ба монанди ҳиҷобу  сатру ниқоб ва дигар либосҳои комилан пӯшидаи сиёҳ дар саросари кишвар ба чашм мерасад, ки аз бегонапарастӣ ва бехабарӣ аз фарҳанги либоспӯшии занон шаҳодат медиҳад. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ ва заноне, ки моили пӯшидани чунин либосҳои бегона ҳастанд, фикр аз он мекунанд, ки ин маҳдудиятҳо  бар хилофи озодии маданиву шаҳрвандии онҳо мебошад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти сару либоспӯшӣ аст, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият меҳисобанду тақлид бар либосҳои фарҳанги дигар миллат мекунанд?

Дар ин хусус фикру андешаҳои хонандагони нашрияи дӯстдоштаам «Омӯзгор»-ро донистан мехоҳам. 

Ш.Зокирова,

номзади илми иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш